07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САБРИН

     СӢ БАРГ МЕҲР

        SabrinШодиёна, ай баҳори шанги ман,

        Сулҳи ёр омад, ба қасди ҷанги ман,

        Заъфарон аз рӯ гули зардат гирифт,

        Арғувонат дар фурӯғи ранги ман.

        Аз шамими гул туро атри нафас,

        Ғусса резад абри оҳи танги ман.

        Бо зимистон гуфтугӯям сода буд,

        Як варақ барфаш гирифт ожанги ман.

        Аз хати сабзи ту ороям ғазал,

        Бод рақсон аз таби фарҳанги ман.

        Кори Сабрин аз баландӣ рехтан,

        Дар азони обшор оҳанги ман.

***

Субҳ покиза, ки бархост зи гаҳвораи шаб,

Чидани домани қиргун бувад чораи шаб.

Боз саҷҷода ба хуршед кашад духти шафақ,

Ба намоз омада гӯё шаҳи овораи ман.

Тири сад оҳ кашидам тарафи хонаи ту,

Нагузашт аз дили хоронафаси хораи шаб.

Шаби васли ману ту шанг чӣ тасвире буд.

Қалами Монӣ шигарфид ба ангораи шаб.

Ба кафи хотираи ту, шаби падруд биё,

Ҷигари сӯхта, Сабрин, биниҳад пораи шаб.

***

Бо сад гули хушранг, чаро бӯи чаман нест,

Булбул, ту макаш нола, ки андӯҳшикан нест.

Эй дил, ки зи вайрона ба обод бирафтӣ,

Баргард, ки он хонаи ораста ватан нест.

Баргард, ки ҷонам зи паси туст мусофир,

К-он ҷони бурунрафта дигар лоиқи тан нест.

Ман шӯрии пешона бишӯям ба кафи худ,

Гулпираҳанӣ, гулшакарӣ қисмати ман нест.

Захме, ки зи сӯзан сари ангушт нишинад,

Доғе ба гули лолаи ҳар куртачакан нест.

Ҷони сухан аз ҳавзи ҷигар об чӣ додӣ?

Сабрин, бари ту ҳайф, ки як ташнасухан нест.

 

***

 Диле побаста занҷирам,

 Саре гумкардатадбирам.

 Зи дидор ангубинам деҳ,

 Ки заҳри ғусса дар ширам.

 Сукутамро бубахшо шӯр,

 Ба паҳно болу пар гирам.

 Ҷавонам бо ту дар сад сол,

 Ҷудоӣ мекунад пирам.

 Зи дуди оҳи танҳоӣ,

 Мазан доман, ки даргирам.

 Ғамат қулфи дили Сабрин,

 Биё, бикшой, мемирам!

***

Боди сабо хайма зан, ҷои гурезам куҷост?

Шуд фалакам ташти ғам, тоби ситезам куҷост?

Танг шуд ин дашту кӯ аз дами девонагӣ,

Вой нафасгир ман, аҳли тамизам куҷост?

Хуни дили осмон субҳ чаро шӯра зад,

Ашки ҷигарсударо чоҳ, ки резам, куҷост?

Нест ба гулзор бӯ, домани гулшан тиҳист,

Атри биҳиштовари накҳати тезам куҷост?

Тахти ману тоҷи ман ишқи ту буду бирафт,

Бар сари худ ин нафас хок, ки резам куҷост?

Оҳ, нагаштӣ азиз, Сабрини ғофилнафас,

Гумшуда дар ҷони ӯ, ҷони азизам куҷост?

:.  Фарҳанг 22.10.2021 07:18 590

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz