07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

 

Иқдоми воло

30hjpg


Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо, аз волотарин иқдомҳои фарҳангии Хукумат аст. Ин озмуни пурфурӯғ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ба роҳ монда шуд.

Озмун бори дигар нодурустии ақидаҳоеро, мисли миллати мо имрӯз гӯё китоб намехонда бошад, ботил сохт. Шавқу шаафи беандозаи мардум ба китобу китобхонӣ, ки ин озмун шоҳиди гӯёи он аст, мояи нишот аст. Миллати тоҷик аз бос­тонзамон китобдору китобдону китобхон буд ва ҳаст.

Баргузории озмун лаёқату маҳорати эҷод­корию маърифатофариро тақвият бахшид, дӯстдорони каломи бадеъро бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт, истеъдодҳои вофирро аз байни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта ҳувияту худшиносии миллатро баланд бардошт. Озмунҳо фурӯғи фарҳангро фаротар, нури донишро фузунтар дар фазои кишвар мепарокананд. Чунин фазилатозмунҳо биниши зеҳнии аҳли ҷамъиятро фаротар ва зарфияти маънавиашро фарохтар месозанд.

31cdҶараёни даври ҷамъбастии озмуни фавқуззикр дар сатҳи баланд ва ба таври шоистаю боиста комилан аз тариқи расонаҳои хабарӣ, бавижа шабакаҳои телевизиони кишвар инъикос шуд. Барои волидони довталабон ва алоқамандон имсол шароити мусоид фароҳам оварда шуд, то дар толорҳои алоҳида мустақиман рафти баргузории озмунро мушоҳида кунанд. Барои ин корашон масъулону дастандаркорони баргузории озмун шоистаи таҳсинанд.

Ин сабқат соли 2019 аз рӯи чор номина (адабиёти классикӣ; адабиёти муосир; адабиёти бачагона; адабиёти ҷаҳон) баргузор гардида буд. Соли 2020 мутобиқи Низомномаи нави озмун ба он номинаи шоирӣ низ илова гардид. Ҳамчунин, имсол тибқи ҳар номинае шашнафарӣ аз рӯйи ҷойҳои бадастовардаашон соҳиби мукофотпулӣ гаштанд. Тибқи талабот дар соли 2020 ва бо дарназардошти синни довталабон се гурӯҳе аз қишри ҷомеа дар ин сабқат ширкат карда метавонистанд:

1) тарбиягирандагон ва хонандагони муас­сисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

2) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

3) калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар).

32scjpgШиркатдорони озмунро ба ҳар гунае арҷгузорӣ кардан, минҷумла, барои ба донишгоҳҳо ҳамчун донишҷӯ пазируфтани довталабоне, ки хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буданд, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавсия шудани се нафар пирӯзманд аз бахши шоирӣ ва бо нишони махсуси ин ниҳод – «Сухан» қадр намудани онҳо, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» арҷгузорӣ кардани омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври хотимавии озмун ғолиб гаштаанд, низ аз тадбирҳои судманд буданд. Бо ҳамин навгониҳо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - 2020 аз озмуни соли пешин тафовут ва бартарӣ дошт.

Фарқи дигари озмуни ҳамноми дувумӣ аз нахуст, дақиқтараш, талаботи он чунин буд, ки довталабон мебоист аз рӯйи феҳристи қаблан муайяншудаи китобҳо ва адибон омодагӣ медиданд.

33xfcjpgБаъди анҷоми озмун мо барои дар сатҳи боз ҳам баландтар баргузор гаштани чунин сабқатҳо чанд пешниҳоде доштем, аз ҷумла:

Низомномаи озмунро мебояд бо ба назар гирифтани таҷрибаи имсола такмил дод ва нуқсу камбуди онро рафъ кард. Бо ин мақсад, агар лоиҳаи он қаблан барои баррасӣ ба созмону ниҳодҳои илмию адабию таълимӣ пешниҳод гардад, хуб мешавад;

Пешниҳоди рӯйхат (феҳрист) - и китобҳо барои мутолиа ба довталабон ҳадафманд нест, бигзор хондани асарҳо озод бошад;

Бартарӣ додан ба довталабоне, ки хонандаи мутафаккирону адибони пешгому маъруфи муосири ҷаҳониянд, бар суди кор хоҳад буд, зеро андешаи нав таконбахши ҷомеа ва омили пешрафти он мешавад;

Зарурати номинаеро аз озмун ихтисос додан ба кутуби илмӣ ва илмию оммавӣ низ вуҷуд дорад. Дӯстдорону мутолиакунандагони чунин китобҳо низ зиёданд. Ҳамчунин, таъйин кардани номинаи хос бо ин мақсад ба татбиқу амалисозии барномаҳо вобаста ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидан ва тавсеаи тафаккури фаннии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард;

Бахш - номинаи алоҳидаеро барои дов­талабоне, ки бо забони русӣ ё дигар забонҳои хориҷӣ санҷиши донишу маҳорат мекунанд, муайян кардан низ мантиқию матлуб аст. Ва барои ин номина низ ба он миқдоре, ки дар номинаҳои дигар ҳаст, ҳакамонро мебояд таъйин кард, яъне, масалан, донишу маҳорати довталабонро дар номинаи адабиёти клоссик панҷ нафар довар арзёбӣ кунад, шумораи ҳакамони ин номина низ бояд на камтар аз ин бошад;

Онҳоеро, ки боре дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат карда, пирӯз шудаанд (соҳиби ҷойҳои якум ё дувуму савум), барои ширкат ва бахтозмоӣ дар солҳои баъдӣ иҷоза дода шавад ҳам, ба андешаи мо, андаке маҳдудият ҷорӣ кардан барояшон мантиқист;

Омӯзгорону омодакунандагони довталабонро мебояд барои шеърҳоро табиӣ қироат кардани онҳо кӯшанд, на сунъӣ ва бо зиёдаравӣ дар имою ишорат ва ҳаракати бемавқеи лабу дасту чеҳра. Зумрае аз ширкаткардагон дар озмун, таносуби овозу матн, ҳаракату имою ишораи (мимикаи) баҷо, созгории маънию оҳанги гуфторро намедонистанду риоя намекарданд, ки ин ҷурми устодонашон аст. Маълум аст, ки ҳатто талаффузи ноҷои як ҳиҷо ва риоя накардан ба задаи мантиқӣ ё як аломати китобат боиси тағйири маъно ё аз байн рафтани он мешавад;

Барои таъмини шаффофият ва риояи адолат дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ супурдани сабти видеоии ҷараёни ин озмунҳо барои ташхису таҳлил ба комиссияи дахлдор зарур аст.

Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА,
сарму
ҳаррири маҷаллаи «Довталаб»

 

:.  Фарҳанг 25.01.2021 07:01 2750

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz