07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БО ЁДИ ВАТАН

 

Bo-yodi-VatanӮву ҳунар дар як муҳит камол ёфтаанд, ҳамдигарро хуб шинохта ба якдигар унс гирифтаанд. Кунун ӯ бе ҳунару ҳунар бе ӯ буда наметавонанд. Ҳунар ба ӯ даст доду ба қуллаҳои баланд бурд ва ба оламиён шиносонд. Байни дигар халқу миллатҳо дӯстони зиёде дораду чун бонуи тоҷик эҳтиромашро болои дида мебардоранд.

Ноҳид Зайналпур скрипканавозе, ки бо навозишаш тавонист дар дили ҳазорҳо нафар ҳаводор роҳ ёбад. Ин ҳунарро ӯ аз 5-солагӣ омӯхт. Дар баробари боғчаи бачагона модар ӯро ба курси тайёрӣ ба мактаби мусиқӣ мебурд. Бо доштани фаҳмишу дарки хуби мусиқӣ вай қадам ба мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ гузошт. Падараш Темур Зайналпур –коргардони киностудияи «Тоҷикфилм» буду модар Гулибоғ Зайналпур – омӯзгори мусиқии мактаб. Аҳли хонавода ҷумлагӣ эҷодкор буданд, аз Ноҳид маслиҳатҳои худро дареғ намедоштанд. Дар баробари вазифаҳои хонагӣ ӯ зиёд мусиқиҳоеро гӯш мекард, ки дар онҳо садои скрипка бошад. Рафта –рафта навохтани скрипкаро омӯхт. Шунавандаҳои аввалинаш аҳли оила барояш каф мезаданду мебӯсиданд. Бовариву дастгириҳо барояш фаромӯшнашуданиянд.

Соли 1990 мактабро бо баҳои аъло хатм карда, ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд.

Ҷавонии мо дар ҷанг гум шуд

- Ҳар рӯз бо ҳарос пиёда ба дарс мерафтем. Ҳар лаҳза хавфи ҷон бохтан буд. Манзараҳои он рӯзҳо ҳамеша чун абри сиёҳе ба ёд меоянд. Панҷ соли донишҷӯӣ пур аз дарду алам буд. Бисёриҳо бо як завқу эҳсоси аҷиб аз ҷавониашон ёд мекунанд, аммо барои ҳамсабақони мо ин гуна нест, ҷавонии мо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гум шуд,- бо дард ба ёд меорад Ноҳид Зайналпур.

Ҳанӯз аз соли дуюми донишҷӯӣ дар оркес­три Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки роҳбарияшро Азиз Ниёзмамадов ба уҳда дошт, фаъолият мекард. Оркестр барои ӯ саҳифаи рангинеро боз намуд. Иштирок дар чорабиниҳои гуногун, сафарҳои ҳунарӣ назару диди ӯро ба зиндагӣ тағйир дод. Ноҳид мудом пайи эҷоди оҳангҳои нав дар такопӯй буд. Ӯ ин асбобро бо як ҳиссиёти баланд менавозаду шунавандаро низ ба дарки ин садо мехонад.

-Навохтани скрипка ба ман руҳи болидаву илҳоми тоза мебахшад. Ба ман неру медиҳад. Скрипка табиби ман аст, ки маро аз ҳама эҳсосоти нороҳаткунанда наҷот медиҳаду бароям табъи болидаро ато мекунад. Навозанда бояд аз қалб бо тамоми ҳастияш навозад. Чизе, ки аз дил мебарояд, ҳатман ба дилҳо роҳ меёбад,- мегӯяд Ноҳиди муғаннӣ.

Барои сайқал ва муаррифии ҳунар 20 сол аст, ки дар шаҳри Москва умр ба сар мебарад. Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии сафорати Тоҷикистон муаррифгари санъати миллати тоҷик аст. Дар ҳайати гурӯҳи ҳунарии «Мерос», ки самтҳо гуногуни мусиқиро фаро мегирад, фаъолият менамояд. Бо даъвати сафоратхонаҳо сафарҳои ҳунарии ин гурӯҳ хело зиёд аст. Афроштани Парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ шарафи бузург медонад

Тоҷикистонро зиёд дӯст медораду аз ободии Меҳан меболад. Душанбеи имрӯзро дар қатори беҳтарин шаҳрҳои дунё меҳисобад. Бо табассум мегӯяд, ки ба вақти ёд овардани даврони кӯдакиҳову наврасӣ, хумори Ватан мегирад…

Назари ӯро нисбат ба мусиқии имрӯзи тоҷик фаҳмидан хостем.

-Дар бораи сурудҳои эстрадӣ чизе гуфта наметавонам, зеро сурудҳоеро меписандам, ки дорои мазмуну муҳтавои баланд бошанд. Бештар ба навову тағаннии ҳунармандони Оркестри симфонии Президенти Тоҷикистон гӯш медиҳам, хеле олӣ менавозанд. Бовар дорам, ки мусиқии тоҷик дар роҳи рушд аст, - иброз медорад ӯ.

Хизмати шоёни Ноҳид Зайналпур дар Ватан бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст. Ӯ, ҳамчунин, дорои бисёр ҷоизаву ифтихорномаҳои фестивалу озмунҳои дохиливу байналмилалист. Ӯ, воқеан, чун ситора дар санъати тоҷик дурахшон аст. Ҳамватанон ҳунарнамоияшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯянд. Шумораи тамошобинонаш хеле зиёданд.

Ӯ бар он аст, ки шуруъ аз соли равон, нозукиҳои сози скрипкаро ба нафарони хоҳишманд биомӯзонад.

То ба ҳол Ноҳид зиёда аз 50 оҳанг офаридааст. Бо барномаҳои ҳунарӣ дар давлатҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия, Амрико, Эрон ва дигар ҷойҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Соҳиби ду писар ва ду наберачаи дӯстрӯяк аст. Ва ҳамеша орзуманди фазои ором ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизаш аст.

Ӯ дар ёди зодбум аст ва муҳаббати хешро нисбат ба зодгоҳ бо мусиқӣ изҳор медорад. Мегӯяд, ки бо имкони даст ёфтан, аз шаҳри азизи хеш - Душанбеи дилоро, пойтахти тоҷикони дунё, дидан мекунад. Дар Москва зиндагии хушу роҳат дорад, аммо ҳушу ёдаш дар Ватан аст.

- Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамро ба тамоми ҳамватанон таҳният мегӯям. Бигзор ҳамеша дар сарзамини мо сулҳ пойдор бошаду сокинонаш саломату муваффақ бошанд,- иброз дошт дар интиҳои суҳбат Ноҳид Зайналпур, муғаннии шуҳратёр ба мухлиси шоистаи худ аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»

Фарзона ВОСЕЕВА.

:.  Фарҳанг 20.09.2021 05:27 677

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz