06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«40 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ЭҶОДИИ МОҲРУХСОР САФИЕВА». БА ИН МУНОСИБАТ МАҲФИЛИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ ДОИР ШУД

 

         Mohruhsor1Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 40-солагии фаъолияти илмӣ ва эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагии халқӣ Моҳрухсор Сафиева санаи 31 март маҳфили илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

         Дар чорабинӣ аз фаъолияти ҳунарӣ ва эҷодии ҳунарманд шурӯъ аз давраҳои шуравӣ ва то имрӯз маълумоти зиёде пешкаш гардида, устодони шогирдони ин бонуи ҳунарманд бо самимияти хосса аз роҳи паймудаи ӯ дар ҷодаи санъат, саъю талошу эҷоду эъҷозаш сухан гуфтанд. Таъкид намуданд, ки муаллима тӯли ин солҳо ба жанри сарояндагии халқӣ содиқ монда, барои аз байн нарафтани ин санъати анъанавӣ саҳми беандоза гузоштааст. М. Сафиева дар маърӯзаи хеш дар мавриди санъати сарояндагии ҳунармандони минтақаи Рашт сухан намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ду бонуи ҳунарманди ин минтақа Гулрафтор Шаҳобова ва Қумрӣ Қодирова бо санъати баланди навозандагӣ ва сурудхонӣ солҳои зиёд ба дили мардум маъво ёфта, маҳбуб гашта буданд, ки ҳоло аз санъати волои онҳо дар бойгонии телевизион ва радиоҳои ҷумҳурӣ кам мавод боқӣ мондааст ва месазад, ки дар ин самт таҳқиқу пажӯҳиш идома ёбанд.     

         Шоири халқии халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева чун хоҳари бузурги ӯ аз кӯдакиҳои ҳунарманд ёдовар шуда, барои ӯ сатрҳои тозаэҷод қироат намуд.

         Донишҷӯёни донишкадаи мазкур, шогирдони муаллима Моҳрухсор Сафиева бо саҳнаҳои хубу хотирмон, қироату шеъру сурудхонӣ маҳфилро гарму тамошобоб намуданд.

         Дар идомаи маҳфил ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, Дони Баҳром, Давлатманд Холов, Ҳаётой Муъминова, Лола Азизова, Давлат Назрӣ ва дигарон таронаҳои марғубу дилнишин сароида, хотири ҳамагонро болида гардонанд.

Mohruhsor2Mohruhsor3Mohruhsor4Mohruhsor5Mohruhsor6Mohruhsor7Mohruhsor8

             С. Ашўрова

:.  Фарҳанг 01.04.2022 07:03 636

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz