02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Фурӯғи розҳои ҷавонӣ

 

Bonu 10_2022___fmt

 Насли калону миёнсол дар баробари даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои замони шуравӣ аз хушрангиву хушоҳангии маҷаллаи «Машъал» хуб воқиф аст. Ин маҷаллае аст, ки дар он устодони чирадасте чун Пӯлод Толис, Мурод Боғиров, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Абдусалом Атобоев, Акбар Қодирӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Бобо Ҳоҷӣ, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Ҳадиса, Камол Насрулло ва даҳҳо дигарон фаъолият доштанд ва роҳбарӣ кардаанд. «Машъал», воқеан, аз маҷаллаҳои хондании хонандагони мактабҳои миёна буд. Мактаббачаҳо ба воситаи он аз ҳаёти пуробуранги ҳамсолони хеш огаҳӣ ёфта, ҳамчунин, тавассути саҳифаҳои пурнақшу нигораш машқи қалам менамуданд. Хабару мақола, қиссаву афсона, аксу кашидаҳои худро ба нишонии «Машъал» фиристода, ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешуданд. Натиҷаи ҳамин мукотибаву ҳамкории зич бо хонанда буд, ки бино ба хотираҳои яке аз муаллифони доимӣ ва баъдтар сардабири он Латофат Кенҷаева теъдоди чопи маҷалла аз 80 то ба 300 ҳазор нусха расида буд. «Машъал» аз даст ба даст чун гулбазм мерафту маъруфияташ баланд мешуд. Аммо дар натиҷаи канда шудани риштаи равобити иқтисодӣ бо кишварҳои пасошуравӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта «Машъал» дучори буҳрони молиявӣ гардид ва нашраш коҳиш ёфт. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо мазмуну муҳтавои ҷадид бо номи «Истиқбол» барои доираи нави хонандагон арзи ҳастӣ кард.

«Истиқбол»-маҷаллаи адабӣ, фар¬ҳангӣ, на танҳо барои хонандаҳои мактаб, балки барои доираи васеи муштариён, бахусус ҷавонони эҷодкору аҳли зиё. Бо сабаби муш¬килоти молиявӣ ва коҳиш ёфтани сафи обуначиён маҷалла дар ду моҳ як маротиба ва баъдан соле чор маротиба нашр мегашт. Саҳифаҳои маҷалла повесту ҳикоя ва ашъори тозаэҷоди аҳли адабу маърифат ва муҳассилини макотиби миёнаву олӣ ва ҳунаристонҳоро дар бар мегирифт, ба амсоли имрӯзи он. Адиби дӯстдори бачаҳо Латофат Кенҷаева аввалин сардабири «Истиқбол» аст, ки саҳифаҳои онро то ба 200 адад расонда, теъдоди обуначиёнро ба қадре афзун намуд.

Баъдтар роҳбарии идора ба дӯши адибҳое чун Барнои Қодирдухт ва Робияи Холмирзо афтод, ки ҳам дар намову ҳам дар саҳафоти маҷалла тағйироти шакливу эҷодӣ ворид сохтанд.

Имрӯз фаъолияти маҷаллаи «Истиқбол»-ро бо он рисолати доимие, ки дошт, бонуи қаламкаш Саодати Ҳайдар бо гурӯҳи тозаинтихоби эҷодӣ бо майли том пеш мебарад. Ҳар шуморае, ки аз нашр мебарояд, аз пешин бо мазмуну муҳтаво ва ороиши баланд фарқияте дорад, ки ин маҳсули азму талошҳои сардабир аст. Ҳайати эҷодӣ дар кӯшиши онанд, ки маҷалларо ба минбари ҳамешагии ҷавонони эҷодкор табдил дода, аз азму талошҳои хастанопазиру созандаашон дар ҳар шумора маводи ҷолиб гирд оранд. Сардабир дар фикри роҳу усулҳои нави эҷодӣ азму талош дорад ва бо ҳамаи факултаҳои рӯзноманигории макотиби олӣ ҳамкориро вусъат мебахшад. Дар баробари чопи шеъру асарҳои адибони шинохта, маҷаллаи «Истикбол» минбари розу ниёзи ҷавонон ва маҳсули кори навқаламони ҷумҳуриро мемонад, ки саҳифаҳои онро рангину ҷаззоб гардондаанд.

Мақсади ниҳоии ин кӯшишҳо, тавре Саодатбону мегӯяд, танҳо ба як мақсад, пурмазмуну пурмуҳтаво ва ҷолибу хонданӣ гардондани «Истиқбол» аст, то мақоми пешини он зиндаву пойдор гардад.

Ба маврид аст, аз ситоиши устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдуллоҳи Ҳайдарӣ дар васфи маҷаллаи «Истиқбол», ки худро аз аввалин шогирдони наш¬рия мехонад, ёд кунем:

Як дастаи гул маҷаллаи «Истиқбол»,

Як бастаи гул маҷаллаи «Истиқбол».

Хушрӯй ба дасти мардум ин дастаи гул,

Хушбӯй ба дасти мардум ин бастаи гул.

                                                                       Рустами НАЗРИ

:.  Фарҳанг 28.10.2022 12:16 646

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz