07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУРХИ ҶИГАРӢ МӮД ШУД

 

 

9wМӯдшинос ва тарроҳ Нисо Қаюмова аз синни наврасӣ ба олами мӯд пайваст ва талош намуд, то бо диду назари худ байни дигар ҳунармандон пирӯз шавад. Суҳбате, ки бо бонуи ҳунар доштем, ба ҷуз муаррифиаш ҳамчун ҳунарманд, инчунин маслиҳаташ ба бонувон дар мавриди интихоби либос ва рангу тарҳи он дар мавсими баҳор ҷараён гирифт.

«Асри навин»

Либосҳое, ки аз ҷониби тарроҳони мо омода мегарданд, бо бренди «Асри навин» маъруфанд. Дар ин ҷода бо асри наву замони муосир ҳамқадам шуданро ҷоиз медонам. Ин хислатро аз кӯдакӣ доштам, яъне мехостам либосеро ба бар гирам, ки касе аз он тарҳу ранг ва матоъ надошта бошад. Ҳамроҳи хоҳарам Азиза, ки ӯ низ дар олами мӯд муваффақ аст, ҳамеша аз матоъҳои гуногун ба хости дил мебуридему медӯхтем. Баъди ба воя расидан бо тарроҳони номии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ мондем. Як давра маркази тарроҳонро ба рӯи ҳунармандон боз намудам, вале он чизе, ки мувофиқи табъу завқам буд, пайдо карда натавонистам.

Баъдан, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо тарроҳону мӯдшиносони маъруф пайвастам. Барои омӯзиш ба назди тарроҳи шинохтаи рус Вадим Хусаинов ба Россия сафар намудам. Чанд муддат аз мактаби олами мӯди ӯ ҳунар андӯхтам. Бо тарроҳи шинохтаи қазоқ Гулнора Жусунова ҳам як муддат ҳамкорӣ доштам ва аз ӯ низ ба худ маълумоти тоза дар бораи мӯдшиносӣ ва тарроҳӣ гирифтам.

Ҳамкорӣ бо тарроҳони номӣ имкон дод, то дар қатори тарроҳону мӯдшиносони ҷаҳонӣ дар озмунҳои байналмилалии намоиши мӯд ширкат варзам. Чунин озмунҳо дар кишварҳои Покистон, Ҷумҳурии Корея, Россия, Қазоқистон баргузор шуда буданд ва либосҳои ба намоиш гузоштаи мо аз ҷониби ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар яке аз озмунҳо мӯдшиноси маъруфи франсуз Пеер Карден аз дидани либосҳои намоишӣ, ки бо нақшҳои миллиамон оро дода шуда буданд, дар ҳайрат афтода, ҳунару тарроҳии тоҷиконро эътироф намуд.

Тавъам…

Касби интихобнамудаам иқтисодчӣ мебошад. Исрофкориро намеписандам. Сарҳисоби харҷу дахламро медонам ва ин аст, ки дар ҷараёни фаъо­лият тахассус ба ман суд меорад. Дар истифодаю интихоби матоъ ва нақшпартоию тарҳи либос бояд ҳар як тарроҳ иқтисоддон бошад. Ва баъдан дурнамои кор тариқи ҳамин соҳа муайян мешавад, яъне чӣ гуна ба бозор роҳ ёфтан ва муваффақ шудан дар ин самт аз дониши иқтисодӣ доштан иртиботи зич дорад. Ба фаҳмиши банда касбу ҳунар тавъаманд.

10w

Ҳар тарроҳ ва мӯдшинос диду завқи худро дар амалӣ гаштани нақшаҳо ва пирӯз шуданаш дар олами мӯд ба кор мебарад. Ман низ бо диди худ тарроҳӣ мекунам. Самти кории ман асосан омода намудани либосҳои ягонаи расмӣ барои кормандони корхонаю муассисаҳост. Бале, фаъолият дар ин ҷода осон нест. Зеро на ҳар вақт бо чунин намуд либосҳо дархост гирифта мешавад. Ба ҳар ҳол талош меварзам, ки либосҳои омоданамудаамон бо тарҳи замонавӣ ва бо нархи дастрас ба бозор низ роҳ ёбад.

Алҳол, бо ширкатҳои ҳавопаймоии «СомонЭйр», Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем ва либосҳои ягонаи кориро барояшон омода менамоем.

Аслан мекӯшем, то либосҳои дӯхтаамон дар ҳар маврид истифода шаванд. Яъне, мизоҷ тавонад, ки онро дар ҷойи кор, сайругашт ва ҳатто ҷашнҳо ба бар намояд. Аз ин рӯ, вақти омода кардани либос аз ороишоти қадима истифода мебарам. Ҳадаф ин ки либос бояд камхарҷу бологузар бошад.

Зебопарастон

Солҳои охир бонувон дар интихоби либос, умуман ба зебоии зоҳирии худ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Занони хонашин, ки пештар «дар хона шишта, чаро худро ороста нигоҳ дорем», мегуфтанд, низ имрӯз аз хизмати машшотону тарроҳон ва дӯзандаҳои маъруф истифода мекунанд. Бо завқу табъи баланд худро оро медиҳанд ё бо тарҳи замонавӣ либос фармоиш медиҳанд.

Зебопарастӣ табиати занон аст ва ҳар бону кӯшиш менамояд, то зебову ороста ва пероста бошад. Масалан, бо фаро расидани фасли баҳор аллакай дар тараддуди омода намудани либос мешаванд. Аксар мувофиқи табъ ранг интихоб менамоянд, бархи дигар вобаста ба муҷал (мӯлҷар) ё мӯди замона.

Барои онҳое, ки аз рӯи муҷал ба худ ранги либосро интихоб карданианд, ҳамчун тарроҳ ва мӯдшинос гуфтаниам, азбаски имсол соли Бақар (Гов) аст, интихоби ранги сурх хатост, ҷигарранг дар мӯд меояд. Аз ҷониби дигар, беҳтараш ба касе кадом ранг зебанда ва мақбул бошад, ҳамонро бипазирад. Шахсан ман ранги сиёҳ ва сафедро дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ вобаста ба мӯд ранги либосро интихоб намекунам. Он чизе, ки мувофиқ бошад, ҳамонро ба бар мегирам.

Дар интихоби рангу сифати матоъ ва тарҳи омода намудани он аввал ба хости мизоҷ аҳамият медиҳам, баъдан маслиҳат меороям. Аслан бояд бонувон аз ҳар намуд либос дошта бошанд, то тавонанд дар мавриди зарурӣ онро ба бар намоянд. Масалан, барои тӯй, кӯча, хона ва ҳамчунин, мувофиқи он дар интихоби пойафзол иштибоҳ нанамоянд. Ба андешаи ман се ранг – хокистарӣ, сиёҳ ва кабуд ба ҳама мезебад.

Аноҳито

:.  Фарҳанг 29.03.2021 05:50 723

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz