07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ОДАТИ КИТОБХОНИРО ЧӢ ТАВР ДАР ХУД ТАШАККУЛ ДИҲЕМ?

Chitavr-ba-kitobПеш аз оне, ки китоберо ба даст мегирем, бояд мушаххас созем, ки завқамон бештар ба кадом намуди асарҳост. Вақте мақсади худро муайян менамоем, бояд аз манбаҳои эътимоднок истифода барем. Метавон аз китобдорон ё фурӯшандагони китоб, ки аксаран китобхонанд, маслиҳат пурсид. Онҳо метавонанд беҳтарин китобҳоро барои мутолиа тавсия диҳанд.

Суҳбат бо ашхоси китобхон метавонад шуълаи мутолиаро дар қалбҳо бедор созад.

       Китобе, ки ба дил номақбул асту аз он наметавон лаззат бурд, бояд канор гузошт, то вақт зоеъ нагардад. Барои мисол, агар баъди мутолиаи 50-60 саҳифаи китоб он писанди дил наафтад, мебояд ба суроғи дигар китоб рӯ овард. Дар ҳолати худро маҷбуран ба китобхонӣ водор кардан метавонад ҳисси нафратро ба китоб бедор намояд.

       Мебояд кӯшид, то вақти муайяне барои китобхонӣ ҷудо гардад, ҳарчанд дар оғоз ин амал душвор намояд ҳам, баъдан ба он одат пайдо мегардад. Масалан, агар 10 дақиқа баъд аз наҳор, 15 дақиқа дар дохили нақлиёт ва 20 дақиқа пеш аз хоби шабона китоб мутолиа намоем, хоҳем дид, ки давоми рӯз 45 дақиқа вақти фориғи худро сарфи мутолиаи китоб мегардонем.

       Ҳамеша бо худ китобе доштан хуб аст. Дар вақтҳои интизорӣ хоҳ дар истгоҳ, хоҳ дар тарабхона, ё дар навбати чизе истодан аз китоби ҳамроҳ истифода бурдан вақтро самаранок мегардонад. Китоб агар дастрас набошад, метавон аз сомонаҳои интернетӣ адабиёти заруриро пайдо намуд.

       Нафароне, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ сару кор доранд, метавонанд китобҳоро дар шакли сабти овозӣ истифода намоянд ва дар баробари он кори худро сомон диҳанд.

       Мо низ метавонем таваҷҷуҳи нафарони зиёдеро ба китобхонӣ ҷалб созем. Чӣ гуна? Аз миёни ҳамкорон, ҳамсабақон ва ё аъзоёни оила гурӯҳҳо ташкил намуда, оид ба китобҳои мутолианамудаи хеш бояд суҳбатҳо ороем. Дар ин сурат ҳар ҳафта иштирокдорон мекӯшанд, то китобҳои беҳтаринро мутолиа карда, дар баҳсҳои гурӯҳӣ ширкат варзанд.

         Нависанда Ҷорҷ Р. Р дар ин бора фармудааст: "Касе, ки доим дар мутолиа аст, ҳазор бор қабл аз маргаш зиндагӣ мекунад. Аммо нафари дур аз мутолиа фақат як бор қабл аз марги хеш мезияду халос".

Фарзона ВОСЕЕВА


 

:.  Фарҳанг 12.03.2021 11:15 737

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz