07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАН ВА ТЕАТР

 

35Театру синамо ва осорхонаву китобхонаҳо, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушду эҳё гардидаанд, ҳамчун муҳимтарин унсурҳои фарҳангӣ дар тарбияву ташаккули зеҳнии одамон, муаррифии тамаддун ва арзишҳои миллии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нақши ниҳоят муҳим гузошта истодаанд. Гузори начандон тӯлонии таърихи давлатдории навини мо собит менамояд, ки маҳз бо истифодаи судманд аз ин ва дигар воситаҳои фарҳангӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои халқ ба сӯи амалисозии ҳадафу андешаҳои бузург мебошанд. Дар радифи сохтмону азнавсозии иншооти гуногуни муассисаҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифода додани осорхонаву китобхонаи мӯҳташами замонавӣ ва инак, бинои бо тарҳи нави меъморӣ қоматафрохтаи Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад. Бунёди театри замонавӣ ба аҳли ҳунари ин боргоҳи маонӣ имкон фароҳам овард, то дар муҳиту шароити созандаи эҷодӣ беҳтарин барномаву намоишҳои театриро таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонанд.

Иштироки фаъоли санъаткорони театри мазкур дар таҳия ва баргузории чорабиниҳои муҳташами фарҳангию ҷашнвораҳои миллии “Наврӯзи байналмилалӣ”, “Меҳргон”, “Иди Сада” ва пешкаш намудани асарҳои ба саҳнагузоштаи “Ворисони беворис” дар таҳияи Ҷўрахон Расулов, “Абадзиндаҳо”-и коргардон Баҳром Қурбонзода, “Бежан ва Манижа” дар таҳияи Ҷумъа Қуддусов ва ғайраҳо аз дастовардҳои назарраси ҳунармандони Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар соли 2020 -ум ба ҳисоб меравад.

    36 Тавре ки Отахон Саидзода роҳбари Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, иброз медорад, тоҷикон аз аҳди бостон бо ташкилу баргузории тантанаҳои идона ва чорабиниҳои бузурги оммавӣ маълуму машҳур буданд. Ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ як зумра аз қадимтарин ҷашнвораҳои бузурги мавриди таваҷҷуҳи башариятро ҳамчун моли фарҳангии миллати тоҷик мешиносаду эътироф дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнвораи Наврӯз ҳамчун муҳимтарин моли фарҳангии мардумони машриқзамин мақоми байналмиллалӣ пайдо карда, ҳамакнун онро дар тамоми ақсои олам бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Воқеан, дар ҳама давру замон намои ҷашнвораҳои бузурге ба мисоли “Наврӯзи байналмилалӣ”, “Ҷашни Меҳргон”, “Иди Сада”ва дигар расму оинҳои миллӣ бидуни ҳузури бонувон тасаввурнопазир буда, маҳз фарҳанги миллии мо таҷассумгари воқеии симои асили зан - модари тоҷик арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти нақши занон дар рушди театру синамо ва дигар бахшҳои соҳаи фарҳанг роҳбарияти Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҷалби мутахассисони ҷавон аз ҳисоби бонувон таваҷљуҳи беандоза зоҳир менамояд.

37Айни ҳол, дар ҳайати эҷодии ин боргоҳи ҳунар 11 нафар бонувони ҳунарпеша фаъолият дошта, бо иҷрои нақшҳои театрӣ ва таҳияву ба саҳнагузории чорабиниҳои оммавӣ саҳми худро дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг ва тарбияи ҳисси зебопарастӣ ва маърифатнокии ҷомеа гузошта истодаанд. Нақши бонувон дар рушду нумӯи Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба таърихи таъсисёбии ин боргоҳи ҳунар рост меояд, ки шурӯъ аз соли 1980 бо омадани нахустин ҳунармандони касбӣ аз қабили Меҳри Тоҷибоева, Амина Табарова, Зарина Хушвахтова ва баъдан Гулчеҳра Наимова, Зебӣ Муродова, Гулчеҳра Собирова ва дигарон офаридини нақши зан дар саҳнаҳои театрӣ беҳтар гардид. Ҳар яке аз ин ҳунармандони асил бо иҷрои моҳиронаи образҳои гуногуни зан дар ёду хотираҳои тамошобинон боқӣ мондаанд.

Ба гуфтаи устоди ҳунар Љўрахон Расулов бо ҳама дастоварду муваффаққиятҳои касбӣ мебояд, ки дар самти дарёфти ҳаваскорону духтарони боистеъдод ва тарбияву омода намудани ҳунарпешаҳои касбӣ аз ҳисоби бонувон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, то ин ки дар баробари фаъолнокии бештари бонувон дар ин ҷода, ҳамзамон дар сафи коргардонҳои театр мутахассисони соҳавиро аз ҳисоби бонувони ҳунар ҳам бубинем.

- Дар ин давраи рушду эҳёи театри тоҷик, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соҳиби бинои муҳташаму замонавӣ гардидааст, хуб мешуд, ки ба хотири ҷалби бештари тамошобинон ба театр асарҳои мусиқиро низ ба саҳна бигузорем. Зеро асарҳои мусиқӣ, яъне тамошои суруду навои зинда дар саҳнаи театрӣ мухлисони бештар доранд

   Бинобар ин, барои ба саҳна гузоштани асарҳои мусиқӣ дар баробари ташкили оркестри зинда инчунин, гурӯҳи рақсӣ низ таъсис дода шавад, ки барои ин мо аз ҳисоби бонувону ҳунарпеша мутахассиси таҳиягари рақсҳо (хореограф) низ дорем, - мегӯяд Ҷўрахон Расулов.

Ба қавли ҳунармандони театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар асарҳои театрӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва дар рўҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ тарбия намудани наврасону ҷавонони мо нақши бағоят муҳим мебозад. Аз сӯи дигар, бо тақозои замон рушди соҳаи фарҳанг на танҳо ба тарбияи маънавию ташаккули афкори созанда дар ҷомеа мусоидат менамояд, балки дар раванди ҷаҳонишавӣ, рушди муносибатҳои дипломатӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона ба дигар халқу кишварҳои олам низ нақши ниҳоят муҳим мебозад.

 

 

 

ҶАМОЛИДДИН САЙФИДДИН,

Хатлон

 

 

:.  Фарҳанг 18.01.2021 11:50 808

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz