09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Силии модар

 

BT 07_2023__2023-07-03_fmt

  Ҳар бори сурудхонии Умар дар телевизион ва ё маъракаороияш пеши назар чеҳраи овозхони зиндаёд Фатҳиддин Тешаев (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, пас аз марг) падидор мегардад. Иддае садои шевои ин дуро фарқ намебаранд, зеро ханҷараашон шабеҳи якдигар аст.

Онҳо – пешаварони мумтоз, зодагони диёри зебоманзари Мунки бостонӣ аз оби зулоли чашмаи ҷонбахшои рустои Доробӣ нӯши ҷон кардаанд. Ҳар ду дар як макони гулафшон ба воя расидаву ҳунар андӯхтаву ҳар ду ба домони санъати овозхонӣ баробар чанг зада. Тамрини якҷоя, сурудхонӣ, маъракаороӣ ва таҳсил беасар намонд, аммо умр ба Фатҳиддин вафо накард. Айни авҷи камоли эҷодӣ 12 октябри соли 1992 бар асари як садамаи нақлиётӣ аз дунё гузашт. Умар ба хотири ҷигарбандаш рӯ овард ба пойтахт, то бо табибони ҳозиқ наздиктар бошад ва ин ниёзмандӣ, ба қавле, ҷои гармашро сард кард. Бехонаву дар, бекорӣ, сарсониву саргардонӣ ёраш шуд. Пас аз чанде ба Ансамбли овозадори «Лола» пайваст ва шуруъ аз моҳи апрели соли 2005 таҳти роҳбарии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Саидбухорӣ Маҷидов (равонашон шод бод) ҳамчун мутриб – сароянда ба фаъолият пардохт.

Сӣ сол боз мешиносамаш. Аз ҳунари овозхонӣ ва мутрибиаш огаҳам. Бемуҳобо метавон гуфт, ки Умар Миргалиев нағмасарои ҳунарвар ва оҳангсози мумтозест. Ҳабдаҳ соли охир маҳораташ сайқал ёфтаву солор гашта. Садои марғуби диловезаш дилхоҳ сомеъро афсун месозад. Чанде қабл бо муғаннӣ суҳбате оростем…

Умарxон, имрӯз пайи кадом нақшаҳо ҷадал дорӣ?

- Ба ҷуз тамрину сарояндагӣ дигар пешае надорам. Бо «Лола» дар часпу талошему равон ба сӯи фардо…

- Давраи пешавариатро ба ду фасл: овони ҳунарӣ дар зодгоҳ (1980 – 2005), баъдӣ аз соли 2005 то кунун, фаъолият дар яке аз дастаҳои бонуфуз дар қалби кишвар қисм намудан хато нахоҳад буд.

- Оре. По ба по ниҳодан аз синфи 6 – умӣ то соли 2005 (ба ҷуз ду соли таҳсил дар Омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ). Ин давра замони ширинтарини ҳаётам буд, ки аз ёдаш дил гум мезанад. Аҳди дувум аз моҳи апрели соли 2005 то ба ин дам (июни 2023) қисми сангинтарин, аз хестану афтоданҳо…

Биё, аз аҳди якум сухане чанд биафзоем.

- Агар воқеаҳои номатлуби солҳои 90 – уми асри ХХ рух намедоданд ва… Фатҳиддин (Тешаев) барвақт намегузашт, кӣ медонист ин аҳд то ба чандин соли дигар идома менамуд. Дар Ховалинг зодаву ба камол расидаам. Дар мактаби миёна ва Омӯзишгоҳ касб андӯхтаам. Бағали модари меҳрубон, сарпарастии қиблагоҳро бедареғ дидаву роҳат бурдаам…

Бо дӯстам Фатҳиддин аз деҳ ба деҳ, аз шаҳр ба шаҳр гашта, садҳо суру маъракаҳоро обод намудаем. Ноаён бузург шудем, агар нохушиҳо рух намедоданд, корамон аз ин ҳам дида, бештар равнақ меёфт. Чунон бомарому осуда, равону хуш ба сар доштем, ки ҳад надошт. Шаттаи сангини рӯзгор моро соли 1992 дарёб кард. Аз он зарбаи ҷонкоҳ осеб хӯрдему то ба чанде пакар мондем. Бармаҳал ва фоҷиавӣ фавтидани дӯсти наздик, сароянда ва оҳангсози мумтоз Фатҳиддин Тешаев бароям талафоти гаронтарин буд. Хушбахтона, дарахти истиқлоли давлатии тоҷикон бомаром ва бо душворӣ бошад ҳам реша давонд ва ҷавонмарди ҷонфидо Эмомалӣ Раҳмон муттакои тоҷикон шуд.

Моҳҳои аввали ба пойтахт омадан, чӣ рӯзгоре ба сар доштӣ?

- Сабаби ба пойтахт омаданам аз дигар музофотиҳо ба куллӣ фарқ дорад. Маро сабаб на ҳавову ҳавас, балки духтари беморам боис шуд. Ҳол он ки солиёни зиёд маро борҳо ба Душанбе хонда буданд, аммо доим посухи рад медод4ам, зеро дар деҳ зиндагии хушу гуворо доштам ва ба чизе ниёзманд набудам. Барои наздик будан бо духтурон ва шифогоҳҳои муосир омадам ба шаҳри калон. Қатъи назар аз бехонагиву шароити вазнини рӯзгор ба сахтӣ сар нафуровардам…

Ба дастаи «Лола» чӣ гуна роҳ ёфтӣ?

- Рӯзе тасодуф бо Саидбухорӣ Маҷидов, роҳбари ансамбли «Лола», вохӯрдам. Пурсид, ки бачаҳои боло дар чӣ ҳоланд? Гуфтам, намедонам, ду - се моҳ аст, ки шаҳрӣ шудаам. Омирона гуфт, пагоҳ ба «Лола» биё…

Инак, баъди интизориву иҷорашиниҳо ба пеш гом ниҳода, соҳиби як чордеворӣ шуда будам, ки фалак каҷ назар афганд. Шаттаи обдори тақдир ба сар хӯрдам. Нахуст, ҳамсари меҳрубонам (27.12. 2008) ва пас аз ӯ духтари ранҷурам дар 18 – солагӣ (17.1. 2011) дунёи фониро падруд гуфтанд. Ин талафот бароям вазнин ғалтид. Ба қавли шоир, ҳар он чи додааст Парвардигорам, боз мегирад…

Чун ин муколамаи нахустин аст, биё онро аз нав, ба овони наврасӣ бибарем. Кист Умари Миргалӣ, дар кадомин барзан ва хонаводае қомат афроштааст?

- 5 декабри соли 1962 дар деҳаи Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг, дар оилаи марди табиатдӯст, муҳофизи ҷангал ба дунё амадаам. То синфи се дар зодгоҳ, дар мактаби ибтидоии ба номи Зебонисо, аз чорумӣ дар мактаби миёнаи ба номи Сафар Амиршоеви рустои Доробӣ таҳсил намуда, соҳиби номаи камол шудам. Ду сол (1978 – 1980) дар Омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи мусиқии ба номи Партоеви ноҳияи Рӯдакӣ) таҳсил намуда, онро бо ихтисоси «Роҳбари оркестри асбобҳои халқӣ» хатм кардам.

Солҳои 1980 – 2005 роҳбари бадеии хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Ховалинг, муаллими мактаби мусиқӣ, роҳбари ансамбли «Чилчанор»- и хонаи фарҳанги ноҳия, директори мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ховалинг будам. Аз моҳи апрели соли 2005 ба ҳайси мутриб – овозхон дар Ансамбли давлатии «Лола» фаъолият дорам…

Аз як падару модар 4 писару 5 духтар ба камол расидем. Ман (баъди ду духтар) фарзанди сеюми хонадонам. Падару модарам ба мусиқӣ рағбати зиёд доштанд…

Аз кай ба дунёи мусиқӣ ворид гаштӣ?

- Аз сездаҳсолагӣ (1972), дар синфи шашум мехондам. Масъалаи таъсиси дастаи ҳаваскорон ба миён омад. Муаллими фанни мусиқӣ, мутриби мумтоз Саидҳайдар Акбаров роҳбар ва сарпарас¬ти даста буд. Дарси якуми мусиқӣ хотирмонтарин лаҳза аз он рӯзҳост. Муаллими ҳамдеҳаамон медонист, ки вақти сурудхонии тағоям Мирзоширин даф менавозам. Ба Фатҳиддин Тешаев амр дод рав, рубобатро биёр. Пас ба ман гуфт, Умар ту дойра навоз. Дар мактаб дойра надоштем, аммо роҳи ҳал пайдо гашт. Фатҳиддини шармгин суруд мехонду ман дар гӯшаи парта нағма мегардондам. Дӯстам нағз ҳофизӣ мекард, рубобнавозиаш ҳам хуб буд…

Чошти ҳамон рӯз Фатҳиддин сумкаамро рабуду сӯи хонаашон гурехт. Дар таҳи долон волидонаш бо се бародари ҳамсинфам чошт мехӯрданд. Падари Фатҳиддин бо меҳрубонӣ маро сари дастархон нишонд. Ин ҳама бас набуд, ки дӯстам «хабар» кашид, Умар дойранавози хуб аст. Пас аз лаҳзае соҳибхона думбра ба даст гирифт, Фатҳиддин рубоб ва ба ман дойра оварданд. Базме шуд хотирмон. Аз ҳамин лаҳза дӯстии мо, сар аз соли 1972 то соли 1992 (то рӯзи охири ҳаёташ) идома ёфт. Он рӯзи ёдмонро нағз дар хотир дорам, зеро барои дер ба хона ҳозир шудан аз модарҷонам гӯшмол хӯрда будам.

Хотирае аз овони хурдсолӣ ба ёд оварда метавонӣ, ки дар лавҳи хотирот нақш баста бошад…

- Бале, чор ё панҷсола будам. Дар хонаи ҳамсоямон раис Иброҳим се мардикор омад. Онҳо барои раис хона месохтанд. Нисфирӯзӣ, баъди чоштхӯрӣ дар боғ, зери дарахтони лаби ҷӯ яке аз онҳо бо асбоби «дукосахонадор» (тор) ҳофизӣ мекард. Ин сурудхониҳоро хуб дар хотир дорам. Мо, мухлисон, бо ҳавас ва як ҷаҳон орзуҳои ширин аз роғи шиғи ҳамсоя ба ҳофизӣ ва навозиши шево назора кард, ҳаловат мебурдем. Аз ҳамон маврид дар дили кӯчаки ман оташаке афрӯхт…

То ҷое огаҳам, дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг, аз дигар рустоҳо дида, дар Хонақоҳ ҳофизону мутрибон зиёдтаранд…

- Хуб гуфтед. Дар деҳаи мо ҳунармандоне чун Раҳмоналӣ Хучаков, бародарон Миралӣ ва Шералӣ Маҳмадалиевҳо, Мирзоширин Шарифов (равоншон шод бод), Неъматулло Абдураҳимов, Саидҳайдар Акбаров ва дигарон бологузар буданд…

Аз кай тӯйравиро оғоз кардӣ?

- Аз синфи ҳафтумӣ бо Фатҳиддин баҳри як ҷомаи сиёҳ ё мушки заъфар гоҳо аз дарс мегурехтем. Накуҳиш мешунидем, аммо пас аз лаҳзае он танбеҳ ба ҳукми фаромӯшӣ мерафт. Шарбати ҳунарро чашида, соҳибэҳтиром гаштем. Сафи мухлисон аз ҳисоби духтаракони хушрӯ кам набуданд…

Дарс ва ё сабақи хотирмоне, ки то ҳол фаромӯш накардаӣ?

- Рӯзе рафти дарси муаллими забони русӣ Саид Саидшариф бачаҳо беадабӣ карданд ва устод бефарқ буни гӯшам торсакие фуровард бас ҷонкоҳ. Аламам омад, муаллимро аз таҳти дил хорӣ дода, бо қаҳр рафтам сӯи хона…

Модарам либос мешуст. Пурсид, чаро барвақт омадӣ. Гумон бурдам, ки дилдиҳӣ мекунад. Гуфтам, муаллим зад. Ҷӯё шуд, дар куҷот? Наздик омада он бари рӯямро нишон додам. Модарам бо дасти собунолуд бари рӯям задане зад, ки шаттаи пешхӯрдаро фаромӯш кардам. Пайи чалаи нуқрагини модарҷонам то ба чанд рӯз дар рӯям нақш баст. Модар хулоса бурданд:

- Ягон муаллим беҳуда талабаро намезанад, хубут кардаст…

Силии модарҷонам сабақи хуби зиндагиам гашт. Аз ҳамон рӯз иборат дигар пеши касе шикоят набурдаам. Тамоми ганҷи дунёро пеши пояшон нисор мекардам. Кош болои сарам мебуду…

Волидон дар чӣ ҳоланд?

- Модарам соли 2008, падарам соли 2014 дар 86 - солагӣ (с.т. 1928) фавтиданд. Онҳо, ҳарчанд дар баркамолиам аз дунё гузашта бошанд ҳам, худамро ятим ҳис мекардам ва абёти шоир Абдураҳмони Мушфиқиро пеши назар дорам:

Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,

Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Суруди аввалинатро ёд дорӣ?

- Дар хурдсолӣ таронае месурудам бо номи «Модар», дар лаҳни мардумӣ. Ҳоло на матнаш ба ёдам ҳасту на оҳангаш. Баъдтар «Тоҷикистон» ном суруде мехондам, ки онро бори нахуст замони донишҷӯӣ, соли 1979 дар телевизиони марказӣ сабт ва нишон дода буданд…

Бобати омӯхтани касби падар аз ҷониби фарзанд чӣ андеша дорӣ?

- Аз омаду шуд дар шохаҳои гуногун, қисмати фарзандон пушти касби падар мераванд. Он гаҳе хуб мебарояду гаҳе нохуб. Мешавад, ки падар ғайри хоҳиш ба гардани фарзанд завлона зада аз пушти худ мебарад. Дар арсаи ҳунар имрӯз дар саҳнаи ҳунари тоҷик сарояндаҳое чун Раҳматулло (фарзанди Одина Ҳошим), Ҷовидон (Зафар Нозим), Исмоил, Давлат (Абдулло Назрӣ), Ҷонибек (Ҷӯрабек Муродов), Шабнам, Фарзона (Сурайё Қосимова), Муҳаммадрафӣ, Нозия (Кароматулло Қурбон), Суруш, Нигора (Исматулло Холов) ва дигарон пушти маслаки падар гом мениҳанд. Хуб аст ва ё бад, ба ҳар навъ онҳо мухлисони худро доранд. Аммо, ба мартабаи падар расидан ва ё нарасиданашонро мардум баҳо медиҳанд. Ҳаққо, ки Сайидо гуфта: «Ҳанзал ба рангу бӯ гули раъно намешавад»…

Дар хонадони мо писаронам Парвиз (с.т. 1989) мутриби (асбоби барқӣ) хубест, суруд мехонад. Фатҳиддин (с.т.1996) мутриби нағз аст. Думбра, асбобҳои барқӣ менавозад, садои гиро дорад…

Шумори оҳангҳоят то ба чанд аст?

- То ин замон аз 60 зиёд оҳанг бастаам: «Сари раҳ омаданот», «Шона ба зулф», «Чӣ мегӯӣ?», «Афсона…» (Ашӯр Сафар), «Тоҷикистон», «Фикри ному нанг», «Чӣ чора рафтӣ?» (Ҳабибулло Файзулло), «Чашмаи илҳом» (Лоиқ), «Маҳтобрухо», «Тоҷик», «Ҳамегирям» (Самариддин Ёқубӣ), «Интизорӣ» (Муҳаммадалии Нуралӣ), «Кошонаи модар», «Душанбе» (Ҷумъахон Сайдалии Қадаҳӣ) ва ғайра…

Дар чанд сози мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда метавонӣ?

- Дутор, думбра, соз, рубоб, тор, дойра, табл, аккордеон, кулли асбобҳои барқӣ…

То рӯзи ба пойтахт омадан, аз муаллимӣ нон хӯрдаӣ ва ҳич як омӯзгор бе шогирди қобил намешавад…

- Онҳо кам нестанд. Иброҳим Ҳалимов ҳунарманди хубест. Дар аккордеон, асбобҳои клавишдори барқӣ моҳир аст. Абдураҳмон Саидов – овозхон, мутриб, дар асбобҳои барқӣ ҳунарманд, Зиёвиддини Нуриддин – овозхон, асбобҳои барқиро балад, Сорбони Саидҷалол – фалаксарои арзандаест, думбраро хуб менавозад. Консерваторияи миллии Тоҷикистонро хатм кард, Шералӣ Каримов (додарам) ҳофизи хуб аст. Муродалӣ ва Пираҳмад (додаронам) навозандаҳои моҳиранд…

Умари ШЕРХОН

:.  Фарҳанг 19.08.2023 13:20 331

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz