02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дар ҳунар кӯш…

 

zz 7666

Дар Бадахшон чун нишонаи ихлосу эҳтиром мардум ба ҳамдигар ва ба меҳмон ҷуроб туҳфа менамоянду тоқӣ ба сар мегузоранд. Сокини деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа Майно Каримова, яке аз он бонувони ҳунармандест, ки бештар аз шаст сол боз гӯшае аз хонаи урфиашро ба коргоҳи офариниши маҳсулоти зебо ва дилписанд табдил додааст.

Овони хурдсолии Майно ба солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватании 1941 - 1945 рост омад. Аз нақли модараш Ҳалво медонист, ки мардуми кишвар худ қаҳтии сахтро аз сар мегузаронданду ба хотири таъмини Ғалаба бар фашизм ғаллаву картошкаро ба фронт мефиристоданд. Бонувон рӯзона дар саҳро арақи ҷабин мерехтанду шабҳо бофандагӣ мекарданд ва ҷуробу дастпӯшакҳои омоданамудаашонро ба корвони кумак барои диловарони Ватан ҳамроҳ менамуданд. Модари Майно аз зумраи бонувони соҳибсалиқаи ҳунарманд буд, ки бо миқдору сифати маҳсулоти дастиаш барои фронт зарбдори меҳнат эътироф гардиду ҳамдиёрон акнун дар баробари саҳрокори заҳматқарин аз ӯ чун бофандаи моҳир ном мебурданд.

Модар қуроқдӯзи моҳир ҳам буд. Аз куҳнаколаҳо ва риштаҳои рангоранги боқимонда пойандоз ва дигар намуди маҳсулоти зебову дилписанд тайёр мекарду дар пайравиаш ҳунари қуроқдӯзӣ дар деҳа вусъат ёфт. Тӯйдорон ва ҳар касе ба сафар мебаромад, ба вай ҷуробу тоқӣ фармоиш медод.

Майно дар пайравӣ аз модари ҳунарманд сихи бофандагӣ ба даст гирифт. Оҳиста-оҳиста дасташ рост шуду дар чордаҳсолагӣ аллакай мустақилона ҷуроб мебофт.

- Вақте аз хизмати ҳарбӣ баргаштаму масъалаи хонадор шуданам ба миён омад, волидон духтари қобилу боҳунари Карими ҳамдеҳаро тавсиф намуданд. Тавре мегӯянд, «оча чӣ гуна, духтар намуна» ва ҷавонони зиёди деҳа орзуи хонадор шудан ба ин духтари бомалоҳат ва қобилу ҳунармандро доштанду меандешидам, ки агар хостгор фиристонам оё қабул мекарда бошанд? Толеам баландӣ карду духтар ва водидонашон ризоият доданд ва пас аз чанд моҳ тӯйи хонадоршавӣ баргузор кардем. Худро хушбахт мешуморам, ки тақдир маро бо чунин бонуи меҳрубону ҳунарманд рӯ ба рӯ сохту вай ҳамсафари ҳаётам гардид, - изҳор дошт Шамшер Тоибов.

Мегӯянд, ки «ҳунар беҳ аз зар аст». Ҳунар на танҳо ин бонуро соҳибэҳтиром гардонд, балки ба василаи ҳунар даромади буҷети хонавода бештар мегардаду баракати он меафзояд. Майно коркарди дастии мӯинаи бузу гӯсфандро аз модар ёд гирифт. Пас аз чанд бор дар оби гарм шустану тоза кардан бо шонаи махсус мӯинаро бо даст ва тори камонак мулоим мекарданд ва сипас мересиданд. Баъд торҳоро ба дег андохта бо маҳлули аз гулу гиёҳҳои маҳал тайёршуда ранг мезаданд. Бештар аз 80 намуди гулпартоиҳо, ба мисли «пари товус», «аловак», «пайи нахчир», «абри сари кӯҳ», «камони Рустам», «ориёигул» вуҷуд доранду ҳар бофанда вобаста аз завқу салиқа барои ҷуроб нақш интихоб мекунад. Модар мушкилписанд буду дар бофандагӣ одатан намуди гулпартоиҳоеро, ки масрафи диққат ва вақти бештарро тақозо менамуданду иддае аз бофандагон барои осонӣ онҳоро кам истифода мебурданд, интихоб мекард. Майно аз модар намудҳои зиёди гулпартоиро ёд гирифт ва метавонист вобаста ба завқ ва талаби фармоишгар барояш маҳсулот тайёр намояд.

Ба гуфтаи Майно, зеботарину босифаттарин ҷуроб бо як сих бофта мешаваду мутаассифона, бофтани чунин намуди ҷуробҳо айни ҳол торафт бештар ба фаъолияти ҳунармандон дар маҳалҳои дурдаст маҳдуд мегардад.

- Падару модарони мо хеле эҷодкор буданд. Кам касон медонанд, ки дар аввали асри ХХ тоҷирон аз Ҳинд дар куттиҳои тунукагӣ чой ворид мекарданд. Ҳунармандони маҳаллӣ аз ин қуттиҳо ғижак тайёр мекарданд, ки солҳои зиёд байни мардум маъмул буданд. Сих барои бофтани ҷуробро низ аз қошуқ ва ё дигар абзори мисин месохтанду он хеле босифат буда, аз наму гармӣ ва тобиши офтоб рангашро дигар намекард, - баён дошт ҳамсуҳбатам ва сихи мисини бофандагиро, ки аз модарбузургаш мерос монда буд нишон дод.

Бонуи рӯзгордида Майно бо шавҳари меҳрубонаш дар ҳалқаи фарзандону набераҳо давлати пирӣ меронад. Шаст сол боз ӯ ба бофандагиву дӯзандагӣ машғул буда, хонаи урфии бадахшонӣ коргоҳи ин ҳунарманди асил аст. Ҳамасола ҷуроб ва тоқиҳои зебо ва дилписанд ба муштариён пешкаш менамояд.

Ин бонуи ҳамеша дастбакору дилаш побанди хонаву рӯзгор роҳати зиндагиро дар меҳнати ҳалол дарёфтаасту аз самараи ҳунари волидону фарзандон рӯзгори хонаводаашон дар чархиш асту ризқу рӯзӣ фаровон. Писарони ин хонавода дар ноҳияе, ки мизони муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳама бештар дар вилоят аст, дар пайравӣ аз волидон ҳаваси ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан накардаанду бо фаъолиятҳои ҳунармандиашон дар зодгоҳашон кор карда, рӯзгорашонро сомон мебахшанд.

Агарчи дар ҳудуди ноҳия ҳунармандони бофанда ва дӯзанда зиёданд, бештари сокинони Хидорҷев ва деҳоти гирду атроф барои ҷуробу тоқӣ, рӯймол ва дӯхтани куртаву шимҳои занонаву мардона ва кӯдакона ба апаи Майно муроҷиат мекунанд, зеро бовар доранд, ки маҳсули дастони зебоофараш ҳамеша сифати баланд доранд. Ин бонуи ҳунарманд, ҳамчунин, ҳимматбаланд ҳасту саховатманд ва дар бисёр маврид хоҳиши мизоҷонро бидуни музд низ иҷро менамояд. Молҳои офаридаашро туҳфа намудан ба ҳамдеҳагон ва меҳмонон барояш ифтихор аст. Меҳнатқарину мушкилписанд, нармгуфтору меҳрубон, оқилаву хоксор ва саховатманд будан ҳунармандро барои мардум қарин гардондааст. «Ҷуроб аз апаи Майно» ва ё «тоқӣ аз апаи Майно» маънои нодир будани молро дораду дар ин суханони сокинони деҳот эҳтироми махсус ба офарандаи он таҷассум ёфтаст.

Ба гуфтаи ҳунарманд, ба шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шароити мусоид фароҳам шудаст. Дар ноҳия сехи коркарди мӯинаи бузҳои ангорӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Маҳсулоти аз мӯина тайёршуда гарму мулоим ва хеле нафис буда, рӯймол ва ё ҷуроби аз он тайёршударо аз ҳалқаи ангуштарӣ гузарондан мумкин аст, ки он баёнгари сифати баланди маҳсулот асту ҳунарманд бояд ҳамчун муаррифгар ва тарғибгари фарҳанг талош варзад, то офаридаҳояш ҳамеша зебо, дилписанд ва сифати воло дошта бошанд.

Ш.МИРЗОҶАЛОЛ,

ноҳияи Роштқалъа

:.  Фарҳанг 11.02.2023 12:58 509

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz