08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАМА-САН: «ТОҶИКИСТОН БАРОЯМОН БЕШТАР ПИСАНД АФТОД»

 09 20193

«Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳист, ки бо манзараҳои зебои кӯҳистон, мероси бойи фарҳангиву табиӣ ва меҳмоннавозии мардумаш дар ҷаҳон мақоми хосса дорад», - чунин нигоштааст Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар саҳифаи хабарии хеш.

Воқеан, дар партави талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил додани соҳаи сайёҳии кишвар як қатор корҳои назаррас анҷом меёбанд, ки барои муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ мусоидат менамоянд. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2019 ба кишвар 604,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст, ки бештари онҳо сайёҳон мебошанд.

Табиист, ки сайёҳон дар Тоҷикистон навъи фаъоли саёҳат - кӯҳнавардӣ ва кӯҳгардиро ихтиёр меварзанд ва имрӯзҳо дар кишвар бошишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ мавҷуданд, ки метавонанд тамоми сол ба хоҳишмандону сайёҳон хизмат расонанд. Ширкатҳои сайёҳие, ки барои хоҳишмандон трекинг (саёҳати пиёда) ташкил менамоянд, мекӯшанд, ки чунин навъи хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Зеро нафароне, ки мехоҳанд пиёда марзи кишварҳоро убур карда, ба ин тариқ, барои озмудани неруи ҷисмонии худ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ чунин саёҳати фаъолро ихтиёр варзанд, кам нестанд.


09 20198


Раббониддини 23 - сола пас аз хатми зинаи бакалаври Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тӯли як сол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши забонҳои чинӣ ва англисӣ шуғл варзид. Алҳол, соли дуюм аст, ки дар магистратураи донишгоҳи мазкур бо ихтисоси забони чинӣ таҳсил менамояд. Вақтҳои фориғ аз дарс дар яке аз ширкатҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси тарҷумон фаъолият намуда, гурӯҳи сайёҳонро ба муддати аз 3 то 15 рӯз роҳбалад мешавад. Ин маротиба муддати 14 рӯз дар трекинги навбатӣ бо гурӯҳи 6-нафараи сайёҳони ҷопонӣ ба тамошои мавзеъҳои ҷолиби табиати зебои Тоҷикистон рӯ овардааст. Бо забони англисӣ озодона муоширатро бо сайёҳон ба роҳ монда, мекӯшад, ки аз таърихи хиттаҳои бостонӣ, номгӯи мавзеъҳо ва мардуми меҳмоннавози тоҷик ба самъи онҳо маълумоти бештаре расонад.

Дар ин гурӯҳ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ҷопон (ду зан ва чаҳор мард) мебошанд, бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Занону духтарони Тоҷикистон хеле зебоянду дорои чашмони шаҳло. Мӯйҳои дароз ва куртаҳои миллӣ ба онҳо аҷаб зебанда аст, ки бо ин хусусиятҳо аз занони ҷопонӣ фарқ доранд, - гуфтанд бонувони ин гурӯҳ Мама-сан ва Сумие-сан.

Ба чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки сафар кардем, бароямон бештар Тоҷикистон ва Қирғизистон писанд афтоданд. Зеро дар ин ду кишвар табиати дастнахӯрда зиёд аст. Тоҷикистон, ҳамчунин бо кӯҳҳои гардунсояш моро тасхир кард. Мо, ҷопониёнро бо биноҳои муҳташами замонавӣ ва шаҳрҳои бузурги саноативу тиҷоратӣ наметавон ба ҳайрат гузошт. Бароямон ошноӣ бо урфу одатҳо, анъанаҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои кӯҳистон ҷолиб аст, ки дар Тоҷикистон ин чизҳо зиёд маҳфуз мондаанд, - иброз доштанд сайёҳони фавқуззикр.

- Мо саёҳати худро аз шаҳри Панҷакент шурӯъ карда, муддати 12 рӯз 130 километрро пиёда тай намудем. Кӯҳҳои Фон, Ҳафткӯл, Кӯли Чуқурак, Кӯли Калон, Аловаддин, Кӯли Тира, Артуч, Искандаркӯл, Саратоғ ва Хуҷандро гузаштем. Аз меҳмоннавозии тоҷикон хеле шодмонем. Ҳатто мардуми одӣ дар кӯҳу пуштаҳо моро ба чарогоҳҳо даъват ва бо қаймоқу ҷурғот зиёфат намуданд, - гуфтанд сайёҳони ин гурӯҳ Ҷунтан- сан ва Казаф Сков.

Боиси сарфарозист, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии кишвар мавқеи худро тадриҷан мустаҳкам менамояд. Ба қатори 10 мамлакати ҷолибтарин шомил шудани Тоҷикистон худ эътирофи зарфияти диёри мо дар ин ришта мебошад. Ҳамчунин, ба даҳгонаи беҳтарини дунё шомил шудани шоҳроҳи Помир, ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар дохил шудан аз рӯи таъмини амнияти шабона, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид гардидани Тоҷикистон шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат мебошад.

 

Омина ХОҶАЕВА,
Душанбе - Хуҷанд

:.  Фарҳанг 07.09.2019 06:08 878

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz