ТАСВИРГАРЕ БО ГУЛИ САДБАРГ
услуби ҷадиди Дилором Шерматова
дар санъати рассомӣ
Дастагули садбарги рӯи миз ба атроф таровату зебоӣ мебахшид, накҳати хушаш фазои кулбаро муаттар месохт. Аммо пас аз чанд рӯз гул хушкидаву баргҳояш рӯи миз рехта: сурху сафеду зарду гулобӣ. Диққати Дилоромро рангҳои гулбаргҳо сӯи худ кашиданд. Ҳине рангиниҳои гулбаргҳоро бо чашми дил дид, дар вуҷудаш гӯё оташаке фурӯзон гашт. Хост ин ҳама зебоиро то қадри имкон дар варақе нигоҳ дораду атрофиён низ аз он баҳрае бардоранд. Оҳиста – оҳиста баргҳоро чида дар байни саҳфаҳои китобе ҷой дод, то хубтар бихушканд. Баъд аз муддате бо он баргҳо бе ягон технологияву усули муайян тасвире сохту дар чаҳорчӯба гузошт ва дар девори хона овехт.
Аввалин эҷодаш писанди дӯстону наздикон шуду ӯ остин барчид, то баҳри онҳо низ композитсияҳои гуногун аз гули садбарг биофарад. Ҳамин тавр, услуби ҷадиди Дилором Шерматова рӯи кор омад, ки имрӯз бо ин тарзи эҷод дар ақсои олам мешиносандаш.
Рассомӣ
Ҳанӯз овони кӯдакӣ ба санъати рассомӣ меҳри хоса дошт ва ин боис гашт, ки пас аз хатми мактаб, номаи камол ба даст, роҳ ҷониби боргоҳи илму ҳунаромӯзӣ, омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ба номи Мирзораҳмат Олимовро пеш гирад. Оғоз бо сабку услубҳои гуногун эҷод мекарду аммо ба офаридани тасвири қиёфаи одамон майлу рағбати бештаре дошт. Чун чашмон баёнгари дунёи ботини инсонҳоянд, бештар диққати духтаракро сӯи хеш мекашиданд. Аз чини ҷабину абрӯ ва гирди лаб, ранги пӯсти рӯй хислату хӯйи одамонро пай мебурду мекӯшид ин ҳамаро бо камтарин ҷузъиёт рӯи авроқи сафед таҷассум намояд.
Пас аз хатми коллеҷ чархи гардони фалак сӯи дигаре тоб хӯрду духтарак дар паи гирудори зиндагӣ як муддат аз касби дӯстдоштааш дур монда, ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил гашту он ҷо методикаи таълими ибтидоиро омӯхт. Аммо бо мурури замон боз шуғли рассомӣ ӯро ба канор гирифт ва дар ин ҷода комёб шуд.
Тасвир бо барг
- Оғоз тасвирҳоямро бо баргҳои садбарг омода менамудам, оҳиста – оҳиста корро мураккабтар месохтам. Кунун ҳангоми кор як барги садбаргро ба қисмҳои хурд – хурд, тахминан 2 – 3 мм қисм мекунам. Баъд вобаста ба ранг ҳар як ҷузъро ба воситаи ширеш рӯи варақ бо ҳам мепайвандам. Яъне тасвири бо мӯйқалами сиёҳ кашидаамро бо барги садбарг ранг медиҳам, – иброз дошт Дилором.
Офаридаҳояш нотакроранд. Санъати рассомӣ бо гули садбарг заҳмати зиёд дорад. Бинобар ин ҳунармандро сабру тоқат мебояд. Муҳлати иҷрои кор аз мураккабии нақшҳо вобаста аст. Ҳунарманд барои омода намудани як тасвир соатҳои тӯлонӣ паси миз нишаста заҳмат мекашад. Бонуи шефтаи ҳунару эъҷоз гоҳҳо моҳҳо дар паи офаридани тасвире ранҷ мебарад.
- Барги садбарг хусусиятҳоеро дорад, ки дигар гулу гиёҳҳо онро надоранд. Дар аввал оид ба ин хусусиятҳо маълумоти кофӣ надоштам, аммо дар рафти кор таҷрибаам афзуд. Равғане, ки дар таркиби барги гул мавҷуд аст, онро қаишу нафис сохта раванди корро осонтар месозад. Инчунин ин равған имконият медиҳад, барги гул то дергоҳ рангашро ҳифз намояд, - мегӯяд ӯ.
Гулҳои табиӣ
Дилором барои тасвир аз гулҳои табиие, ки дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр мерӯянд, истифода мебарад. Ба андешаи ӯ, гулҳои зери шуои офтоб бо роҳи табиӣ парвариш ёфта, нисбат ба оне, ки дар гармхонаҳо парварда шудаанд, «сифати хуб доранд». Ҳунарманд асосан дар мавсими гармо, ҳангоми зебоиву гул – гулшукуфоии табиат баргҳои гулро ҷамъ оварда мехушконад, то дар фаслҳои дай овоне, ки табиат дар хоби ноз асту гулу гиёҳҳо аз замин намерӯянд, тавонад аз он истифода барад.
- Ҳини бо гулҳои садбарг кор кардан, онҳо бароям гӯё дунёи худро ифшо месозанд. Аз хусусиятҳои наҷибашон огаҳӣ ёфтам. Аз мағоза садбаргҳои бунафшрангу кабуд ва ҳатто сабзро харидаам. Аммо ҳангоми кор ин гулҳо ранги худро гум мекунанд. Агар гулҳои садбарг бо роҳи табиӣ парвариш ёфта бошанд, ҳангоми хушкондан рангҳои гуногуни нав ба навро медиҳанд. Чун дар як барг якчанд рангро пайдо кардан мумкин аст, аз он қисми зарурро бурида истифода мебарам, - мегӯяд рассом.
Дилоромбону дар тасвирҳояш бо гули садбарг орзуи таҷассуми оби борон, шаффофияти онро менамуд. Пас аз кӯшишҳои пайваста ба нияти худ расид. Тасвирҳои «духтараке бо чатр зери борон» ва «бонуи паси шишаи обӣ» бо як маҳорати баланди эҷодӣ таҷассум ёфтаанду далели ҳунари волои бонуи мониқаламанд.
Маҳсули ҳунараш зебову ҷолиб ва диданист. Чу дар санъати рассомӣ усули ҷадидро ворид кард, муштариёни зиёде на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ дилбохтаи санъати волояш гаштаанду дархост менамоянд, то тасвирҳои наздиконашонро бо гул бикашад. Дилором асосан суратҳои аккосишударо гирифта, аз рӯи он бо формати 3 - 4 тасвир меофарад. Тасвирҳои офаридаи ҳунармандро дар намоишҳои ҳунармандӣ ва сайту сафҳаҳои гуногуни интернетӣ дидан мумкин аст.
Сафар ба Амрико ва Испания
Ҳамкасбон ва дӯстон пешниҳод мекарданд, ки намоиш баргузор намояд. Дар аввал дудила буд, пас ба хулосае омад, ки бояд маҳсули ҳунарашро пешкаши дӯстдорони санъати тасвириву зебоӣ намояд. Бо ин мақсад асарҳои эҷоднамудаашро гирд овард. Инчунин тасвирҳои нав ба нав офарид ва аввалин намоиши шахсии худро доир намуд. Баъд аз он барои иштирок дар лоиҳаҳои гуногун дархостҳои зиёде ӯро дар пеш буданд.
- Даъват ба Амрико ва Испанияро хуш пазируфтам. Он ҷо дар осорхонаҳову устохонаҳои рассомони шинохта будам. Дар вохӯриҳои ҷолиб бо ҳунармандон ширкат варзидам. Маҳсули ҳунари рассоми шинохтаи дунё Рембрандтро, ки беш аз ҳама дӯсташ медорам, аз наздик дида дергоҳ дар наздаш таваққуф кардам, лаззат бурдам. Он лаҳзаҳо ҳиссиёти фараҳу хурсандӣ вуҷудамро фарогир буд. Ҳама офаридаҳову эҷодиёти нотакрор таъсири амиқеро дар вуҷудам гузоштанд. Пас аз бозгашт аз сафари ғайриодиву хотирмон боз бо саъю кӯшиши даҳчанд машғули эҷод шудам.
Чун дигар ҷисмҳои зиндаву ғайризиндаи табиат, тасвирҳои офаридаи Дилоромбону низ хусусияти тағйири рангро доранд. Инро ба инобат гирифта рассоми чирадаст пас аз тайёр шудани тасвирҳои офаридааш онро дар чаҳорчӯба ҷой дода, рӯяш оина мекашад, то онро аз таъсири муҳити беруна эмин нигоҳ дорад.
Ҳунару офаридаҳояш таҷассумгари арзишҳо, урфу одат, расму анъанаҳои миллианд. Ба ҷуз сабки хосаи тасвир бо гули садбарг, имрӯз дар қатори маҳсули ҳунари Дилором Шерматова услуби кошинкории флорентӣ ва сангҳои гуногуни табиӣ низ ба чашм мерасанд, ки бозгӯи дар роҳи рушди ҳунар ҷустуҷӯву такопӯи пайваста доштани ин бонуянд.
Ҳамзамон, рассоми пурҳунар дар коргоҳаш ба шогирдони зиёде сабақ аз ҳунару ҳунармандӣ ва санъати рассомӣ медиҳад. Вай бо ин васила дар ниҳоди наврасону ҷавонон ҳисси зебоиву зебоипарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро таҳким мебахшад.
Шаҳноз АҲМАДЗОДА