07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КУЛОҲИ СЕҲРНОК

 

Kulohi-SehrnokДухтарак чун ҳама рӯзҳои дигар ором аз хона берун шуд ва роҳ ба сӯи коргоҳ гирифт. Фурсат, ки дошт, ба мағозаи кулоҳфурӯшӣ даромад. Зане барои кӯдакаш кулоҳ хуш мекард ва дигар бонувон барои худ.

Духтарак кулоҳҳои гуногунро бар сар мениҳод ва бар оина менигарист. Аслан хоҳиш ҳам надошт, ки кулоҳе бихарад. Ӯ хост, ки як кулоҳи дигарро бар сар гираду баъд онро бар ҷойи худ бигузораду биравад. Дар ҳамин ҳол он кӯдак рӯ ба модар оварда, бо садои баланд гуфт: - «Модар, бар ин зан бинигар, кулоҳ ӯро зебида ва ҳуснашро даҳчанд афзудааст». Дигар занҳо ҳам рӯ ба духтарак оварда изҳор доштанд: -«Оре, дар ҳақиқат, ин кулоҳ бештару хубтар зебоии зоҳиру ботини шуморо ошкор сохтааст». Духтарак бо изҳори сипоси бепоён аз мағоза мебарояд ва роҳашро ба сӯи коргоҳ идома медиҳад. Эҳсос мекунад, ки ҳама ҷавонҳои зебову баландболо бар ӯ таваҷҷуҳ менамоянд. Ҳатто чанд нафаре аз онҳо ба духтарак изҳори муҳаббат ва ба хӯроки шомгоҳӣ даъваташ карданд.

Чун ба назди коргоҳ мерасад, посбоне, ки пештар аз ин ба ӯ ҳеҷ аҳамият намедод, ин бор то ба ошёна ва ҳуҷраи корияш ҳамроҳӣ мекунад. Ҳамкорон бо суханҳои пур аз лутф хотирашро шод мегардонанд. Мудири шуъбааш низ ба ҳуҷрааш даъваташ мекунад ва аз зиндагиву ривоҷи кораш пурсон мешавад.

Бегоҳ чун аз коргоҳаш мебарояд, чандин такси дар ҳузураш қарор мегиранд ва ҳар кадом аз ронандагон хоҳиш менамоянд, ки дар мошини ӯ савор шавад.

Пас аз шом вориди хона мегардад. Мепиндорад, ки ҳозир модар барои дер баргаштанаш сарзанишаш мекунад. Аммо, баръакс, модараш бо чеҳраи шоду хандон мегӯяд: - «Духтарам, имрӯз воқеан, нисбат ба ҳама рӯзҳои дигар зеботару дилработар гаштаӣ». Духтарак бо таассуф мегӯяд: - «Не, модар, ман ҳамонам, ки будам. Фақат ин кулоҳ, кулоҳи сеҳрнок маро зеботару дилработар, маҳбубтару марғубтар намудааст».

Модар мегӯяд: -«Чӣ хел кулоҳ, ту, ки ҳеҷ гуна кулоҳ бар сар надорӣ?».

Духтарак даст бар сар мебарад, дармеёбад, ки кулоҳ надорад. Меандешад, ки онро дар куҷо аз сар гирифтаву дар каноре гузоштааст. Дар такси? Не! Дар тарабхона? Не! Дар ҷойи кор? Не.

Хеле ва хеле меандешад ва дар охир мефаҳмад, ки аслан он кулоҳро нахаридааст. Пас аз ин ҳама ба худ мегӯяд: - «Мо – ҳама, дар ҳақиқат, зебоем, фақат он гуна як кӯдак зарур аст, ки моро таҳрик бидиҳад ва боварамонро бедор намояду биафзояд».

Китобати Абдулқодири РАҲИМ

:.  Фарҳанг 21.10.2021 11:12 577

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz