Шуҳрат САЙНАКОВ:
Модари ҳунарманди хушсадои ансамбли давлатии «Фалак» Шуҳрат Сайнаков имсол ба гузораи 74-умин баҳори ҳаёт қадам мениҳад. Сайлон Амзалиева, хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои зиёд дар мактаби миёнаи № 8-и деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон аз фанни забон ва адабиёти рус ба мактабиён сабақ додааст. Дар баҳори атрогин, ки накҳати домони модарро дорад, Шуҳрат аз фариштахисолиҳои модар ёд овард.
Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча
- Хурд будам, ки субҳи солеҳон модар шири гов медӯшид, то ширчой пазад. Ба гӯсфанду мурғон обу коҳу дон медод. Бо тараддуди зиёд моро ҳамроҳ ба мактаб меовард. Ҳар дақиқа, ҳар сония барояш қимат буд. Нисфирӯзӣ кулчақанду чалпакҳои картошкагӣ мехӯрдему сӯи кӯча медавидем. Саргарми корҳои рӯзгор модарам зиёд ҷунбуҷӯл мекард. Кӯдакӣ айёми беғамӣ, гуфтаанд, кай медонистем, ки модар хаста асту чӣ дард дорад. Ӯ чевари номии деҳа ҳам буду пироҳанҳои хурду бузургро медӯхт. Гоҳо зане тифле ба даст дари манзили мо мекӯбид, то модарам ба кӯдак доғ гузорад. Аз бибиам, ки табиби халқӣ буд, доғмониро омӯхта буд. Пушти кӯдакони гирёнчакро бо чӯби махсус, ки аз дарахти кӯҳие оварда мешуд, андаке месӯзонду бо ҳамин кӯдак аз гиря мемонд. Кадбонуи хубе буд, аммо мо, ки ширинидӯстдор будем, аз ғизо рӯ метофтем. Модар нороҳат мешуду мегуфт: «Шаҳр хонданӣ ки рафтӣ, баъд мефаҳмӣ мазаи ғизоҳои маро». Он айём мардум қанду қурсро «барои меҳмонон» гӯён, дар сандуқчае нигоҳ медоштанд. Модар калиди онро ҳар куҷое пинҳон мекард, ба зудӣ меёфтам. Ҳар рӯз қанд медуздидаму ҳаловат мебурдам. Рӯзе, ки меҳмон меомад, модар сандуқчаро мекушоду медид, ки чизе нест. Дармеёфт, ки кори ман аст. Бо таассуф накуҳиш медод, ки ҳоло дастонатро таги санг хоҳам монд.
Аз аввал оромтабиату ботамкин ва босабр аст, модари ман, ки ниҳоят дили бузург дорад. Суханчинӣ, ғайбат, бадгӯӣ ва бухлу кина барои мо бегона буд. Чун модар орӣ аз ин хислатҳо буду мо низ ба маҷрои хислатҳои неки модар ҳамҷӯр ба воя расидем.
Модар - муаллим
- Шомгоҳон модар водор месохт, ки дарс тайёр кунем ва худ паси миз менишасту барои рӯзи фардо конспект (мухтасари мазмуни дарсҳо) менавишт. Аз ҳафт фарзанди хонавода камхобтарин будам. Дили шаб аз болин сар мебардоштам, ки модарам ҳанӯз ҳам менависад. Ҳусни хатти зебояш буд, ки айёми таътил ҳама омӯзгорон рухсатӣ мерафтанду модарам дар мактаб мемонд ва рӯи номаи камоли хатмкардагон қалам медавонд.
Дар хурдсолӣ модар ба ман низ дарс дода буд. Худро масъул медонистам, ки чун фарзанди омӯзгор босавод бошам, аммо ниҳоят шармгин будам. Ҳине, ки ҳамсинфонро сахт мегирифт, дар хона аз ӯ илтиҷо мекардам, ки ба онҳо сахт нагӯяд. Ҳамсинфонам фориғ аз дарс гирдаш ҷамъ меомаданду дарди дил мекарданд. Ҳар бор мегуфтанд, хушбахтӣ, ки чунин модари орому ҳалим дорӣ. Шогирдони модарам ҳоло бузурганду аксарият наберадор. Ҳар куҷо маро бинанд, аввал аз аҳволи модар мепурсанд.
Қиблагоҳам низ дар мактаб аз химия ва биология дарс мегуфтанд. Бо модарам меҳрубон буданду гоҳо барои дастгирии ӯ ширчой мепухтанд. Ҳар ду дар хона ахбори русиро бодиққат гӯш мекарданд ва аз таассуроти худ мегуфтанд. Мо, ки русиро балад набудем, бо ҳавас ба онҳо менигаристем. Соли 2018 падар реҳлат карданду доғе дар қалби модар ниҳоданд. Фавти хоҳари бузургу ду бародар, ношунавоии нахустписар барои модарҷонам басо гарон омаду бо ин ҳама ғами зиёдро тавонист таҳаммул кунад.
Наврӯзи Баҳрӯшон
- Ба истиқболи Ҷашни Наврӯз қариб як моҳ тайёрӣ медидем. Модарам шираи сахти дарахти тутро меҷӯшонду тухмҳоро ранг мезад. Наврӯзӣ ҳар сол дар зодгоҳи модарам, деҳаи Баҳрӯшон, ки дар ҳамсоягӣ воқеъ буд, доир мешуд. Модар ҳамаи мо, фарзандонро либосҳои наву ороста мепӯшонд ва ба идгоҳ мегуселонд, аммо худ намерафту думболи кори рӯзгор мешуд.
Бозиҳои тухмҷанг, бандкашӣ, пойга, гӯштигирӣ ва ғайра доир мешуданду барои ғолибон рӯймолҳои шолу ҷуробҳои гарм туҳфа мекарданд. Дар базми сурудхонӣ ҳамин ки навбат ба деҳи Дерзуд мерасид, мо, панҷ нафар ҳамсинф, ки маҳфилорои деҳа будем, бо шавқу шӯр тарона хонда, базмро метасфондем. Аз синфи ҳаштум бо аккордеон суруд мехондам ва Наврӯз бароям саҳнаи бузург буд, то доди ҳунар диҳам. Барои тановул ба манзили бобою бибӣ мерафтем ва ҳамин ки торик мешуд, ончунон ғамгин мегаштем, ки чаро Наврӯз поён ёфт.
Дилсӯзии фарзанд
- Соли 1991 мактабро хатм кардаму озими таҳсил ба пойтахт шудам. Модар бароям чиптаи ҳавопаймо хариду қадре маблағ ба ҷайбам гузошт. Интизории мо тул кашид, ки чанде пас модар ду маротибаи дигар боз ба ҷайбам маблағ зам кард. Хеле мутаассир гаштам, ки модар шояд охирин захираи худро барои фарзанди озими роҳи дураш бахшид, ҳоло ки шаш фарзанди дигарро дар хона парасторӣ мебоист.
Дар фурудгоҳи шаҳри дилорои Душанбе поин шудаму ба худ қавл додам, ки ба аҳли хонавода сарбор нахоҳам гашт. Соли 1991 донишҷӯ шудаму дар хобгоҳ ҷой гирифтам. Ҳар боре, ки падару модар ба суроғам занг мезаданд, худро серу пур вонамуд мекардаму мегуфтам, ки ба чизе ниёз надорам. Тобистон даррасиду айёми таътил ба деҳа баргаштам. Модар аз ғояти хурсандӣ гул-гул шукуфт. Аз навозишу меҳрубонӣ ва тараддуди зиёдаш сахт мутаассир шудам. Бори дигар ба дил қавл додам, ки ҳеҷ гоҳ модарро маёзорам ва рисолати фарзандиро ба ҷо ораму дастгиру мададгори хонавода гардам.
Мурод
- Соли 2007 дар Ҷашни Наврӯз, ки дар боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт баргузор шуд, таронае сурудам. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарм кафкӯбӣ намуда, суханони нек гуфтанд. Баъди намоиш пушти саҳна пинҳонӣ сахт гиристам, ки заҳматҳоям билохира бор овард. Ҳамон шаб тариқи телевизион модарам ҳунарнамоии маро тамошо карда, ашки хурсандӣ рехтааст. Баъд аз ин ӯ ҳамеша руҳияи баланд дошт. Ноновари хонадон шудаму ба таҳсили хоҳару бародаронам ёрӣ расондам. Ҳамон сол дар пойтахт базми хонадоршавиам баргузор шуд. Падари ҳамсарам ҳини табрик сутуданд: «Мо ба хонадони шумо гул додем». Навбати сухан ба модарам расид, гуфт: «Акои Маҳмадамин, шумо ба мо гул додед, мо ба шумо булбул». Мавҷи қарсакҳои пурмавҷи меҳмонон то дер идома ёфту табассум то охири базм дар лабони онҳо ҳувайдо буд.
Орзу
- Зиёд талош варзидам, то модарам бо мо дар пойтахт зистанро ихтиёр кунад, аммо вай аз бародарам, ки ношунавост, дур шуданро намепазирад. Мунтазам ба онҳо ёрӣ мерасонам, аммо аз дурии модар ранҷ мебарам ва меандешам, ки кош болу пар медоштаму ҳар рӯз ба зиёраташ мешитофтам ва бори вазнини зиндагиро аз дӯшаш қадре сабук мегардондам.
Ситора АШӮРОВА