Матлуба Дадабоева:
Моҳи марти соли 2018, вақте Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, яке аз сарояндагони мумтози «Шашмақом» Матлуба Дадабоева аз дасти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро гирифт, ба Сарвари кишвари мо изҳори сипос намуданд: «Ин унвон бароям қарз аст. Ман аз мардуми Тоҷикистон як барномаи бошукӯҳи консертӣ қарздорам.»
Ӯ ба ваъда вафо кард ва чанде пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти калони ин устоди бузург, пешкаши дӯстдорони «Шашмақом» гардид.
Аз табори ҳунармандон
Матлуба Дадабоева зодаи деҳаи Варзики ноҳия Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Ин деҳа зодгоҳи нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода низ мебошад. Меҳри санъат дар қалби ӯ аз кӯдакӣ туғён кард.
-Вақте 14-сола будам, дар гирду атрофи ноҳия аллакай медонистанд, ки Матлуба Дадабоева гуфтанӣ сароянда ҳаст. Зеро дар чорабиниҳои мактабӣ суруд мехондам ва дар озмуну фестивалҳо ширкат мекардам, - мегӯяд сароянда.
Ҳамин тавр, пас аз хатми мактаби тоҷикии №13-уми деҳаи Варзик, соли 1973 ба Институти санъати Тошканд ба номи Островский шомил шуд. Истеъдоди нодири ӯ зуд аён гардид ва аллакай дар курси сеюм ӯро ба Ансамбли мақоми ба номи Юнус Раҷабии назди Кумитаи телевизион ва радиои Ӯзбекистон ба кор даъват карданд. Дар ин даргоҳ Матлуба аз устодони бузурги мақом Орифхон Алимахсумов, Эҳсон Лутфуллоев, Очилхон Отахонов, Турғун Алиматов сабақ омӯхт.
Матлуба Дадабоева мегӯяд: -Пас аз он ки дар ансамбл фаъолият мекардаму аллакай сурудҳои маро радиову телевизион пахш мекарданд, боре зимни дидорбинӣ аз волидонам пурсидам: «Дар аҷдоди мо санъаткор нест, ман ба кӣ рафта бошам?»…
Падарам гуфтанд:-Бобоят Камол Махсум, яке аз сарояндаҳои маъруфи замони худ буданд, бо лаълича суруд хонда маъракаҳои мардумро обод мекарданд, бибиат Рафоатбегим низ базми занонаро гарм менамуданд. Ту ба онҳо рафтӣ, зеро раҳматӣ бобои Камол Махсумат туро дӯст медоштанд. Яъне, ҳеҷ чиз бесабаб нест, санъат барои ман аввал истеъдоди худодод, дувум меросист.
Мероси ду халқ
-Аксар дар Тоҷикистон гумон мекунанд, ки Шумо духтари Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, мақомсарои бузург Малоҳат Дадабоева бошед, – гуфтам зимни суҳбат.
-Не, мо фақат ҳамнасаб ҳастем. Малоҳатхон зодаи Хуҷанди Тоҷикистон ҳастанд. Як замон ҳамкор будем, баъзе сурудҳояшро ба барномаи хунариям ворид кардаам. Гоҳо ба ҳазл мегӯянд, ки ду Дадабоеваи тоҷик барои равнақи санъати ӯзбек хизмати зиёд карданд.
Воқеан, Матлуба Дадабоева барои рушди санъати «Шашмақом» хизматҳои мондагор кардааст. Ӯ аз мактаби мақомхонони бузург гузашта, дар иҷрои хеш анъанаҳои арзишмани ин шоҳасари беназири мусиқиро ҳифз намудааст.
Матлуба Дадабоева аз овони ҷавонӣ дар баробари забони ӯзбекӣ бо забони тоҷикӣ низ суруд мехонад ва миёни тоҷикон низ мухлисони зиёд дорад. Беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи ӯ «Насруллоҳӣ» (ғазали Ҳофиз), «Талқини уззол» (Восифӣ), «Муғулчаи Дугоҳ» (Фурӯғӣ), «Сарахбори ороми ҷон» (Ҳофиз), «Ҳусайнӣ» (Ҳофиз), «Насри Баёт» (Ҳилолӣ), «Нимчӯпонӣ» (Бедил), «Чоргоҳ» (Камол), «Ушшоқ» (Рӯдакӣ) ва ғайра дар барномаи Матлуба мақоми хос доранд. Ӯ сурудҳои композиторони тоҷикро низ бо маҳорати баланд месарояд.
-«Шашмақом» имрӯз мероси ду халқ – тоҷику ӯзбек аст ва ман ифтихор мекунам, ки дар хизмати ин ду халқ ҳастам, - мегӯяд, Дадабоева.
Зани порсо
Аз ҳамсуҳбатам дар бораи ҳамсару фарзандонаш пурсидам.
-Шавҳарам Ҳусейнҷон Халилов ҳамкурсам ҳастанд. Дар курси чор таҳсил мекардем. Як рӯз чанд суруди маро телевизион пахш намуд ва хушдоманам маро дида ҳавас мекунанд. Чун мефаҳманд, ки ман ҳамкурси фарзандашон, мегӯянд, ки ту бояд ҳамин духтарро ба занӣ бигирӣ. Яку якбора муносибати ҳамкурсам ба ман дигар шуд, гапҳои нағз мегуфт, савғо меовард. «Очам ба ту фиристоданд»,-мегуфт. Ҳамин тавр, ба ҳам расидем ва Худованд 4 фарзанди гулрӯро ба мо ҳадия кард.
Ҳини суҳбат бо Матлуба Дадабоева, дарк намудам, ки ӯ бо вуҷуди ҳунарманди шинохта ва ситораи маъруфи санъат будан, зани хоксору фурӯтани шарқӣ аст.
-Ман дар оилаи суннатии тоҷикӣ ба воя расидаам. Боре ҳам сар боло карда ба чашми падару модарам нигоҳ карда, баробарашон гап назадаам. Вақте шавҳар кардам, бо хусуру хушдоманам низ чунин муносибат карда, дуои некашонро гирифтам. Фарзандонамро низ дар чунин руҳия тарбия кардам. Одобу ахлоқи шарқӣ барои зан муҳим аст, - мегӯяд ин сарояндаи номвар.
Оила – арзиши муқаддас
-Аз чаҳор духтаратон ягон нафарашон касби Шуморо интихоб кардаанд?
-Не, рӯзгори ҳунарманд басо вазнин аст, махсусан, агар зан бошад. Бинобар ин, нагузоштам, ки онҳо азоб кашанд. Духтарони ман яке тарҷумон, ки шавҳараш аз Тоҷикистон аст ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад, яке духтур, яке иқтисодчӣ ва яке дар соҳаи менеҷмент фаъолият дорад.
-Шумо худ ҳам дар санъат ва ҳам дар оиладорӣ муваффақ шудед?
-Зиндагии ман ба дигар навъ сипарӣ шуд. Шавҳарам санъаткор ҳастанд, маро мефаҳманд. Хусуру хушдоманам маро дастгирӣ мекарданд. Ҳамин буд, ки ман 15–20 рӯз баромада сафари ҳунарӣ мерафтам. Барои зан осоиши оила муҳим аст. Бисёре аз ҳунармандони ҷавон имрӯз «ситора шудем ба мо шавҳар чӣ лозим» гуфта мегарданд, вале ин ақида нодуруст аст. Оила мисли Ватан муқаддас аст. Зан бояд барои ободии оилааш бикӯшад. Агар замоне пешорӯи ман интихоби оила ва санъат меистод, ман оиларо интихоб мекардам.
Эътибор ба «Шашмақом»
-Феълан, таваҷҷуҳ ба «Шашмақом» чӣ гуна аст?
-Пӯшида нест, чанд муддат таваҷҷуҳи халқ, хосса ҷавонон, ба санъати асил, ба санъати классикӣ кам шуд, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон. Мардум бештар ба эстрада рӯй оварданд. Бо вуҷуди ин, аз мусиқии суннатӣ даст накашидам. Санъати асилро бо пул иваз накардам. Ин рӯзҳоро фаромӯш карда намешавад. Вале шукр, ки мардум дигарбора ба мусиқии суннатӣ рӯй оварданд, талабот ба ҳунари мо зиёд шуд. Ин раванд дар Тоҷикистон низ ҳаст. Имрӯз кишварҳои мо ба «Шашмақом» таваҷҷуҳи хосса доранд. Бо талошу кӯшиши сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон Худо хоҳад, мо санъати мақомро равнақ хоҳем дод.
-Шумо чанд соли охир дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мастер-класс мегузаронед. Ба ҳунари мақомсароёни ҷавони тоҷик чӣ гуна баҳо мегузоред?
-Дар Тоҷикистон ҷавонони болаёқат хеле зиёданд. Фақат мо – устодон, бояд онҳоро дастгирӣ кунем, дар паҳлуяшон истем, то ки ба саҳнаи калон роҳ ёбанд. Ояндаи мо аз ҷавонон вобаста аст. «Шашмақом» санъати душвор аст ва он талошу кӯшиши зиёдро талаб мекунад.
Пайванд бо Тоҷикистон
-Шумо соли 2018 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф шудед. Он рӯз чӣ эҳсосот доштед?
-Намедонистам, ки ҳунари банда мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Вале баъди барномаи «Шоми дӯстӣ» аз дасти Ҷаноби Олӣ ин унвони баландро гирифтам, ки сарфарозам. Як умр ба мардуми тоҷик хизмат мекунам.
-Тоҷикистон ва Матлуба Дадабоева…
-Тоҷикистон Ватани дувум, хонаи дувуми ман аст. Барои ман миллати тоҷик ва ӯзбек фарқ надорад, зеро ман хизмати ҳар дуро баробар мекунам, маҳфилҳои ҳар дуро обод менамоям. Тоҷикистон бошад, сарзамини ниёгони бузург аст. Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳои олам аст. Вақте ба ин ҷо меоям, худро бегона эҳсос намекунам. Бори дигар мегӯям, ки ман вассофи ду халқ, ҳунарманди ду миллатам. Соли равон 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки чун армуғон чанд суруди нави тоҷикӣ омода кардам, ки ба наздикӣ пешкаши мухлисон мегардад.
Одил Нозир