07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАВАҶҶУҲ: ОЗМУНИ РАССОМИ НАВРАС ДОИР МЕГАРДАД

 

Ozmuni-rasomi-navras-doir-megardad

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз 21 то 25 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе озмуни наврасони боистеъдодро таҳти унвони “Рассоми наврас” доир менамояд. Дар озмун наврасон аз синни 7 то 18-сола метавонанд ширкат варзанд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ), рассомӣ, таблиғу ташвиқ ва дастгирии наврасони боистеъдод, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани ҷавонони боистеъдод ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва наврасону ҷавонон, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи касбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии рушди соҳа мебошад.

Озмун мусобиқаи эҷодӣ буда, дар ду давр аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ (мавзӯъ: Тоҷикистон, Истиқлол, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ) вобаста ба синну сол дар се гурӯҳ доир мегардад.

а) гурӯҳи хурдсол (аз 7 то 10-сола);

б) гурӯҳи наврасон (аз 11 то 14-сола);

в) гурӯҳи наврасон (аз 15 то 18-сола) баргузор мешавад.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба кумитаи тадорукот ҳуҷҷатҳои зеринро то 15 декабри соли 2021 пешниҳод намоянд:

- нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;

- расми асарҳои иҷрогардида дар андозаи 30х40 см.(формати А3);

- тавсияномаи эҷодии роҳбари муассисаи таълимӣ;

- ду дона расми 3х4 см.

Шартҳои озмун:

Иштирокчиёни озмун аз рӯи намудҳои зерин асарҳои ҳунарии хешро пешниҳод менамоянд: санъати тасвирӣ (мусаввирӣ, графика, ҳайкалтарошӣ), санъати ороишӣ-амалӣ (кандакорӣ, наққошӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, батик-нақш дар матоъ, гобелен-қолинбофии бадеӣ) ва дизайн (графикаи компютерӣ, санъати мӯд).

Андозаи асарҳои пешниҳодшуда бояд то 60 см (30х40; 40х50; 50х60) бошанд. Иштирокчиён метавонад корҳои анҷомдодаи хешро дар коғаз, матоъ, чӯб, хокаи махсус, санг, филиз (металл) иҷро намоянд.

Иштирокчиён тибқи тартиби зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:

- 1-5 хол - ғайриқаноатбахш;

- 6-10 хол - қаноатбахш;

- 11-15 хол - хуб;

- 16-20 хол - аъло.

Дар назди Вазорати фарҳанг кумитаи тадорукот таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо фармоиши Вазири фарҳанг тасдиқ мешаванд. Ба ҳайати кумитаи тадорукот кормандони масъули вазорат дохил шуда, ба ҳайати доварон мутахассисони варзидаи мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ шомил мешаванд.

Вақти гузаронидани давраҳои озмун ва ҷои гузаронидани онро ҳайати тадорукоти озмун муайян менамояд.

Озмун дар доираи талаботи барномаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Ғолибони озмун бо назардошти хулосаю қарорҳои ҳайати доварон муайян ва қадрдонӣ мегарданд.

Ғолибон бо ифтихорномаҳо, мукофотпулӣ ва туҳфаҳо сарфароз мешаванд.

Мукофотпулӣ барои ғолибони озмун:

Ғолиби ҷои аввал (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 1000 сомонӣ.

Ғолиби ҷои дуюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 800 сомонӣ.

Ғолиби ҷои сеюм (гурӯҳи хурдсолон ва ду гурӯҳи наврасон) 3 нафар дар ҳаҷми 700 сомонӣ.

Дипломҳои озмун 31 нафар, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ.

Вазорати фарҳанг, кумитаи тадорукоти озмун устодонеро, ки шогирдонашон маҳорати хуб нишон додаанд, аъзоёни кумитаи тадорукот, ҳайати доваронеро, ки дар ташкилу гузаронидани озмун саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳо сарфароз мегардонад.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 31, Муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон”

 Кумитаи тадорукот, телефон: 904-44-31-80, 93-153-70-40, 93-555-61-74.

                                                                                             Ситора


:.  Фарҳанг 06.12.2021 05:04 728

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz