06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РОВИЮ ТАБИБУ ОМӮЗГОР…

 

3fesbv-a3Ӯ қаҳрамони ман аст. Солҳои сол гум карда будамаш. Муддати зиёд меҷустамаш, аммо намеёфтам, ки намеёфтам…

Солҳои 90 –уми асри гузашта ҳангоми нооромиҳо бо духтаре вохӯрдам, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мехонд ва девони Ҳофизи Шерозиро аз ёд медонист. Аз ин бозёфт чунон шод шудам ногуфтанӣ. Он овон бо кормандони радиои кишвар ҳамкории зич доштам. Ин хабарро ба Сафаргул Олимӣ ва Шаҳлои Насриддин – журналистони шинохтаи ҷумҳурӣ ифшо сохтам.

Саодатбонуро ба Хонаи радио хондем ва аз рӯи девони Хоҷа Ҳофиз «имтиҳон» гирифтем. Ӯ ҳар як ғазали интихобкардаи моро равону зебо ва пурра қироат намуда, аз имтиҳон гузашт. Мусоҳибаи ҷолиби Шаҳло бо Саодат тавассути радио пахш гардид. Он замон радиоро бисёриҳо гӯш мекарданд. Овози марғуладори Саодат Шарифзода бо қироати шеърҳои дилангези Хоҷа Ҳофиз ба самъи сомиин расид. Ман низ таҳти унвони «Табибе, ки девони Ҳоҷа Ҳофизро аз ёд медонад» мақола навиштам. Аз ин бозёфт мефахридам. Ҳангоме ки шеърхонии гӯшнавоз, диловез ва ҷаззоби ӯро мешунидам, тасаввур мекардам, ки гӯё худам шеър хонда истодаам. Шеърхонии ӯ баъдан тавассути радио идома дошт.

Аммо баъди нооромиҳо ӯро солҳои сол дучор наомадам. Медонистам, ки Донишгоҳро хатм кардааст, табиб шудааст, аммо дар куҷо буданашро намедонистам.

Хушбахтона, чанде қабл бо ин бонуи истеъдоди нодирдошта, табиби исавиҳуш, ҷарроҳ, омӯзгор мусоҳиб гаштам. Мавзуи суҳбатамон адабиёт буду илму фарҳанг, соҳаи тиб буду табобат. Саодат дар ҳақиқат вориси арзандаи Шайхурраис, ровии хушбаён, дӯстдори илму адаб буданашро бори дигар ба ман исбот кард.

Шунавандаи азизи радио ин бонуи сухандону суханвар, табиби зебою барно Саодат Шарифзодаро ёд доранд. Овози ӯро шунидаанд. Ӯ фарзанди шоири номдор устоди зиндаёд Усмон Шарифзода аст. Вақте ки ӯ шеър мехонад, торҳои дили кас ба ларзиш омада, қалбҳо лабрези фараҳ мегарданд.

Бале, ӯ табиб, адиб ва ба дарди ҳар бемор ҳабиб аст. Ӯ фарди шоистаи Ватан аст. Ҳангоми шеърхонии Саодатбону бори дигар ба шевоӣ, равонӣ ва дилбарию дилрабоии забони ноби тоҷикӣ мафтун мегардед.

Саодат Шарифзода алҳол дорои хонаи обод, фарзандони азизу арҷманд ва ҷойи кори хуб дар Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии тиббии таъҷилист. Ҳанӯз ҳам шеър қироат мекунад, садои дилнишинаш оромиши руҳу ҷон аст. Ин бонуи хушилҳом ҳамзамон дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ба ҳайси омӯзгор фаъолият мебарад. Ҳанӯз ҳам дар маҳфилу конфронсҳо шеърхонӣ мекунад.

Ҳотам РАБИЕВ,
рӯзноманигор

:.  Фарҳанг 23.02.2022 06:25 509

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz