08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР МАДДИ АВВАЛ: ЗАБОНИ МОДАРӢ

 

12 201958Наздике, ҳамсояе ва ё шиносеро мебинем, ки фарзандони худро барои таҳсил ба мактабҳои русӣ, бидуни донистани ин забон мебаранд, агарчи ин тифлакони маъсум ба ғайр аз шеваи маҳал, аз забони модарии пурғановати хеш – забони тоҷикӣ бебаҳра мондаанд.

Дар 31 соли собиқаи корӣ, зиёд мушоҳида менамоям, ки волидон бо қарори худ кӯдаконро барои таҳсил ба синфҳои русӣ месупоранд, то таълиму тарбияи онҳо бо ин забон ба роҳ монда шавад. Аз таҷрибаи хеш дарёфтам, ки таълиму тарбияи ҳар кӯдак нахуст бояд бо забони модарӣ сурат бигирад, аниқтараш, бо забоне, ки волидони онҳо дар хона муошират менамоянд. Кӯдаке, ки аз таваллуд забони тоҷикӣ шунидаасту дар муҳити ин забон бузург шудааст, чӣ гуна метавонад ба якборагӣ ба синфи русизабонон бипайвандад?

Надонистани забони русӣ аз ҷониби хонанда вақти кӯдакро на як рӯзу ду рӯз, балки солҳо барбод медиҳад, ки ӯ бисёр нуктаҳои муҳими омӯзишро аз эътибор соқит месозад. Дар ин росто, барои омӯзгор низ мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамояд – барои фаҳмондани моҳияти мавзӯъ муаллим барои таълими чунин хонандагон бо мушкилиҳо дучор омада, вақти бештареро сарф менамояд ва дар натиҷа, аз заҳмати хеш низ қаноатманд намегардад.

Ба истиснои оне, ки дар баъзе оилаҳо падару модарон гуногунзабон буда, муоширатро асосан бо забони русӣ роҳандозӣ менамоянд. Дар ин ҳолат метавон кӯдакро ба мактабҳои русӣ шомил намуд. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид зикр намудаанд:

«Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва, пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд».

Ин суханони воло эътибори ҷаҳонӣ доранд. Ҳар як соҳибзабон онро метавонад бар манофеи забони модарии хеш мавриди истифода қарор диҳад.

12 201925Вале, мутаассифона, бархе аз ҳамватанони мо дар мактабҳои русӣ таҳсил намуданро обрӯ ва мояи ифтихор медонанд. Дар ҳоле, ки забони тоҷикӣ ширинтарин забон, қадимтарин лисони мардуми ориёинажод ва тамаддуни пешрафтаи чандинҳазорсола мебошад, ки ба ҷаҳониён илму фарҳанг ва маданияти оламгир эҳдо намудааст…

Инҷониб, агарчи аз мардуми ӯзбектабори муқими Тоҷикистон ҳастам, паҳлу ба паҳлу бо бародарону хоҳарони тоҷик ба воя расидаам, сари як хон нон шикаста, обҳои зулоли ин сарзаминро ошомидаам. Забони тоҷикиро чун забони дувуми модар медонам. Тоҷикистонро Ватани аслии хеш, чун баробари дида ба ҳастӣ во намудан, осмони софу бекарони ин диёрро дидаам. Маро асарҳои безаволи бузургони тоҷику форсигӯ мафтун намудаанд ва то кунун вақти фориғи хеш шоҳасаре ба даст гирифта, аз маънии он як ҷаҳон лаззат мебарам.

Мо дар замоне камол ёфтаем, ки сиёсати русигустарӣ ҳукмфармо буду дар макотиби миёнаву олӣ ба забони русӣ таҳсил кардан бонуфуз дониста мешуд. Имрӯз вақти он расидааст, ки барои ҳар кишвар бонуфузтарин забон – забони худи он кишвар бошад ва дигар забонҳо пас аз ба хубӣ омӯхтани забони давлатӣ омӯзонда шавад. Яъне, имрӯз забони модариро дар сатҳи олӣ омӯхта, баъдан дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ мебояд иқдом намуд.

 

Зулфиза УМАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 16, шаҳри Душанбе

:.  Фарҳанг 23.12.2019 11:24 842

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz