02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ошёни адаб

 

Bonu 08_2023__IMG_2676_fmt

Даргаҳе мусаммо бо базму адаб ба унвони қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор, сарзамини адабпарвар воқеъ аст. Ин маконро ошёни аҳли адабу фарҳанг медонанд. Масъулияту роҳбарии он бар дӯши бонуест, ки худ аз табори аҳли зиёст. Роҳбарони ноҳия аз кордонию ташкилотчигии ин бонуи фарҳехта сифат намуданд: «Барои Ҳамида Ғаюрова, директори қасри фарҳанги ноҳия, як ишора басанда аст, ки гӯем: «Имрӯз ё фардо ҷаласа, вохӯрӣ ё базму шабнишинии эҷодист». Лаҳзае пас: «Мо омодаи қабул, толори барҳаво, ҳунармандони хушсалиқа ба хизмат тайёр…», ин аст посухи ҳамешагии роҳбари кордон.

-Ҳамидабонуи ташаббускор бо ҳайати кории тифоқ, ҷавонписарону духтарони соҳибтахассус мудом пайи тараддуд, ташкили нишасту маҳфилҳои адабию фарҳангӣ аст, ба қавле дами қарор надорад…,- тазаккур бидод муовини раиси ноҳияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода.

Зодаи шаҳраки Фархор Ҳамида Ғаюрова пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 дар соли 1992 ба шуъбаи фарҳанги ноҳия ба кор омад. Падараш аз омӯзгорони собиқадори диёр, фарзандонашро таълиму тарбияи дуруст дода буд. Ҳамидаро низ, баробари хонандаҳои фаъол дар мактаб мешинохтанд. Дар маҳфилҳо ҳам бо забони модарӣ ва ҳам русӣ шеър мехонд.

Соли 1998 ғоибона муҳассили факултаи китобшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гашт. Ҳамзамон, дар китобхонаи марказии ноҳия мудири шуъбаи хизматрасонӣ таъин шуд. Баробари хатми Донишкада Ҳамида Ғаюроваро соли 2002 директори китобхонаи марказӣ таъин намуданд. Инак, беш аз 15 сол аст, ки дар ин вазифа фаъолият дошта, соҳаро рӯ ба афзалият ниҳод. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кор, ҳис намудани масъулияти роҳбарӣ ҳамасола теъдоди дӯстдорони китоб ва алоқамандони китобхона то ба 500 нафар афзуд. Мавсими кори хоҷагиҳову таътили шогирдони мактабҳо аз ҳаракати китобхонаҳои сайёр истифода мебурд, то алоқаашон бо хонандагону дӯстдорони китоб гусаста нагардад. Ӯ коре кард, ки китобхонаи марказӣ, воқеан ҳам як махзани дониш, ҷойи дӯстдорони китоб, макони аҳли илму адабу мардумони адабиётдӯст бошад. Муаллимон, аҳли зиё ба замони роҳбарии вай баҳои баландро муносиб дидаанд. Ҳамчунон, имрӯз ҳам аз Ҳамидабону ба некӣ ёд мекунанд.

Инак, соли панҷум аст Ҳамида Ғаюрова вазифаи директории қасри фарҳангро бар дӯш дорад. Мавсуф дар кору вазифа масъулу серталаб аст. Ташаббусу масъулиятшиносии ӯро дида Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор аз буҷети маҳаллӣ бинои қасри фарҳангро тозаву озода аз таъмир баровард. Ҳамида толори калону дигар ҳуҷраҳои кориро бо ашёи наву ҳозиразамон таъмин намуд, ки диданаш касро роҳат мебахшад. Аз даромадгоҳи ошёни адаб то ҳуҷраҳои корӣ лавҳаҳо бо панду андарзҳои ниёгон ва аксу мусаввараҳои ҷолиб ҳар нафари бинандаро мафтун месозанд.

Бонуи хонадору модари фарзанди хеш аст, аммо нашудааст, ки кори ҳамарӯзаи идораро ба фардо гузорад. Аҳли фарҳанги ноҳияи Фархор дар баробари роҳбари кордону дилсӯз буданаш, Ҳамида Ғаюроваро чун зан - модари меҳрубон эҳтиром мегузоранду мавсуф низ, муҳаббати ҳамкоронашро хосси ҳар як зани роҳбар медонад.

Хизматҳои шоёни бонуи чашмикордон бо нишони Аълочии фарҳанг ва ифтихорномаҳо қадр шудаанд. Ӯ аз кору зиндагӣ ва аз қадрдонии Ҳукумати Тоҷикистон меболад…

Рустами НАЗИР

:.  Фарҳанг 19.08.2023 13:10 329

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz