08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАРАКАТИ САНДУҚЧАИ ЗУЛБИЁ

 

Barakati-sanduqchai-zulbieoАксари бонувони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав бо ҳунарҳои гуногун пайвастаанд.

Ин бонувони ҳунарманду чирадаст, ки бори рӯзгори хешро ба қавле бо «нӯги сӯзан» пеш мебаранд, замоне бо тақозои давр натавонис­танд, то рӯзгорашонро аз ҳисоби ҳунармандӣ бичархонанд. Ба гуфте ҳунарварро асбоб - дастгоҳ номвар мекунад. Набудани дастгоҳҳои корӣ ва асбобу лавозимоти ҳунармандии вобас­та ба талаботи давр боиси муддате бекор мондани бонувони ҳунарманди деҳотӣ гашт.

Гурӯҳи бонувони меҳнатдӯсту ҳунарпарвар тасмим гирифтанд, то барои ҷамъоварии маблағ сандуқча ташкил диҳанд. Сари ҳар кӯчаи маҳал сандуқча гузоштанд. Ҳар моҳ 15 бонуи ҳунардӯст ва нафарони хайрхоҳ то ҳадди имкон маблағи аз куртадӯзию ҷомадӯзӣ бадастовардаашонро ба ин сандуқча партофтанд. Маблағ ҷамъ мешуду фикрҳои тоза ҷиҳати пешбурди кор пайдо мегаштанд.

- Ҳар моҳ на кам аз 50 сомонӣ , агар не то 100 сомонӣ ба сандуқча мепартофтем. Дар баробари ҷамъ шудани маблағ дар ин сандуқча, инчунин, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии USAID барои ба кор даровардани сехи хурди дӯзандагӣ ва ба ҳунармандӣ ҷалб намудани бонувони хонашин лоиҳа пешниҳод кардем. Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти мазкур дастгирӣ ёфт ва барои таъсиси корхонаи хурди дӯзандагӣ маблағ низ пайдо шуд.

Хуллас, сехи хурди дӯзандагӣ барои гурӯҳи манфиатдори муштараки «Омад» - и ноҳияи Носири Хусрав таъсис ёфт, ки алҳол 15 бону ба кори доимӣ фарогир шудааст, - мегӯяд Озода Фатҳуддинова.

Бону Озода раҳбарии коргоҳи хурдро ба уҳда дорад. Ӯ дар баробари талаботи мизоҷонро бо дӯхтани либосҳои шинаму зебо қонеъ намудан, ҳамчунин, ба ҷавондухтарон ҳунарҳои мардумиро меомӯзонад. Духтарон дар фасли зимистон, пас аз анҷоми мавсими корҳои саҳроӣ аз омӯхтани ҳунарҳои қадима, аз зумраи қуроқдӯзӣ , гулдӯзӣ , зардӯзӣ ва тоқию ҷомадӯзӣ бархӯрдор мешаванд. Онҳо дӯхтани куртаҳоро бо диди замонавӣ аз бар намуда, сарулибос ва кӯрпаю кӯрпачаҳо барои наварӯсон омода месозанд.

Вақте бо дастгирӣ ёфтани лоиҳа бонувон соҳиби 15 дастгоҳи дарздӯзӣ ва дигар асбобҳои дӯзандагӣ шуданд, хурсандиашон ҳадду канор надошт. Ба гуфтаи ин бонуи чевар ҳадафи ниҳоиашон низ ҳамин буд, ки занону духтарони маҳалро соҳибҳунар намоянд. Онҳо низ соҳиби шуғли доимӣ бошанд ва мушкили иқтисодии хонаводаашонро осон намуда, дар пешбурди буҷети оила саҳм гиранд.

Ҳамчунин, ин гурӯҳи ҳунармандон ба бонувони маъюб, ки имкони омӯхтани ҳунар ё касбро берун аз хона надоранд, ба ҷойи истиқоматии онҳо рафта, аз ҳунарҳои мардумӣ барояшон меомӯзонанд.

- Бинои вайронаву валангоре, ки аз замони шӯравӣ монда буд, бояд дар он корхона бунёд меёфт. Аз он ки ташкилоти номбурда танҳо барои харидории лавозимоти корӣ бароямон маблағ ҷудо намуда буд, маблағи сандуқчаро барои таъмиру тармими бинои корхона масраф кардем. Ҳамон лаҳзаҳои душвор маблағи сандуқча мушкилкушоямон шуд. Дигар камбудиҳои коргоҳро низ аз ҳисоби маблағҳои пасандознамудаамон бартараф сохтем, - иброз дошт бонуи ҳунарманд.

Озода ҳунарро аз модар омӯхтааст ва мекӯшад, то духтаронаш низ баҳра аз ҳунар гиранд. Мегӯяд, ки духтаронашро низ чун модару бибиаш ба ҳунармандӣ тарғиб намуд ва онҳо мисли модарони хеш обрӯ аз ҳунарварӣ ёфтаанд.

- Синни модарам аз 80 боло. Бо дӯхтани тоқию ҷома ва зардӯзӣ байни мардум чун чевари номӣ шинохтаву соҳибэҳтиром аст. Ҳунару ҳунармандро қадр менамояд, зеро аз ин пеша ҳам нон ёфту ҳам ном. То поси шаб тоқию ҷома медӯзад ва субҳгоҳон маҳсули дастонашро ба бозори ноҳияи Шаҳритус мебарорад. Ҳунари модар харидорони зиёд дорад, - боифтихор гуфт Озода..

Бонуи ҳунарманд шукргузорӣ аз сулҳу истиқлоли Ватан намуда, иброз медорад:

- Рӯзҳои сахту душворро то замони соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузарондем. Даврае буд, ки на ҳунар қадр дошт ва на ҳунарманд. Ин бетафовутӣ то ба дараҷае расид, ки қариб ҳунарҳои мардумӣ аз байн мерафтанд. Ҷойи тоқиҳои хушдӯхти тоҷиконаро тоқии муҳрдори чинӣ гирифт. Ҳунари ҷомадӯзиро акнун ҷавондухтарон майли омӯхтан доранд. Пештар, вақте ба ҳунаромӯзӣ ҷалб менамудем, нописандона мегуфтанд: «Ин чизҳои қадима ба кӣ даркор?». Солҳои охир баръакс, мекӯшанд то ҳунар омӯзанд.

Аноҳито,
Душанбе – Носири Хусрав - Душанбе

1Barakati-sanduqchai-zulbieo

:.  Фарҳанг 23.07.2021 13:42 669

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz