07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРНОМА

 

 

Subhon-JalilovCаҳар рафтам канори манзили ту,

Гули ғам руста аз обу гили ту

Ҷигарҳо аз фироқат сӯхт, оча,

Намесӯзад ба ҳоли мо дили ту!

 

Як нимаи маҳ гӯшаи бом аст, оча,

Чун ҳарфи дилат, ки нотамом аст, оча.

Сад халта авезон ба сари шиғи падар,

Он халтаи умри ту кадом аст, оча?

 

Замоне як лаби сон чодарат буд,

Ба бахтат модари ҷон дар барат буд.

Кунун ду чашми ту, Субҳон, пури ғам,

Куҷо он рӯзҳо, ки модарат буд…

 

Ба дил хор, оча, баъдат даста-даста,

Ба бозори ҷаҳон ғам раста-раста.

Раҳи ман дур то рӯзи қиёмат,

Барам худро канорат хаста-хаста…

             Чӣ донум чӣ ба сар дорӣ ту, оча,

Дили дар ғусса тар дорӣ ту, оча.

Туро охир дами дар дида будам,

Нафаҳмидам сафар дорӣ ту, оча…

 

Чӣ мушкин мӯйи ту дар ёди ман монд,

Давидан сӯйи ту дар ёди ман монд.

Чу дарси сураву Қуръону ҳикмат

Хати абрӯйи ту дар ёди ман монд.

 

Фироқат ашки моро ҷорӣ карда,

Нашуд, оча, Худоро зорӣ карда.

Туро ғамҳои ман побанди ҷогаҳ,

Маро ғамҳои ту бозорӣ карда…

 

Каси бе оча шабҳо хов надорад,

Қимори умри рафта дов надорад.

Шавад дармон ғами дунёву аммо

Ғами беочагӣ таштов надорад.

 

Ман аз дасти ҷудойӣ менависам,

Савоб асту худойӣ менависам.

Зи байти аллаат, оча, рабуда

Дубайтиву рубойӣ менависам…

 

Бори ғамат, оча, бар ғами зиндагӣ бор,

Ту рафтӣ мазору ман шудам бастаи дор.

Сер аз ғами зиндагиву сер аз ғами ту,

Бе нони танӯрат, очаҷон, гушнаи зор.

:.  Фарҳанг 20.09.2021 05:03 647

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz