04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Фурӯғе аз "Фурӯғи субҳи доноӣ.."

Bonu 07_2022___MG_2430_fmt Бо ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли чорум аст, ки дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» байни дӯстдорони китоб баргузор мегардад. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аст.

Қурбоналӣ Сафолов, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №28-и шаҳри Душанбе, соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур ширкат меварзад. Соли гузашта дар номинатсияи адабиёти бачагона иштирок дошт, вале бо иллати пурра бо забони русӣ баромад намуданаш, аз даври сеюм канор рафт. Имсол худро мувофиқи низомномаи озмун омода намуд. Қурбоналӣ, ки дар мактаби русӣ таҳсил мекунад, дар талаффузи баъзе ҳарфҳо душворӣ мекашид. Модараш Парвина Умарова дар ин кор роҳнамояш шуд. Модар, ки худ омӯзгор аст, мекӯшад, то ҷигарбандаш дар роҳи интихобнамудааш муваффақ гардад.

- Имсол писарам зиёдтар шеъру афсонаҳо ҳам аз адабиёти тоҷик ва ҳам аз адабиёти хориҷиро азбар намудааст. Ростӣ, ман ӯро барои ин кор маҷбур намекунам. Худаш шавқу ҳаваси китобхонӣ дорад. Ману падараш танҳо роҳнамояш ҳастем. Барояш китобҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро дастрас менамоем. Хотираи хуб дорад, зуд шеър аз ёд мекунад. Зиёда аз 3 ҳазор мисраи шеърӣ аз ёд медонад. Ҳатто шеърҳое ҳаст, ки барои синфҳои 9–10 пешбинӣ шудаанд, - мегӯяд модари довталаб.

Имсол Қурбоналӣ дар номинатсияи адабиёти бачагона иштирок намуда, аз даври ноҳиявӣ ҷойи сеюмро гирифта, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфт.

- Соли гузашта писарам адабиётҳои бачагонаро бо забони русӣ аз худ карда буд. Муваффақ нашуданаш сабаб шуд, ки писарам боз бо забони тоҷикӣ шеъру ҳикояҳоро аз худ намуд. Ва доираи адабиётҳои хондаашро васеъ кард, ки ин ба нафъи худи ӯ гардид, - иброз медорад модари иштирокчӣ.

Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти чеҳраҳои воқеан арзанда ин тадбирҳоро андешидаанд. Воқеъбинона баҳогузорӣ намудани иштирокчиён вазифаи асосии ҳакамон аст. Як иштибоҳ ё як хотирбинӣ метавонад кӯдакро руҳафтода ва ҳавсалаи ӯро ҷиҳати иштирокаш дар дигар озмунҳо аз байн барад.

Ҳангоми суҳбат маълум гардид, ки Қурбоналӣ воқеан тайёрии хуб дидаву китобҳои зиёдеро аз адибони тоҷику рус мутолиа намудааст. Ва заҳмати модар низ дар ин кори фарзанд баръало эҳсос мешавад.

ФАРЗОНА

:.  Фарҳанг 26.07.2022 17:55 568

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz