07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАКАРШИКАН

 

       ГУЛРУХСОР

                 ШОДИЁНА

    Баҳор мерасад!

    Ҳазору як тарона аз дили умедвор мерасад,

    Фариштаи савобофари гуноҳ бовиқор мерасад,

    Нигоҳи ошиқона беқарор медамад,

    Шарора аз нигоҳи барқвор мерасад,

    Ҳумои хулди хокиён,

     Сафедбол пар кашад ба сӯйи нуриён,

     Малак, зи мазраъи фалак ситоракор мерасад…

     Баҳор мерасад!.

     Чӣ осиёна табли шӯр мезанад

     Раъди растахез масту бовиқор,

     Чӣ бориқона медамад ҷилои ишқ

      Дар ҷамоли наварӯси навбаҳор,

      Чӣ сӯфиёна чарх мезанад насими мушкбор,

      Чӣ дилбарона рақси ноз мекунанд кокулони          обшор…

      Чу савти ҷони тармаоб

      Дар гудози пардаҳои обшор гиряхандае       набуду нест,

      Ба сони рақси кокулони бед

      Бо ҳавои тори рӯдбор

      Ҷилвае базеб несту набуд,

      Чӣ шодтар аз ин тарона метавон шунид,

      Чӣ хубтар аз ин чакома метавон суруд?!

      Баҳор мерасад, баҳор мерасад!.


      Шоираи РАҲИМҶОН

             Модар, маро бубахш...

           Модар, маро бубахш, ки безорам аз худам,

           Ман он занам, ки бахт фаровон надоштам.

           Модар, маро бубахш, ки дар фасли зиндагӣ,

            Чизе ба ҷуз тулӯъи зимистон надоштам.

      Модар, маро бубахш, ки аз ғуссаҳои ман,

      Дар лобалои сонияҳо хун гиристаӣ.

      Аз қисмати сиёҳи мани ғамкашидаат,

      Монанди абри тираи ҳомун гиристаӣ.

      Модар, гуноҳи ман агар ин аст зиндагӣ,

      Аз чи ба кокулони ман овеза мекунад,

      Зангулаҳои бахти зи бегона омада,

      Манро ба бахтдуздиам овоза мекунад?

      Модар, агар ки бори дигар оварӣ маро,

      Савганд бар нигоҳи ғамат оварам бидон.

      К-он бахти сарнагуншударо сарнагун кунам,

      Бо сояи худам биравам содаву ниҳон.

      Аз пеши чашмҳои ту, эй меҳрубонтарин,

      Дури ба дур рафтаву ранҷур мешавам.

      Парво накун, он дами фархунда мерасад,

      К-ин наҳс саъд гашта басе нур мешавам!

 

Сулаймон СУЛТОН

Эй хуррамии баҳор, модар

Эй хуррамии баҳор, модар,

Эй гул, гули рӯзгор, модар.

Ғайр аз ту азизтар касе нест,

Эй мунису ғамгусор, модар.

Аз аллаи ту ҷаҳон бихуспад

Афсонаи ғамбарор, модар.

Монандаи ахтарони гардун,

Истода ба чашми чор, модар.

Дастони дуои туст меҳроб,

Муъҷизаи кирдигор, модар.

То сер бувад туро ҷигарбанд,

Як умр ту рӯзадор, модар.

Эй номи ту ҷовидона, дар даҳр,

Эй меҳри ту пойдор модар

 

 

:.  Фарҳанг 29.03.2021 04:14 661

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz