08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

15-01-2020

 

«Ёд дорам, ҳуҷраи начандон бузурги моро китобҳои зиёде зеб медоданд. Ҳар рӯз модарам бароям ҳикояву афсонаи ҷолиб мехонд. Чун бузург шудаму хондан омӯхтам, дигар аз китоб дил канда натавонистам», - мегӯяд Шабнам Одинаева, яке аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...». Ӯ донишҷӯи курси дувуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Шабнам дар даври ҷумҳурияии озмун аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат варзида, мақоми аввал- ро соҳиб ва барои ширкат дар бахши ниҳоӣ барои дарёфти Шоҳҷоиза роҳхат гирифт. Аммо, ба қавли ӯ, азбас шурӯъ аз даври мактабӣ то ба даври ҷумҳуриявӣ танҳо дар самти як номинатсия омодагӣ дида буд, барои дигар номинатсияҳо камтар вақт монд. Аз ин рӯ, аз иштирок барои дарёфти Шоҳҷоиза даст кашид.

- Барои ба даст овардани Шоҳҷоиза мебоист, аз ҳар як номинатсия ҳадди ақал 50 китоб мутолиа намуда, зиёда аз 100 ғазал, 150 рубоӣ, 300 мисраъ шеър, 50 новелла, 30 повест ва 15 ёддоштро аз бар кард. Аммо теъдоди китобҳои хондаам аз дигар номинатсияҳо камтар буд. Аз ҳамин хотир, аз идомаи рақобат даст кашидам, - гуфт ӯ.

Вақти зиёди Шабнам дар китобхонаи мактаб сипарӣ мегашт. Ба ҷуз он ҳар китобе, ки ба дасташ меафтид онро батамом ме- хонд.

- Ҳангоми дар синфи 5 таҳсил намуданам, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус шавқамро ба китобхонӣ дида, китоби «Шоҳзодаи хурд»-и Антуан де Сент - Экзюпериро туҳфа кард. Аз сатрҳои аввал ин поафсона мақбулам афтод. дар шафати қаҳрамони гирён ва гоҳе механдидам. Ин китоб ба торҳои эҳсосам нохун зад. Баъди бозгашт аз мактаб хаёлам парвоз кунаму зуд ба хона расам, то бидонам, ки давоми он қисса чӣ хоҳад шуд. Маҳз аз хондани ин повест мавҷи муҳаббатам нисбат ба мутолиаи  китобҳо рӯ зад, - қисса намуд Шабнам.

Баъдан, осори нависандагони оламшумул Маркес, Драйзер, Гюго, Дюма, Ремарк, О. Генри, Мопассан ва дигар адибонро бо камоли майл мутолиа карда, аз рӯзгори сангин, мушкилот ва бурду бохти қаҳрамонҳо ошноӣ пайдо намуда ҷаҳон - ҷаҳон маънӣ дарёфт.

Бародари ягонааш мудом мададгори ӯ буд. Бо хоҳиши хоҳар китобҳоро аз ҳар куҷо дастрас менамуд. Ӯ, ки соҳибкор буд, ба кишварҳои хориҷ зиёд сафар мекард ва барои хоҳар туҳфаи беҳтарин - китобҳои адибони ҷаҳонро меовард. Осори адибони Британияи Кабир, Чин, Ҷопон, Корея, Россия, Беларус, Полша, Украина, Бразилия, Италия, Олмон ва ғайра рафи китобҳои ҳуҷраи Шабнамро зеб медиҳанд.

- Ҳанӯз мактабхон будам, ки бародарам муҳоҷиратро ихтиёр кард. Агарчи мактабро бо медали тилло хатм намуд, ба хотири пеш бурдани бори зиндагӣ аз идомаи таҳсил даст кашид. Зеро ҳини 3-солагиам падарам моро тарк гуфту оилаи нав барпо кард. Модарам ману бародарамро дар танҳоӣ парасторӣ намуд. Сарфи назар аз мушкилиҳо модар ба мо тарбияи дуруст доду машъали донишро дар қалбамон афрӯхт. Бародарам пайваста таъкид менамуд, ки тамоми шароитро бароят муҳайё месозам, аммо ту аз дониш андӯхтан ҳеҷ гоҳ дур мабош. Ӯ бароям мисли падар буд. Чун якумрӣ аз силаи дастони меҳрбори падар маҳрум будам, - ҳалқаи ашк дар чашмон гуфт Шабнам.

Воқеаи ҳассосу ғамангез, ки аз падар дар ёд дошт, қалбашро якумрӣ захмин намуд.

- Баъди хатми МТМУ № 42 шаҳри Душанбе донишҷӯ шудам. Азбас дар факултаи мазкур бахши буҷетӣ набуд, таҳсилам ба бахши шартномавӣ рост омад. Мебоист, ки 11 ҳазор сомонӣ маблағи шартнома месупурдам. Нахостам, ки ин ҳам ба бародарам сарборӣ шавад. Аз ин рӯ, ба падарам, ки 15 сол на садояшро шунида, на симояшро дида будам, занг задам, то бароям ёрӣ расонад. Гуфт, ки чунин имконият надорад. Ҳарчанд ҷойи кор ва вазъи молиявии хуб дошт. Қалби бе ин ҳам дардолудаам хуншор гардид. Он суханон якумрӣ дар хотирам нақш баст, - бо алам ёд меорад ӯ.

Тӯли як соли баргузории озмуни мазкур наздики 65 китоб аз осори адибони классику муосир мутолиа намуд. Мегӯяд, ки дар эҷодиёти адибони тоҷик воқеият бештару дар осори адибони ҷаҳон хаёлбофӣ зиёд аст. Китобхонаи шахсии худро дорад. Теъдоди китобҳои ҷамъовардааш 1500 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, донандаи хуби забонҳои англисиву русист. Барои омӯхтани забони кореягӣ даст задааст. Таҳсилдидаи мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буда, дар навохтани фортепиано маҳорати баланд дорад.

Дар даври шаҳрӣ рӯйхати китобҳои мутолианамудааш 450 ададро ташкил медод. Пас аз гирифтани мақоми аввал дар даври шаҳрӣ сазовори 9 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуд. Ҳамин тавр, дар даври ҷумҳуриявӣ низ аз рӯи номинатсияи чаҳорум: «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ҷойи аввалро соҳиб шуда, 30 ҳазор сомонӣ ба даст овард.

Шабнам Одинаева

 

222-01-2020

- Ҳар гоҳе ки илҳомам меомад, китоб мутолиа менамудам, аммо бо баҳонаи дарсҳои мактабиву дигар корҳо гоҳо хондани китобро ба таъхир мегузоштам. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» боис шуду вақти муайянро барои китобхонӣ ҷудо намудам. Ҳоло, агар рӯзе китоб нахонам, мисле ки  чизеро гум кардаам. Хушҳолам, ки ба бӯи ин озмун одати хубе ба ман ёр шуд, - мегӯяд Имрониддин Сарфарозиддин, ғолиби ҷойи якум дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик».

Ғолиби озмун зодаи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Меҳри китобхониро дар қалби ӯ қиблагоҳаш, ки худ марди фозилу бофарҳанг аст, ҷой додааст.

- Ёд дорам, падарам дар баробари бозичаҳо ба мо китобҳо низ ҳадия меовард. Ҳамроҳ бо волидон китоб мехондем. Падарам ҳар гоҳ ваъда медоданд, ки хондани китоберо ба итмом расонам, бароям туҳфаи дигаре хоҳад овард…

Ба ин минвол шавқу завқам ба китобхонӣ фузуд. Баъдан дарак бурдам, ки мақсадаш ба сӯи дониш раҳнамоӣ кардани фарзандон будааст,  - мегӯяд ў.

Пас аз итмоми мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Дар қатори  иштирокчиёни  фаъоли олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор гирифт. Дар озмуни «Шоҳномахонӣ» сазовори мақоми аввал гардид.

Таътили тобистонаро дар Хуҷанд ба китобхонӣ гузаронд, зеро имкони пайдо намудани китобҳо он ҷо бештар буд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Хуҷанд соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни мазкур гардида, 5000 сомонӣ мукофот ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Вай бештар осори Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоиронро мутолиа намудааст. Хастагиву рӯҳафтодагиро тавассути абёти ин бузургон рафъ месозад.

Имрониддин Сарфарозиддин дорои ҳофизаи қавӣ буда, 574 ғазал, 2300 мисраъ достон, 620 рубоӣ, 130 мисраъ қасида, 1300 мисраъ аз намудҳои дигари шеърӣ аз ёд намудааст. Китобҳои  хондааш то ба  60 расидааст. Дар даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик» ширкат варзида, мақоми аввалро дарёфт ва 30 000 сомонӣ мукофот гирифт.

Ӯ аз иқдомҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, хоҳони он аст, ки дар оянда яке аз нафърасонҳои ҷомеа бошад.    

Имрониддин Сарфарозиддин

:.  Фарҳанг 23.01.2020 17:28 979

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz