08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РОЗДОНИ НАҚШУ ГУЛҲО

16

 

    Ӯ миёни ҳунармандони чирадасти кӯҳистонӣ ба воя расидааст. Бонувони авлоди падар ва ҳам модар, ки ҳамеша даст ба сӯзан буданд, гирди онҳо парвонасон чарх мезаду ба ҳама кор зеҳн мемонд.

      Ҳанӯз ҳашт сол дошт, ки рӯи канва (матои пахтагии катакдор) нақши ироқӣ медӯхт, аз муҳра шерозаву гулубанд мебофт. Дар 10-солагӣ рӯи матоъ нақш мепартофт. Таҳти навои мусиқии форами радио, ки он айём қариб ягона воситаи дилхушии мардум буд, бибӣ, аммаҳо, модар ва хоҳаронаш ҳалқа нишаста, ҳунар меофариданд. Рӯи матоъ модар нақшҳои зебо мекашиду ба духтарон медод, ки гулдӯзӣ кунанд. Синфи ду ё се мехонд, ки аввалин бор барои холаи арӯсаш 6 адад болини гулдӯзӣ - дастранҷи хешро ҳадия намуд. Бовари кас намеомад, ки ин духтараки хурди лоғарандом метавонад чунин зебоӣ офарад.

- Аммаи 98-солаам ба гулу нақшҳои кашидаам ишора намуда, пурсиданд: «Медонӣ, ки инҳо чӣ маънӣ доранд?». Гуфтам: «На». Гуфт: «Нақши яханӣ маънии пастиву баландии рӯзгорро дорад. Муслимӣ маънии аспсавор, шоҳсавор будан дар зиндагист». Ин буд, ки аз он овон асрори нақшҳоро меомӯхтаму аз онҳо маънӣ меҷустам, - иброз намуд Маърифат Неъматова, ки алҳол роҳбари Маркази ҳунарҳои мардумии фабрикаи дӯзандагии «Сифат-саноат»-и шаҳри Душанбе аст.

Имрӯзҳо бонуи ҳунарманд нақшҳои қадимиро эҳё намуда, мегӯяд, ки пилларо аз гули ғармаш ранг медоданду бо нахҳои он нақши яханӣ (пурпечутоб) медӯхтанд. Нақши яхани- ро бештар мардуми миёнаҳол ва муслимиро, ки шакли одами аспсаворро дошт, дороён ба бар мекарданд.

- Бозёфтҳои таърихиро, ки нимаи аввали асри XIX пайдо кардаанд, муҳаққиқ Александр Кузнетсов таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки аввалин гулу гулдӯзӣ аз водии Дарвоз будааст. Дар шароити вазнини кӯҳистон, ки мардуми ин минтақа замини корам надошт, шаб то саҳар дар рӯшании сияҳчароғ тоқӣ, ҷома ва дигар абзорро гулдӯзӣ карда, ба шаҳру деҳоти Хатлон интиқол медоданд ва бо гандум, қуноқ, боқило ва дигар зироатҳо иваз менамуданд, - гуфт ҳунарманд.

Аввалин коргоҳи худро Маърифатбону соли 2003 бо дастгирии раиси ноҳияи Дарвоз ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ таъсис дод, то бонувони ниёзманди ин минтақа бо шуғли даромаднок таъмин гарданд. Коргоҳи ӯ мошинхонаи назди зистгоҳаш буд, ки дар маркази шаҳраки Қалъаи Хумб воқеъ буд. Аз хонаи худ, аз модар ва дигар хешовандон мошинаҳои дарздӯзӣ ҷамъ оварда, ба занону духтарони маҳаллӣ шеваи дарздӯзӣ омӯхт. Баъдан, аз ҷониби кумита 6 адад мошина изофа гардид. Деҳа ба деҳа гашта, духтаронро ба касбомӯзӣ даъват мекард. Дилсӯзу бошафқат ки буд, бештар ҷавонзанони танҳои кӯдакони хурдсолдошта ва духтарони маъюбро ба кор ҷалб менамуд.

- Духтари таҳҷоие ба ҷавони тоҷики муқими Қазоқистон ба шавҳар баромад. Бахт насибаш набудааст, ки аз таҳқиру шиканҷаҳои шавҳари бадмаст гурехта, духтарчаи сесола дар дасту дар ҳафтум моҳи ҳомилагӣ пиёда ба Тоҷикистон рӯ овард. Азбаски тобистон буд, шабона духтараш дар бағал ҳар куҷо хоб мерафт. Ноомади кор, духтарчааш як попӯшиашро куҷое гум кард. Модар то ба шаҳри Тирмиз расидан, ӯро аз бағал раҳо накард, агарчи паҳлуи шикамаш захмин шуда буд. Попӯшиҳои резинии ин зан то нисф хӯрда шуда, пойҳо пуробила буданд. Оилаи тоҷикони Тирмиз аз аҳволи ӯ хабар ёфта, шабе ӯро бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин карданд ва барои духтарча пойафзол хариданд. Ин ҷо ангуштарини арӯсиашро фурӯхта, то ба Дарвоз роҳкиро кард.

Аз тарс ба хонаи хоҳари шавҳар рафта, арзи ҳол кард. Ӯро ба хонаи падар бурданд. Он ҷо танҳо кулбаи валангор буду падару модар аз ҳам ҷудо, дар хонаҳои ду писарашон мезистанд. Бародарон ӯро рӯи хуш надоданд. Духтар пеши худ мақсад гузошт, ки соҳиби касбу кор шавад. Омаду дар коргоҳи мо тамоми ҳунарҳоро омӯхт, хонаи падариро аз нав обод ва волидонро бо худ гирифт. Духтарчаи дувумро таваллуд карду ҳардуро хуб тарбия намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардонд. Ҳама ба ӯ раҳмат мегуфтанд, ки бо заҳмати ҳалол зиндагиро обод ва дуои падару модарашро гирифт. Имрӯз вай яке аз занони муваффақ аст, - гуфт ин бонуи пешавар.

Ба ин минвол, Маърифат Неъматова тавонист қариб дар ҳар оилаи дарвозӣ як ҳунарманд тарбия намояд. Дар зарфи 13 сол ба 2364 шогирд нозукиҳои ҳунар омӯзонд.

Моҳи октябри соли 2014 зимни мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон Маърифатбону аз камбуди ҷой барои ривоҷи ҳунармандӣ дар Дарвоз сухан гуфт ва соҳиби беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат коргоҳи муосири дӯзандагии «Меҳри модар» бо 300 ҷойи корӣ барои бонувон гардид. Бо номи «Ҳунарҳои мардумии Дарвоз» осорхонае ҳам ифтитоҳ намуд, ки дар он намунаи ҳунарҳои гулдӯзиву қуроқӣ ва ғайраро, шурӯъ аз соли 1928 то соли 1980 ҷамъоварӣ намуд.

- Куртаи соли 1936 доштем, ки дар он нақши чоргул гулдӯзӣ шуда буд, ки маънии гардиши чархи зиндагиро дошта, дар шуҳратёриву муваффақияти одам дӯхта мешуд. Ҳамчунин, косаи гул, гули давлат, гули хор, нақши оғӯши модар  ҳар кадоме соҳиби маънии хоссаанд. Нақши суми асп, ки дохили он одам тасвир меёбад, маънии аз чашми бад эмин буданро дорад.

Солҳои 1975 -1980 аз матои бахмал барои арӯсон куртаҳои қуроқиву гулдӯзӣ мекарданд, аммо ҳеҷ гоҳ гули қаланфур намедӯхтанд, ки хосияти бад доштааст. Гули анор ва ангур маънии ҳаёти пурфайзу баракат ва бадавлатиро ифода мекард ва бештар дар чодари арӯсон дӯхта мешуд. Нақши кабӯтари бахт низ гулдӯзии арӯсонро зеб дода, маънии тифоқӣ, оромӣ ва ҷудонопазирӣ аст. Барои арӯс доштани чодари дастдӯз ҳатмӣ буд. 4 адад кӯрпача, кӯрпа ва дастархони қуроқӣ, куртаи чакан, чодар ва зардевор туҳфаи тӯёнаи модар ба духтар буд, ки маънии баракат дар хонадонро дошт. Нақши секунҷа дар гулдӯзӣ  хона, нақшҳои атрофи он пайдоиши одам, фарзандон, наберагон, заҳмати инсон, давраи шуҳратёрӣ ва решаҳои зери он маънии рӯзе ба замин баргаштани одамиро дорад. Рангҳо ҳам ҳар кадоме маънии ба худ хос доранд, - иброз дошт ин бонуи ҳунарвар.

Нақшҳои гулдӯзӣ миёни мар- дум забони муошират ҳам будааст. Тавассути онҳо эҳтиром, таманниёт ва хостаҳояшонро одамон иброз медоштанд.

Эҷоди шеъру тарона ва навиштани ҳикояҳо шуғли дигари ин бонуст, ки бештар аз ҳаёти воқеии занони заҳматқарини ноҳияи Дарвоз қисса менамояд.

-   Дастнависе доштам бо номи «Ҳақиқати зиндагӣ бо меҳри модар», ки заҳмати 18-солаам буд. Дар Душанбе будам, ки шогирдон нафаҳмида, онро толаи 40 тоқӣ карданд. Мардуми Дарвоз варақи дафтарро борик бурида, атрофи сим мепечонанд. Пас онро ба ҳар як хати дӯхтаи болои тоқӣ гузаронда, симро берун мекашанд. Ба ин тариқ, варақ байни дарзҳо монда, тоқиро мустаҳкам ва зебо мегардонад. Дӯхти он мушкил буда, муддати 3 - 4 рӯз омода мешавад. Бо аз байн рафтани китобам сахт андуҳгин шудам. Аввалин ҳикояи он «Содадили деҳотӣ» ном дошт, ки аз рӯзгори хеш нигошта будам. Аз он китоб танҳо 5 - 6 шеър ва 3 - 4 ҳикоя мондаасту халос, - гуфт М. Неъматова.

Имрӯзҳо бонуи гулдаст дар пойтахт ба духтарони маъюб қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, пухтадӯзӣ (дӯхти нақши ироқӣ рӯи ма- тои пилтабахмал), зардӯзӣ, шероздӯзӣ, попурзанӣ ва ғайра меомӯзад.

-   Ҳунарманди асил эҷодкор буда, аввал бояд андеша (ғоя) дошта бошад, баъдан рози гулҳоро донад ва нақш каши- да тавонад. Савум, аз уҳдаи гузоштани хобу хаёли ранг ва мутобиқати онҳо барояд. Чаҳорум, гулдӯзӣ ва дӯхти пур- раи абзорро амалӣ намуда, корро ба итмом расонад. Дар таҷрибаи корӣ мушоҳида бурдаам, ки миёни ҳунармандон ҳастанд нафароне, ки танҳо як амалро иҷро карда метавонанд. Аз ин рӯ, зарур меояд, то як корро чанд кас анҷом диҳанд. Ба андешаи ман, онҳоро мебоист гурӯҳи ҳунармандон номид. Оне, ки ҳунарро аз сифр шурӯъ карда, ба нуқтаи ниҳоӣ мерасонад, ҳунарманд номидан саҳеҳ аст, - афзуд Маърифат Неъматова.

С. АШӮРОВА

 

 

 

:.  Фарҳанг 27.01.2020 14:06 980

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz