12

Мая, 2025
Душанбе

12

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Сайёҳиро ба талаботи замон мувофиқ бояд кард»

 

Bonu 09_2023__0057 1_fmt

 Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва таъриху фарҳанги қадима буда, бо табиати нотакрор ва обҳои зулолу мусаффояш таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷию дохилиро ба худ ҷалб намудааст.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушддиҳандаи иқтисоди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ин самти афзалиятноки сиёсати иқтисодиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати пешрафту оммавӣ гардидани он як қатор барномаҳои давлатиро тарҳрезӣ кардааст.

Амалишавии барномаю стратегияҳои давлатии марбут ба соҳаи сайёҳӣ дар кадом сатҳ аст? Вобаста ба ин мавзуъ, ба суолҳои мо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон посух гуфт.

- Мусаллам аст, ки аксари кишварҳои пешрафтаи дунё тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ иқтисоди худро устувор намудаанд. Бахусус, бо роҳҳои сунъӣ таъсис додани мавзеъҳои сайёҳӣ, ки ҳар сол ҳазорҳо гардишгар аз он ҷойҳо дидан мекунанд. Аз ин ҳисоб буҷети давлат ғанӣ гардида, вазъи молиявии мардум боло меравад. Дар Тоҷикистон ҳама он чизе, ки барои ҷалби сайёҳ зарур аст, табиист ва фақат онро мувофиқ ба замони муосир ва ба талаботи гардишгар ҷавобгӯ бояд кард.

Воқеан, бо таъкидҳои пайдарпай ва дастурҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сайёҳону гардишгарони дохилию хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳии кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 22 декабри соли 2017, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ гардид. Ҳамчунин, эълон гаштани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои боз ҳам беҳтар амалӣ шудани барномаҳою стратегияҳо ва нақшаю чорабиниҳо дар самти сайёҳӣ мусоидат намуд.

Стратегияи мазкур тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4 солро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад. Дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ диққати асосӣ равона шудааст. Аллакай як давраи он сипарӣ гашт ва аз моҳи январи соли 2023 марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2023 – 2026 дар корбарист. Ин давра асосан ба самтҳои индустрикунонии босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими захираҳои кадрии соҳа, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ, дастгирии иттилоотии бахши сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ нигаронда шудааст.

Кумита бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби гардишгарон бо кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри – Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Россия, Шветсария, Франсия ва ғайра, дар маҷмуъ, 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳама кишварҳои дунё барои ҷалби гардишгарон нақши муҳимро мебозанд. Мегуфтед, ки алҳол, чанд ширкати сайёҳӣ мавҷуд аст ва ҳамкории Кумита бо ин муассисаҳо чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

- Ҳамкории Кумита бо созмондиҳандагони ширкатҳои сайёҳӣ аз замони гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ оғоз меёбад. Алҳол, дар кишвар 239 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 69 – тояш фаъолияти назаррас дорад. Ширкатҳо бо ҷалб ва даъвати сайёҳон барои дидан намудан аз мавзеъҳои гардишгарии Тоҷикистон чун ширкатҳои фаъол ном бурда мешаванд. Аксари онҳо дар самтҳои тиҷорат, хизматрасонӣ ва сохтмон шуғл меварзанд.

Тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар тариқи васоити ахбори омма василаи дигари муаррифии мавзеъҳои ҷаҳонгардӣ ва ҷалби дӯстдорони табиату ёдгориҳои қадим ба сарзамини биҳиштиамон аст. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ чандин шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ, бахусус шабакаи «BBC World News» ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз маконҳои сайёҳии диёр наворҳои тарғиботӣ омода ва пахш карданд. Ҳамчунин, дар тарғиби табиати дилфиреб, кӯҳҳои сар ба афлок ва фарҳангу таърихи ниёгони тоҷик ВАО – и ватанӣ низ, саҳми шоён дорад.

Таҷриба андӯхтан аз мутахассисони кишварҳои хориҷ, ки дар ҷодаи сайёҳӣ пешрафтаву рушдкарда бар нафъи кор аст. Дар мавриди ҳамкориҳо бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ чӣ гуфтанӣ доред?

- Агар гӯем, ки соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳуриамон падидаи нав аст, хато намекунем, зеро, агарчи дар замони шуравӣ иттиҳодияҳо ва баъдан ширкатҳои сайёҳӣ рӯи кор омаданд, фаъолияти онҳо назаррас набуд. Яъне, ба ин самт таваҷҷуҳ камтар буд.

Аслан, дар Тоҷикистон баъди соли 1998 давраи рушди сайёҳӣ ба назар расид. Маҳз аз ҳамон сол ҳамкорӣ бо давлатҳое, ки дар ҷодаи сайёҳӣ рушдкардаанд, бештар афзуд. Имкониятҳои ширкатҳои сайёҳӣ барои ҷалби гардишгарон васеъ гардид. Ҳамкориҳои ногусастанӣ имкон фароҳам оварданд, то мубодилаи таҷриба бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои хориҷ дошта бошем.

Соли равон ду бурсия ҷудо шуд ва ду корманди Кумита дар Туркия аз таҷрибаи ҳамкасбони худ баҳравар гардид. Ё ин ки ҳар сол 5 ҳамкорамон барои таҷриба андӯхтан ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон фиристонда мешавад. Кишварҳои Аврупо, Малайзия, Гурҷистон ва Туркия дар омода намудани мутахассисони соҳа моро дастгирӣ менамоянд.

Мутахассисони варзида низ, дастоварди ҳар соҳа мансуб меёбанд, зеро тавассути фаъолият ва хизматрасонии онҳо сайёҳии ин ё он кишвар муаррифӣ мешавад. Дар самти омода намудани мутахассисон чӣ корҳоро анҷом додаед?

- Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор сиёсати давлатро дар самти сайёҳӣ пиёда намуда, омода кардани мутахассисони соҳа, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи соҳаи сайёҳиро дар радабандиҳои ҷаҳонӣ анҷом медиҳад. Воқеан, омода намудани мутахассисони соҳа яке аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Аз он ки соҳаи сайёҳӣ барои кишвар падидаи нав аст, барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони варзида дар мадди аввал мебошад. Аз ин хотир, Кумита бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ҳамкориро роҳандозӣ намудааст. Ҳар ширкати сайёҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ муроҷиат мекунад, мутахассисони ин Донишгоҳро ба кор қабул менамояд.

То имрӯз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади сайру саёҳат ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба чӣ миқдор аст?

- Дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил дод. Аз ин теъдод 487 ҳазору 403 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудааст. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз қабили 191 меҳмонхона, 26 хостелу мотел, 53 осоишгоҳ, 5 пойгоҳи гардишгарӣ ва дигар марказҳои солимгардонию муолиҷавӣ ба сайёҳон хизмат расондаанд.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба гардишгарон ва ҷалби онҳо ба Тоҷикистон ва ҳам, умуман ҷиҳати рушди сайёҳӣ, чӣ нақшаҳо доред? Чӣ мушкилиҳо дар ин самт мавҷуданд?

- Дар дилхоҳ соҳа мушкилӣ ҳаст ва он роҳи ҳалли худро дорад. Тоҷикистон дорои мавзеъҳои сайёҳиест, ки то имрӯз муаррифӣ нашудаанд. Барои пешниҳоди чунин ҷойҳо ба таври замонавӣ ба гардишгарони хориҷию дохилӣ маблағ ва вақтро тақозо мекунад.

Ҳар боре бо гардишгари хориҷие вохӯрам, ҳатман аз камбудиҳои соҳа мепурсам. Аксар аз камбудиҳое ҳарф мезанад, ки имрӯз Ҳукумати кишвар онро эътироф кардааст ва барои ҳалли он чораҳо меандешад.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

:.  Фарҳанг 11.09.2023 04:45 345

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz