07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲУРУФЧИН

MoshinkaДар он солу замонҳо дар вақти дарси таълими меҳнат ба гурӯҳи бачаҳо маҳорати тракторронӣ ва чӯбтарошиву оҳангарӣ омӯзонида мешуду духтарон бошанд аз касбу ҳунарҳои дӯзанагӣ ва кор дар мошинаҳои ҳуруфчиниро таълим мегирифтанд. Шавқу ҳаваси беинтиҳои кор бо дастгоҳи ҳуруфчинӣ ва минбаъд интихоби пешаи котибагӣ аз нахустин лаҳзаҳои дарси омодагии касбӣ дар замири Муҳаббат маъво гирифта буд, ки он айём дар синфи 8-ум таҳсил менамуд.

Новобаста ба як давраи кӯтоҳмуддати дарси ҳуруфчинӣ он мошинчаи зардфаши чопӣ ончунон таваҷҷуҳи ману ҳамдарсонамро ба худ ҷалб карда буд, ки аз он пас, дарси таълими меҳнатро бесаброна интизорӣ мекашидем, - ба ёд меорад Муҳаббат Гадоева. – Ба гоҳи суҳбат атрофи интихоби касб ва пайроҳаи дар ин ҷода паси сар намудаам, ҳамеша дарси аввали шиносоӣ бо мошини чопӣ пеши назар меояд, ки муаллим аз таърихи пайдоиш ва нақши дастгоҳи ҳурурфчинӣ дар рушду пешбурди соҳаи табъу нашр қисса мекарду мо духтарон, аз ҳаракати ангуштони омӯзгор рӯи тугмачаҳои ҳарфдор чашм намекандем.

Баъди хатми МТМУ № 7-и шаҳри Бохтар назди ҳуруфчини касбие шогирд истода, баъдан тариқи озмун ба ҳайси котибаи мудири шуъбаи ахбори онвақта “Радиои Қӯрғонтеппа” ба кор даромад. Дар баробари муҳити фараҳбахши эҷодӣ, ки дар ин даргоҳи муқаддас беҳтарин адибону мухбирони номдор фаъолият доштанд, дар ин ҷо низоми ниҳоят ҷиддӣ ҷорӣ буд. Бинобар сарбориҳои касбӣ ва аз соати корӣ барвақттар ба ҷойи кор омадану дер ба хона баргаштан барои аҳли эҷодии радио ба оддати маъмулӣ табдил ёфта буд.

Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтанам тамоми рӯз машғули чопи матну гузоришҳои радиоӣ шуда, боз ҳам, дар фарҷоми рӯз чопи матнҳои дар навбат истодаро ба рӯзи дигар мегузоштем. Зеро, дар он давра ҳаҷми корҳои эҷодӣ дар соҳаи радио ниҳоят зиёд буду кормандони он дар як рӯз чанд хабару гузоришҳои фаврӣ таҳия менамуданд. Албата, барои ман, ки ҷавону таҳсилоти олӣ надида будам, ҳамкорӣ дар сатҳи устодони сухан ва дигар қаламкашони варзидаи вилоят кори саҳлу содда набуд. Вале бо ҳама сахтгириву ҷиддият дар иҷрои вазифаву масъулиятҳои доштаашон дар симои муҳаррирону мухбирони радио шахсиятҳои ниҳоят меҳрубону роҳнамои ҷавононро медидам. Дар он давра мо котибаҳои идораи радио матни хабару гузоришҳоро аз рӯи дастнависҳо ё нутқи айнан нақлкардаи худи мухбирон чоп мекардем. Ба хусус, барои ман чоп намудани матни барномаҳои устоди равоншод Баҳриддин Мирзоалиев мушкилтарин имтиҳони зиндагӣ буд. Зеро устод зимни чопкунонии матни барномаҳояш дар толор қадамзанон мегуфту дар миён баъзан бо дигарон низ ҳамсуҳбат мешуд, аммо аз ду маротиба такрор кардани як ҷумла хушаш намеомад. Бо гузашти солҳо ва таҷрибаи рӯзгор дарк намудам, ки он устодони забардаст бо серталабиву сахтгириҳояшон мо ҷавононро ба такмили донишу маҳорат ва заковату ҳушмандӣ водор месозанд.

Ба андешаи Муҳаббат Гадоева новобаста ба мушкилиҳои техникӣ ва маҳдудиятҳо дар интихоби мавзӯҳо ҳар нафар корманди эҷодии радио ҳафтае 5 - 6 хабару гузоришҳои фаврӣ омода намуда, ду - се барномаҳои фарҳангӣ - фароғатиро гардон намуда, дар баробари мазмуну муҳтавои баланд барномаҳои радиоӣ ҷаззобу диққатҷалбкунанда буд. Яъне, дар қиёс ба замони имрӯза имкониятҳои эҷодӣ агарчи маҳдуд буд, аммо сатҳу сифати барномаҳои радиои вилоят бамаротиб беҳтару хубтар буду радиои вилоят шунавандаи зиёд дошта, садҳо нафар сокинони касбу кори гуногун бо идораи радио муколамаи хаттӣ доштанд.

- Соли аввали ба ҳайси ҳуруфчин ба фаъолият пардохтанам ҳамагӣ як рубл музди маош мегирифтам. Ба музди маоши кам нигоҳ накарда, дар тӯли зиёда аз 40 соли фаъолиятам дар “Радиои Хатлон” боре ҳам дар интихоби касб тардид надоштам. Ҳатто дар солҳои мудҳиши ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ҳам ба истиснои рӯзҳое, ки дар кӯчаву хиёбонҳо “тир меборид”, кору фаъолияти худро дар ин даргоҳи бароям азизу маҳбуб қатъ накардаам.

Бо гузашти солҳо ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ дар раванди мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ “Радиои Хатлон” низ дубора рушду ривоҷ ёфта, мо аз кор дар мошинчаҳои ҳуруфчинӣ ба истифодаи компютер гузаштем, ки ин кори моро ба маротиб осон намуд. Дар ин миён дар баробари устодону ҳамкорони собиқам садҳо шахсиятҳои машҳуру муътабари шаҳри азизамон моро тарк гуфтанд. Баъдан, шавҳарам аз олам гузашту ба қавле масъулияти рӯзгори хонавода ба дӯши ман уфтод. Шукри Парвардигор, аз баракати пешаи интихобнамудаам фарзандонро оиладор карда, зиёд аз нақшаву орзуҳои ҳаётии худро амалӣ намуда тавонистам, - бо қаноатмандӣ изҳор медорад Муҳаббат Гадоева.

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

шаҳри Бохтар

:.  Фарҳанг 20.04.2021 04:11 900

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz