Зиндагии ӯ саҳнаи муборизаву талошҳоро мемонад. Вале дунёи ӯ бо ҳама тазодаш ҷозиб аст. Дар беамонтарин набардҳо ба хотири дарёфти номи донишҷӯӣ ғалаба кард. Ҳама корро анҷом дод, то дили волидонро ба даст биораду соҳибилм гардад.
Ҳини ба ёд овардани овони донишҷӯӣ мушкилиҳои то ба ин ном мушарраф гардиданашро ёд накарда наметавонад. Хатми мактаб наздик мешуд. Гулдухтарони зиёде барои шомил шудан ба донишгоҳҳо омодагӣ медиданд. Ӯ низ ин ниятро дошт, аммо намедонист, ки чӣ гуна падари сахтгирашро аз азмаш воқиф созад. Ниҳоят, ғайраташро ҷамъулҷамъ карда ба қиблагоҳ рози дил кушод. Падар бо қиёфаи ҷиддӣ ва қотеона зидди идомаи таҳсили фарзанд шуд. Чун он замонҳо аз бими сухани мардум кам касоне буданд, ки ба таҳсил рафтани духтаронашон ва он ҳам ба маркази ҷумҳурӣ, иҷозат бидиҳанд.
Назди ягона амакаш рафт. Вай омӯзгор буду дар мактабе, ки худи ӯ таҳсил менамуд, дарс мегуфт. Аз ин рӯ, бовар дошт, ки танҳо ӯ метавонад, дили қиблагоҳашро биёбад. Вале кӯшиши амакаш низ бенатиҷа анҷом пазируфт. Билохир назди падар ба зону заду зориву илтиҷо намуд, ки садди роҳи соҳибилм шуданаш нагардад. Ашки чашмони духтарак раҳми падарро овард ва ахиран бо дили нохоҳам розӣ шуд. Бар он бовар буд, ки шояд ӯ аз имтиҳон нагузашта ба деҳа бармегардад.
Розигии модар гирифтан садди дигараш буд. Саломат, ки фарзанди калонӣ буду дастёри модар, ба шаҳр рафтани ӯ ба модар гаронӣ меовард. Ба он хотир, ки фарзандони хурдсоли зиёде дошту болои ин кори саҳроро низ мебоист ба сомон расонад.
Дар ин фурсат бибиаш, ки ягона тарафдори соҳиби илму маърифат гардидани ӯ буд, муттакояш шуд. Бо дамидани субҳ аз хоб ҷаста, ҳавлӣ мерӯфту об меовард, гов медӯшиду нон мепухт ва нисфирӯзӣ ба ҷойи як дами роҳат, ба саҳро мерафт. Бехи ниҳолони пахтаро нарм намуда, пас ба мактаб мешитофт, то аз омӯзгори маслиҳатдиҳанда сабақ омӯзад. Тамоми кӯшишҳояш бар он хотир буд, ки модар монеа эҷод накунаду падар аз фикраш нагардад.
Билохира ҳуҷҷатҳояшро ҷамъ оварда, аз амакаш хоҳиш намуд, ки ӯро ҳамроҳӣ намояду ба шаҳри Душанбе бираванд. Амакаш раҳнамояш шуд. Ҳар ду ба саҳни ҳавлии Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко расиданд.
Қабл аз супурдани ҳуҷҷатҳо ӯро мебоист, ки марҳилаи суҳбатро гузарад. Он замон қоида чунин буд. Касе, ки ин марҳиларо намегузашт, ба супурдани ҳуҷҷатҳо иҷозат надошт. Он рӯз дар байни олимон хуш суҳбате кард. Донандаи хуби илми дақиқ, аниқтараш математика, ки буд, посух додани суолҳо барояш душворие надошт. Имтиҳонҳои дохилшавиро низ бо сари баланд супурд.
Бо сабаби аз минтақаи Қӯрғонтеппа будан, ӯро барои таҳсил ба филиали донишкада ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) фиристоданд. Пас аз панҷ соли таҳсил, факултаи физика ва математикаро ба итмом расонд.
Инак, аз соли 1986, тайи 35 сол аст, ки муаллима Саломат Табарова аз фанни математика ба хонандагони МТМУ №13 деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон сабақ медиҳад. Ҳамзамон, шурӯъ аз соли 2012 муваззаф шуд, ки дар баробари омӯзгори фанни математика будан, вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълимро низ бар уҳда гирад.
- Агар ба касб муҳаббат надошта бошем, пеша ва шуғли интихобкардаамон низ меҳрашро аз мо меканад. Ба ҳар кор мебояд муҳаббат баст, хосса ба пешаи омӯзгорӣ. Дар сурати ғайр, на ту метавонӣ ба мактаббачагон мақсадатро фаҳмониву на онҳо ба дарки дарс мераванд. Ва бо ин роҳ наметавон тухми меҳри ин ё он фанро дар қалби хонанда кошт, - мегӯяд С. Табарова.
Меҳру муҳаббат ва дилбохтагӣ ба пешааш буд, ки ишқи риёзиёт дар замири талабагони муассиса ҷой ёфт ва шогирдони зиёди муаллима ин пешаро интихоб намуда, дар зинаҳои гуногун, сар карда аз муаллими одӣ то роҳбари муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд.
«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 муаллимаро боз ҳам рӯҳбаланду хушнуд гардонд. Бовар дорад, ки ин дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис мегардад, ки омӯзиши фанҳои дақиқ дар кишвар боз ҳам равнақ ёбад.
- Хушбахтона, бо пешрафти илму техника ва навовариҳо барои илмомӯзӣ тамоми шароит муҳайёст. Дар як дақиқа талаба ва ё донишҷӯ метавонад бо ворид шудан ба шабакаи интернет китоб ва ё маводи дархостиашро дарёбад. Аммо, мутаассифона, хонандагон аз ин имконият босамар истифода намебаранд. Замони талабагиву донишҷӯии мо тамоман дигар буд. Як китобро чандин нафар мутолиа менамудем. Он замон телефони мобиливу интернет набуд, ки зуд вориди ҷустор шуда, китоби заруриро пайдо созем. Назди китобхонаҳо низ навбат мепоидем. Шабҳо хоб накарда тамоми мавзӯъҳои таълимиро, ки замони дарсгӯии муаллим менавиштем, аз худ мекардем. Чунки он ягона маводи таълимӣ маҳсуб меёфт ва замони санҷишу имтиҳонҳо низ аз рӯи он суолу ҷавоб сурат мегирифт, - иброз медорад муаллима.
Омӯзгор аз он афсӯс мехӯрад, ки имрӯзҳо, бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароит, донишандӯзон вақти худро зоеъ сипарӣ менамоянду ҷиддан ба илмомӯзӣ камар намебанданд. Дар ниҳоди бештари онҳо танбалӣ эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват менамояд, ки бо ҳар роҳе набошад, меҳри пешаи интихобкардаашонро дар қалби шогирдонашон ҷой бидиҳанд. Зеро омӯзгорон тарғибгари асосии ихтисосҳову илму маърифат ба шумор мераванд.
Бунафша АБДУРАҲИМ
Сиёсати созанда