27 июни соли 2007 бори аввал бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид. Дар зарфи 12 сол хонандагон бо дониши қавӣ ва хулқу одоби воло на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, медалу ҷоизаҳои зиёдеро ба даст оварданд.
Муассиса мақоми давлатиро дошта, омӯзгорон ба кор ва хонандагон ба таҳсил тариқи озмун ҷалб мегарданд. Мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст ва дар он пояҳои моддии устувор ва беҳтарин шароит муҳайёст. Синфхонаҳои замонавӣ, 27 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо технологияҳои инноватсионии муосир, 10 ҳуҷраи корӣ, толори калони варзишӣ, таҳхона бо толори хурди варзишӣ, ошхона, китобхона, китобхонаи электронӣ ва толори тир мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Имсол дар саҳни мактаб майдончаи футболи болопӯшида сохта ба истифода дода шуд. Иқтидори лоиҳавии муассиса барои 2247 нафар буда, 1180 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Мактаб дорои 46 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва хобгоҳ барои 400 хонанда мебошад, ки имрӯзҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ин макони дониш ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Хонандагон дар давоми рӯз чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.
- Дар мактаби президентӣ таҳсил бо се забон сурат мегирад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Ҷанбаи фарқкунандаи дигари муассисаи мо аз дигар мактабҳо дар он аст, ки хонандагон бояд ҳатман соҳиби дастовардҳо бошанд. Аллакай аз синфҳои 4, 5, 6 хонандагон ба корҳои илмӣ, ихтироот ва навоварӣ даст мезананд. Мувофиқи низомнома хонандагоне, ки аз ду фан баҳои 3 мегиранд, аз мактаб ҷавоб дода мешаванд, - иброз дошт Мадина Набизода, директори мактаб, номзади илмҳои филологӣ.
Соли 2019 хонандагони ин муассиса дар сатҳи ҷумҳурӣ бо 9 медали тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ ва 11 ифтихорнома мушарраф гардиданд. Яке аз хонандагони фаъоли мактаб Азизахон Нурматова имсол мактабро бо медали тилло хатм намуд.
Дар ин муассиса ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ бештар аст. Соли равон хонандагони мактаб дар олимпиада аз фанни математика дар Таиланд ширкат варзида, 1 медали нуқра, 1 биринҷӣ ва 1 ифтихорнома ба даст оварданд. Моҳи апрел дар Ҳиндустон 8 медалро сазовор гаштанд. Ҳамчунин, дар олимпиадаи лоиҳавӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир шуд, 8 хонанда ширкат варзида, бо медалҳои нуқраву биринҷӣ ба Тоҷикистон баргашт.
- Пеш 8 -9 номгӯи олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ буд. Имрӯзҳо аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ беш аз 30 - 40 номгӯи онҳо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба талабот кӯшиш менамоем, ки дар ҳамаи олимпиадаҳо хонандагони мо ширкат варзанд, - гуфт М. Набизода.
Шарти муҳими иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ донистани забони англисӣ мебошад. Зеро ҳама шартҳо асосан бо ин забон (баъзан бо забони русӣ) муаррифӣ мешаванд. Дар муассисаи мазкур ба тариқи озмун аз синфи 7 боло, як гурӯҳ таълимро бо забони англисӣ идома медиҳад. Алҳол дар мактаб 5 синф бо забони англисӣ таълим мегирад.
- Агарчи таҳсил дар муассиса ба дигар забонҳо сурат гирад ҳам, ба забони тоҷикӣ, ки аз муқаддасоти миллии мост, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ фанни забони тоҷикӣ, адабиёт ва таърих бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, аксарият аз синфҳои тоҷикӣ мебошанд, ки дар баробари забони модарӣ забонҳои русӣ ва англисиро хеле хуб аз худ кардаанд. Яъне, кӯдак агар забони модарии худро хуб донад, дигар забонҳоро ба осонӣ меомӯзад, - иброз дошт М. Набизода.
Пас аз дарсҳои асосӣ ҳамарӯза, то соати 15.00 дар муассиса ба хонандагон дарсҳои иловагӣ гузаронда мешаванд. Хонандагон бо хоҳиши худ маҳфилҳои фаннӣ ва ғайраро, ки беш аз 20 номгӯй пешниҳод гардидааст, интихоб менамоянд - шоҳмот, варзиш, хореография, сурудхонӣ, математика, информатика, биология, забони англисӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо.
- Аз зинаҳои аввал ба илм ҷалб гардидани хонандагонро тарғиб менамоем. Онҳо ба навиштани корҳои илмӣ низ шуғл меварзанд, аз ҷумла аз забон ва адабиёти тоҷик корҳои илмӣ менависанд. Он хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва дар академияҳои хурд сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, аз маблағи таҳсили иловапулӣ озод карда мешаванд. Дарсҳои асосӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва дарсҳои иловагӣ аз ҳисоби падару модарон мебошад, - шарҳ дод сарвари мактаб.
Аз 980 хонандаи мактаб 313 нафар духтарон мебошанд, ки дар баробари таҳсили хубу рафтори намунавӣ, дар тамоми чорабиниҳои сатҳи мактабӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Хонандагон дар озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Атласи тоҷик» ва «Ҷилваи чакан»-и вилояти Суғд мавқеи намоёнро ишғол карда, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Хонандагони ин даргоҳ – ҳам духтарон ва ҳам писарон баъди хатми синфи 11 пурра дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар – бештар дар Федератсияи Россия ва Қазоқистон таҳсили худро идома медиҳанд. Қабули хонандагон низ ба мактаб тариқи озмун сурат гирифта, нахуст ба зеҳнияти кӯдак диққат дода мешавад.
- Ба сарсарӣ аз ёд кардани шеъру матнҳо не, балки ба тарзи фикрронии бачагон диққат медиҳем. Кӯдак бояд эҷодкор бошаду мавзӯъро ҳазм, таҳлил ва ниҳоят хулоса бароварда тавонад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдоми саривақтӣ буд, зеро то кунун падару модаронеро метавон пайдо кард, ки ба масъалаи таълим ва тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Аз ҷиҳати моддӣ фарзандонро хуб таъмин мекунанд, вале аз ҷиҳати маънавӣ, ки арзиши аслист, таваҷҷуҳ надоранд. Хонанда ва ё фарзанди беистеъдод нест, ҳар як кӯдак дар худ истеъдоди нокушода дорад, ки онро кашф намудану рушд додан нахуст вазифаи волидайн ва баъд устодон аст, - иброз намуд дар интиҳо Мадина Набизода.
О. ХОҶАЕВА,
Душанбе-бӯстон