08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФОРУМИ ТИҶОРАТӢ - МАЙДОНИ ФАРРОХИ СОҲИБКОРӢ

 

forumi tijorati1

Рӯзҳои 1-2 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» форуми тиҷоратии занон ва Экспо-2019 баргузор гардид. Чун ҳамасола, дар форуми мазкур бонувони зиёди ҳунарманд аз гӯшаву канори мамлакат ҷалб гардида, дастранҷҳои хешро ба намоиш гузоштанд.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati6.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati7.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati8.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE forumi_tijorati9.jpg

 

Ин бонувони ҳунарманд, ки ба тиҷорат низ машғуланд, дар баробари ин шуғл занони хонашин, бонувони дорои маъюбият ва модарони танҳоро, ки ҷиҳати дарёфти ҷои кор танқисӣ мекашанд, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардаанд.

umedaУмеда Абдурашидова, роҳбари Маркази касбомӯзии «Сеҳри сӯзан» («Sehri suzan») дар шаҳри Хуҷанд буда, наздики як сол аст, ки занону духтарони хонашин ва бонувоне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират қарор доранд, ба омӯзиш ҷалб намудааст. Пас аз ҳар як даври омӯзиш бонувон соҳиби шаҳодатнома гардида, аз ҳисоби дастранҷҳои хеш ба дарёфти ризқу рӯзӣ камар мебанданд.

- Дар ин марказ бештар ҳунарҳои сӯзаниву юрмадӯзӣ, болишт барои нармкурсиҳо, ҷилдҳои рахти хоб, ҷузвдон ва дастанҷому даспонаҳо барои занон омӯзонда мешавад. То ин замон наздики 20 нафар курси омӯзиширо хатм намуда, соҳибкасб гардидаанд. Бештар ба бонувоне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират қарор доранду аз дастгирии онҳо маҳруманд, ин навъи ҳунарҳо омӯзонда мешавад, - иброз дошт У. Абдурашидова.  

Умеда ин навъи тиҷоратро бо се ҳазор сомонӣ - маблағи бадастовардаи Гранти раиси шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Сипас, бо дарёфти 8 ҳазор сомонӣ аз Гранти раиси вилояти Суғд тиҷораташро ҷоннок намуда, бонувонро ба таълимомӯзӣ ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мағозаи махсусеро таъсис додааст, ки он ҷо армуғонҳои миллӣ таҳти бренди «Sehri suzan» ба фурӯш гузошта мешаванд.

nasibaНасиба Мирпочоева низ Маркази омӯзишии махсуси хешро таъсис додааст, ки бо унвонии «Sоgd art» фаъолият менамояд. Ин ҷо низ занону бонувон ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Вале дар қиёс аз Маркази касбомӯзии «Sehri suzan», дар ин марказ бонувоне ба омӯзиш ҷалб мегарданд, ки дар хонаводаи онҳо нафарони маъюб иқомат менамоянд ё худи онҳо дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд. Бонувони ба хушунати оилавӣ гирифторшуда низ ба ин макони ҳунар ҷалб мегарданд. Муҳрабофиву кашидадӯзӣ, дӯхти дастархону кӯрпача, сачоқҳои миллӣ ва оройишоти гуногуни занона ин ҷо ба онҳо ройгон таълим дода мешавад.

- Пас аз итмоми курси омӯзишӣ ин нафарон метавонанд дар хонаҳои хеш ба офаридани дастранҷҳо машғул шаванд. Маҳсулоти омодашударо дар ин марказ ба фурӯш гузошта, маблағи аз он рӯёндаро ба соҳибонашон бармегардонем. Инчунин, аз ҷониби марказ онҳо бо маҳсулоти хом таъмин мегарданд. Пас аз фурӯши маҳсулоти тайёри ҳунармандон маблағи маҳсулоти хом ба марказ баргардонда шуда, аз ин ҳисоб нафарони дигар ба касбомӯзӣ ҷалб мегарданд, - иброз дошт бо қаноатмандӣ Насиба.

Барои ба фурӯш рафтани маҳсули дастони ҳунармандон Насиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсуси марказро гузоштааст, ки мизоҷон метавонанд ба ин тариқ фармоиш диҳанд. Тӯли як моҳ аз ҷониби Марказ ҳудуди 50 навъи дастранҷҳои ин ҳунармандон ба фурӯш меравад. Мизоҷон на танҳо аз дохил, балки аз хориҷи кишвар низ зиёданд. То имрӯз аз кишварҳои Австрия, Исроил ва Россия низ тариқи онлайн фармоиш гирифта, дархости онҳо амалӣ гардидааст.

gulnozaГулноз Раҳматуллоева имрӯзҳо қадамҳои аввалини худро дар ҷодаи соҳибкорӣ мегузорад. Ӯ пас аз хатми курси 6-моҳа аввалин бор коллексияи маҳсулотҳои худро, ки «Тӯмор» унвон гирифтааст, бо бренди «Gulnoz Mansurovna» дар ин форуми тиҷоратӣ ба намоиш гузоштааст. Маҳсули дастони ӯ гарданбанду дастпона, овезаҳо барои занҷира ва сӯзани қубба мебошанд, ки аз муҳраҳои зарҳалин сохта шуда, ҳар кадоме аз онҳо бо матои адрас оро дода шудаанд. Гулноз мегӯяд, ки барои босифат ва серхаридор таҳия кардани дастранҷҳо муҳраҳои баландсифатро аз Чехия дастрас менамоянд. Ният дорад, ки дар оянда ҳалқаҳо низ таҳия карда, ба коллексияи мазкур шомил намояд.

Назди маҳсулотҳои ба намоишгузоштаи бренди «LA'AL TEXTILES» («Лаъл Текстайлз») низ мизоҷони зиёде ҷамъ омада, маҳсули дастони ҳунармандони ин коргоҳро харидорӣ менамуданд. Ин ҷо бештар маҳсулоти бофандагии дастӣ ба намоиш гузошта шудааст. Маҳсулоти «LA’ALTextiles» лоиҳаи махсусест, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав рӯи кор омадааст. Таҳти бренди мазкур аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон бо дастгирии техникии СММ оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) дар Тоҷикистон маҳсулотҳо омода мешаванд. Дарина Ҳусейнова, мутахассис оид ба савдои «LA’ALTextiles» иброз дошт, ки дар ин коргоҳ 10 нафар бонувон бо шуғл фаро гирифта шуда, инчунин ба мутахассисони соҳаи байналмилалӣ низ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

darina- Мақсад аз таъсиси маҳсулот таҳти тамғаи «LA’ALTextiles» навсозӣ дар самти ҳунарҳои мардумии дастӣ ва рақобати солим миёни ҳунармандон мебошад. Бар он мекӯшем, ки маҳсули дастони бонувони ҳунарманди тоҷик ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид гашта, бештар харидоронро пайдо созад, - мегӯяд Д. Ҳусейнова.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи мазкур бо корхонаҳои зиёде, аз қабили Маркази савдои «Душанбе мол», мағозаи «Хонаи ман», меҳмонхонаи «Серена» ва амсоли инҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондааст, ки дар ин ҷойҳо низ дастранҷҳои ҳунармандон ба намоиш гузошта мешаванд.

Баргузории чунин форумҳои тиҷоратӣ ба бонувони ҳунарманд руҳу илҳоми тоза бахшида, дар роҳи тавсеаи чунин шуғли даромаднок имкониятҳои бештареро фароҳам меоранд.

 

Бунафшаи АБДУРАҲИМ

:.  Фарҳанг 07.11.2019 12:24 1012

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz