09

Сентябр, 2025
Сешанбе

09

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУЕ АЗ «ФАРҲАНГСАРОИ ОРИЁӢ»

 

26Бо ќади чун сарв боло, бо чашмони шаҳло, бо суханони ҳамчун оби равон ширину гуворо зуд ба дилу дида ҷо мешавад. Аммо кам касон медонанд, ки дар пасманзари ин ҳама латофату назокати бонувона Раънои муборизе бо дили шерона меистад, ки ҳадафи аслии зиндагияшро хидмат кардан ба фарҳангу адабиёт, таъриху забони миллат, бедор кардани ҳисси худшиносиву меҳанпарастии наслҳои нави даврони истиќлол аст.

Бонуе, ки ба хотири расидан ба маќсаду ниятҳои поки худ, аз касби сердаромаду камташвиши мудирии шуъбаи яке аз калонтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Истаравшан даст кашид. Зеро муҳаббаташ ба адабиёт ва писанди устодону аҳли сухан гардидани нахустин шеърҳояш ӯро водор ба табдили пеша кард.

Фидоие буд дар ҷабҳаи фарҳанг ва барои огоҳии комилтар доштан аз адабиёту таърихи миллат пайваста мехонду ҳамвора шеъру маќола менавишт ва дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ғоибона таҳсили илм мекард. Андак - андак ба доираҳои адабии Истаравшану вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ роҳ ёфт.


Фарҳангсарои ориёӣ аз куҷо пайдо шуд?

Моҳи майи соли 2003 Раънои Зоирдухтро ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» даъват карданд.

Маҳз дар ҳамон маҳфил доктор Обтин Сосонфар идеяи худ ва хонумашро барои таъсиси як кохе, ки мероси арзишманди ниёгонамон - ориёиҳоро ҳифз ва тарғиб карда тавонад, пешниҳод намуд ва гуфт, ки бо сабабҳои маълум дар Эрони имрӯза ва Афғонистони ҷангзада наметавон ин корро анҷом дод. Алъон танҳо Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду обод бо роҳбарии Сарвари нерумандаш Эмомалӣ Раҳмон метавонад шамъи ёди ниёгонро рӯшан кунад ва нигоҳбон бошад. Азбаски Ќалъаи Муғи Истаравшан бо оташкадаву ёдгориҳои замони ориёияш ба ҷаҳониён ошност, Сосонфар тасмим гирифт, ки кохи мавриди назар маҳз дар ҳамин шаҳр сохта шавад.


«Метавонам»
гуфтан осон, вале…

Аз Раъно пурсиданд, ки оё метавонад масъулияти сохтмон ва роҳбарии кохро ба уҳда бигирад. «Метавонам»,- гуфт ӯ. Сосонфар ба Масъуди Миршоҳӣ рӯй овард: «Шумо бовар доред, ки ин бонуи ҷавон чунин кори азимро анҷом бидиҳад?» Масъуди Миршоҳӣ, ки пештар ҳам Раъноро мешинохт, ба ҷаноби Сосонфар гуфт: «Ба ӯ метавонед эътимод кунед».

Ваќте Сосонфар ва Миршоҳӣ ба Истаравшан омаданд ва диданд, ки Раъно ва ҳамандешони ӯ дар як ҳуҷраи танг чандин маҳфилҳои адабию фарҳангӣ созмон дода, ҳамзамон, моҳномаи хосеро бо номи «Ганҷи ороста» пироста ва дастраси мардум мекунанд, боварашон ба ќобилияти ин бону фузуд. Тасмим гирифтанд, ки кохи ояндаро сармоягузорӣ мекунанд.

Раъно дертар фаҳмид, ки чи масъулияти гаронеро бар дӯш гирифтааст ва чи монеаҳои воќеиву сунъиро бояд паси сар кард. Сар шуд даводавӣ, мувофиќакунонӣ, номанависӣ ба маќомоти гуногун аз раиси шаҳр то Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Ниҳоят баъди ду сол ќитъаи заминеро, ки партовгоҳе буд, барои сохтани кох ҷудо карданд.

Раиси ваќти шаҳри Истаравшан Ҷумъабой Зокиров як дастаи бинокоронро ба сохтмон вобаста кард. Кор оғоз ёфт, аммо он солҳо аҳли хурофот ва наҳзатиён дар шаҳр нуфузи зиёд доштанд Овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё дар ин ҷо маъбади оташпарастон месозанд ва дини зардуштиро таблиғ мекунанд. Ҷоҳилон, ки арзишҳои фарҳангии миллати бостонии худро намедонистанд ё медонистанду эътироф намекарданд, ошкору ниҳонӣ овозаҳо паҳн менамуданд, номаҳои иғвоангез менавиштанд. Борҳо шоира ба ҷои эҷоди шеър барои маќомоти гуногун баёнот менавишт.

- Дигар касе дар сохтмон бо мо ҷуръати ҳамкорӣ надошт. Чанд усто бо фишори ҳамон бадхоҳон аз кор даст кашид. Иродаи мо ќавӣ буд ва ҳарчанд бинобар ноободии роҳҳо (аз Истаравшан то Хуҷанд чорсоатина роҳ буд, ки ҳоло яксоатина аст) дар овардани масолеҳи гуногуни сохтмонӣ душворӣ доштем, корро давом медодем.-иброз дошт Раънои Зоирдухт ва илоав намуд:

- Муҳимтар аз ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо суханони «Ман шоиронро дӯст медорам» муҳаббати худро ба аҳли зиё изҳор намудаанд ва ман дар ҳузурашон боре сухан рондаам, ин ибтикорро бо хайрхоҳӣ пазируфтанд. Хидмати Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар эҳёи Ќалъаи Муғи Истаравшан, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ табдил ёфта, чарогоҳу партовгоҳ шуда буд, лоиќи ситоиш аст. Ҳамагӣ дар зарфи ду сол Муғ ба як мавзеи дилнишини таърихӣ ва фарҳангию фароғатӣ мубаддал гардид, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Истаравшанро мисли оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад.


Ягона дар ҷумҳурӣ

Кох аз лиҳози меъморӣ ғайримаъмулӣ буда, дорои толори барҳаво, деворҳои бо лавҳаҳои бостонӣ, аксҳои абарустодони илму фарҳанг ва намунаи ҳунарҳои миллӣ ороста мебошад. Ба ин боргоҳи муќаддас фарҳехтагони илму фарҳанги тоҷик, меҳмонон аз хориҷи кишвар ташриф меоранд, бо мардум мулоќот мекунанд. Инак, таассуроти чанде аз онон, ки дар дафтари фарҳангсарой сабт гардидаанд:

«Имрӯз дар Тоҷикистон Фар­ҳангсарои ориёӣ ягона аст, ки бо сарварии шоираи тавонои мо Раънои Зоирдухт фаъолияти пурсамар дорад. Ягона бонуест, ки дарк кардааст, барои бедории миллат Шоҳномахонӣ бояд намуд.» Академик Юсуфшоҳ Яъќубшоҳ.

* * *

«Фарҳангсарои ориёӣ макон ва манзилест, ки ба диданаш мардум бояд навбат биистанд. Офарин ба Раънояш, ки ҳамин зиёратгоҳро сохтааст.» Нависанда Ӯрун Кӯҳзод.

* * *

«Фарҳангсаройи ориёӣ

Хоҳам, ки ту ҷовидон бимонӣ

Бар пиру ҷавони Истаравшан

Ту хизмати ҷовидон расонӣ.»

Шоир Саидалӣ Маъмур.

Маҳфили «Гули сурх»

Дар фарҳангсаро бо роҳбарии бону Раънои Зоирдухт маҳфилҳои гуногуни адабию фарҳангӣ амал мекунанд, ки машҳуртаринашон маҳфили адабии «Гули сурх» аст.


Тарғибгари ҷашнҳои бостонӣ

Хидмати Фарҳангсарои ори­ёӣ дар эҳё, тарғиб ва таҷлили ҷашнҳои бостонии миллӣ шоистаи таҳсин аст. Дар арафаи ҳар кадом аз идҳои бостонӣ моҳномаи «Ганҷи ороста» матолиби ҷолибе пешниҳод менамояд. Бо иштироки аҳли илму адаби Истаравшан ва ҷалби наврасону ҷавонон дар фарҳангсарой бахшида ба ҷашнҳо маросимҳои бошукӯҳ доир мешавад.

- Ҳама ҷашнҳои бостонии мо реша дар табиат ва корҳои деҳќонӣ доранд ва ба динҳо камтар мансуб мебошанд, - мегӯяд Раънои Зоирдухт. – Масалан, Наврӯз оғози баҳор ва мавсими киштукор аст, Тиргон, ки ба чиллаи тобистон рост меояд, обрасонӣ ба киштзорон аст, то пажмурда нашаванд ва ҳосилро талаф надиҳанд, Меҳргон – ҷашни ҳосилу ҳосилғундорӣ ва Сада – ҷашни ота­шу гармӣ…

Ҷӯра ЮСУФӢ,
ша
ҳри Истаравшан

:.  Фарҳанг 10.11.2020 11:54 808

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz