04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Журналист, коргардон ва ҳамнафаси азизон

 

Bonu 07_2022__IMG_202_fmt3

Хурдсол буд, аммо аз ҳамсолонаш фарқ мекард. Чолок буду зираку ҳамадон. Бо як суол метавонист ҳамаро ба ҳайрат орад. Дар омӯхтани забонҳои хориҷӣ маҳорати фавқулода дошт. Бовари кас намеомад, ки ин духтараки зодаи кӯҳҳои баланди Бадахшон бо лисони англисӣ озод ҳарф мезанад.

  • „ Сафар ба Олмон

Ҳанӯз хонандаи мактаб буду соли охири таҳсил. Он овон миёни кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ барномае амал менамуд, ки ба воситаи он хонандагони болаёқат барои мубодилаи фарҳангу расму оин ба мамлакатҳои якдигар сафар мекарданд. Миёни хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ӯ яке аз он нафароне маҳсуб меёфт, ки бо забондониаш ғолиби озмун гардида, озими кишвари Олмон шуд. Ду моҳро дар оилаи олмоние пушти сар намуд.

- Дар оилае, ки мезистам, фарзандонашон дур аз волидон буданд. Аз ин рӯ, пиру кампир маро чун фарзанди ноздонаи худ парасторӣ менамуданду якамро ду намекарданд. Маҳз аз он оила мустақилона зиндагӣ намудану дарёфти роҳу равиши худро дар ҳаёт омӯхтам. Такмил ёфтаму ба камол расидам. Дар айёми наврасӣ аллакай таҷрибаи бою ғании калонсолонро дар худ озмуда будам, - мегӯяд қаҳрамонам.

Бо гузашти ду моҳ, ӯ тамоми нозукиҳои оиладорӣ ва фарҳангу оини олмониҳоро аз худ намуд. Бо таҷрибаи андӯхтаву омӯзиши забони олмонӣ ба кишвар баргашт. Баробари омаданаш кишварро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Новобаста аз ин, тасмим гирифт, то ҳуҷҷатҳояшро ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт супурда, донишҷӯ гардад. Зиёд мехост таҳсилашро дар риштаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон идома бахшад. Аммо бо сабаби гузаштани муҳлати ҳуҷҷатсупорӣ натавонист орзуяшро амалӣ созад. Ба факултаи адабиёт ва забони русии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд ва муваффақ гардид.

Ҳанӯз ду моҳи таҳсил пушти сар нашуда, ҷангу хунрезиҳо дар пойтахт авҷ гирифтанд ва ӯ ноилоҷ ба зодгоҳ баргашт. Баъдан Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъсис ёфт. Рухшона бо нияти журналист шудан ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи мазкур супурд ва онро бомуваффақият хатм намуд.

  • „ Аз хабарнигорӣ то менеҷерӣ

Бо таъсис ёфтани ҳафтаномаи «Қалам», ӯ фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор оғоз бахшид. Хабару гузоришҳо омода менамуду мавзуъҳои гуногунро пайгирӣ мекард. Азбаски волидон дар шаҳри Душанбе фаъолият доштанд, ӯ низ ба пойтахт кӯч баст. Як муддат дар Хадамоти алоқа ба ҳайси оператори интиқоли пул фаъолияташро идома бахшид. Аммо кор дар ин самт ӯро қонеъ накард.

Ба хотири такмил ёфтанаш, худро ҳамчун корманди ҳафтаномаи «Азия плюс» озмуд. Маводи омоданамудааш хонандаи худро дош­танду баъзан дар саҳифаи аввал низ рӯйи чоп меомаданд. Баробари рӯйи кор омадани радиои «Ориёно», ӯ ҳамчун хабарнигори бахши русии барномаи иттилоотӣ ба кор пардохт. Пас аз чанде роҳбарияти вақти радио дар ӯ маҳорати хуби менеҷериро диданду ба шуъбаи реклама гузаронданд.

- Ин ҳам таърихи худро дорад. Барномаи фарҳангиву фароғатие мебоист дар Кохи Борбад баргузор гардад, ки мутасаддии он радиои «Ориёно» буд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он, мо – кормандони радиоро зарур буд, ки сарпараст пайдо созем. Дар ин ҷода ман пешдастӣ намудаву дар муддати кӯтоҳе сарпарастро пайдо кардам. Ҳамин амалам боис шуду ба шуъбаи реклама гузаштам, - ёд меорад он овонро Рухшонабону.

Дар ин миён барои такмил додани таҷрибаву забондониаш ба Ҳиндустон сафар кард. Баъди бозгашт ба ҳайси коргардони филм худро санҷид.

  • „ Коргардони кино

Рухшона дар оилае ба воя расида буд, ки филмофарӣ барояшон бегона набуд. Бародараш, коргардони кино, пайваста ӯро барои ёрӣ даъват менамуд.

Вақте аз Ҳиндустон бармегардад, бо ҳайати мутахассисон аз Фаронса вомехӯрад, ки барои филмбардорӣ ба кишварамон ташриф оварда буданд. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки коргардонии қисми филмеро, ки дар Тоҷикистон ба навор гирифта мешуд, ба зимма гирад.

- Филми мазкур «Доми афғон» ном дошт, ки давоми се моҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамон наворбардорӣ гардид. Ман, ки забони англисиро ба хубӣ балад будам, аз кас­тинг гузаштам. Барояшон дар пайдо намудани ҳунармандон ва дигар паҳлуҳои филм ёрӣ мерасондам. Ин филм имкон фароҳам овард, то дар ин самт таҷрибаи кофӣ бигирам, - бо хушнудӣ иброз медорад, Рухшона

Пас аз ба итмом расидани филм, Рухшона як муддат дар ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» ба ҳайси менеҷер оид ба таблиғот ва ВАО фаъолият бурд. Муддати панҷ сол нозукиҳои соҳаи менеҷериро аз худ кард. Ба қавли ӯ, ин ширкат барояш мактаби бузурге дар соҳаи маркетинг гардид.

  • „ «Rukh agency»

Пас аз омӯзиши тамоми соҳаҳо, тасмим гирифт, то ширкати хусусии худро таъсис бидиҳад. Соли 2019 ширкати «Rukh agency» - ро рӯйи кор овард, ки ду самти тиҷоратро дар бар мегирад: тарғибот ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ.

То ин муддат барномаҳои зиёди хайриявиро баргузор намудааст. Яке аз калонтарин чорабиние, ки дар арафаи иди Рӯзи Модар доир намуд, ҷамъ овардани бонувони хонаи пиронсолон бо бонувони фаъоли ҷомеа ва хизматчиёни давлатии рӯзгордида буд. 150 нафар бонуи фаъол ба чорабинӣ даъват шуд.

- Мақсад аз баргузории чорабинӣ, худро аз қишри муҳими ҷомеа дур эҳсос накардани истиқоматкунандагони Хонаи пиронсолон буд. Сари як миз онҳоро бо бонувони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ ҷамъ овардем, то ин ки якҷо суҳбат намоянду худро андаке ҳам бошад, танҳо эҳсос накунанд, - меафзояд Рухшона.

Ба ин монанд барномаҳо дар арафаи иду ҷашнҳо барои ятимону барҷомондагон ва маъюбон низ баргузор мегарданд. Ҳамасола дар арафаи таҷлил аз Соли нави мелодӣ баҳри болидаруҳии ятимону маъюбон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии ройгон баргузор карда мешаванд. Аз чорабиниҳое, ки доир мегарданд, ҳатман яке аз онҳо хайриявӣ аст.

- Тасмим дорам, боз як чорабинии дигареро доир намоем, ки дар он ҳунармандон аз хонаи пиронсолону кӯдакон якҷо бо ҳунармандони машҳури кишвар ҷамъ оварда шаванд. Пиронсолону маъюбон на ин ки ҳамчун тамошобин, балки ҳамчун ҳунарманд бо сарояндаҳои машҳур сурудхонӣ намоянд. Чун дар бисёре аз онҳо маҳорати сурудхониву шеърхониро эҳсос мекунаму мебинам, - бо хушнудӣ мегӯяд Рухшона Мирзоширинова.

Бунавша Абдураҳим

:.  Фарҳанг 26.07.2022 17:33 519

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz