08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Паёми Ваҳдат

06-2019 (6)Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,

Бо ёди Ҷоми Ҷам шуд лабрез ҷоми Ваҳдат.

Бо осмон бипайваст овои рӯшани дил,

Дар нури бомдодӣ шуд ғарқ шоми Ваҳдат.

 

Халқи пареш бо ҳам омад зи даври олам,

Зад парчами бузургӣ аз нав ба боми Ваҳдат.

Зоғи ғаму ҷудоӣ аз мо париду бигзашт,

Мурғи саодат акнун хонад давоми Ваҳдат.

 

Дар хонадони ғафлат завқи нишастанам нест,

Бар ҳар даре расонам аз дил саломи Ваҳдат.

Шодам ки аз ҷудоӣ шеъре дигар нагӯям,

Ҳар сатри оташинам бошад ба номи Ваҳдат.

 

Сарҷамъ бод мардум, то ин ки Тоҷикистон,

То ҷовидон бимонад андар мақоми Ваҳдат.

Ояд садои Сомон аз моварои таърих:

Бошед, эй азизон, дар эҳтироми Ваҳдат.

ШАҲРИЯ

 

Ваҳдат

Ваҳдат ду ҳиҷо нест,

Ваҳдат ду дил аст –

Сӯи ҳам боз.

 

Ваҳдат як калима нест,

Ваҳдат ду дасти меҳр аст –

Сӯи ҳам дароз.

 

Ваҳдат шиор нест,

Ваҳдат шиёр аст –

Шарти баргу бор аст.

 

Ваҳдат садо нест,

Ваҳдат садоқат аст –

Садоқати даст ба даст,

Садоқати дил ба дил,

Садоқати ёр ба ёр –

Саодати диёр!

Низом Қосим

 

 

Таронаи Ваҳдат

Бо субҳи иттиҳод ба ваҳдат расидаем,

Бо сулҳи умрбод ба ваҳдат расидаем.

Бо сад умеди рӯзи хушу давлати асил,

Мо бо дили кушод ба ваҳдат расидаем.

Реши дарахти душманӣ аз бех кандаем,

Ҷуз дӯстӣ мабод, ба ваҳдат расидаем!.

Имрӯз ҳама Суғду Бадахшони нозанин,

Хатлону халқи шод ба ваҳдат расидаем.

Ин тахту бахту гулшани озодагӣ Худо

Бар мо дубора дод, ба ваҳдат расидаем!

Табрик ҷашни якдилию ҳусни иттифоқ,

Эй халқи хушнажод ба ваҳдат расидаем.

Бо амри пешво ҳама якҷону якдила,

Бо шавқи зинда бод, ба ваҳдат расидаем.

Душман, ба ин диёр дигар орзу макун,

Бунёди ту фитод, ба ваҳдат расидаем!…

Юсуфҷон Аҳмадзода

 

 

Рангинкамони Ваҳдат

Дил ҳамчу гул шукуфта дар бӯстони Ваҳдат

Марг аст бар камонҳо рангинкамони Ваҳдат

Олам гувоҳ бошад, ҷонро сипар намуда

Бигзашт халқи тоҷик, аз имтиҳони Ваҳдат

Тоҷик кони меҳр аст, имрӯз мешиносанд

Ҳар тифли хурдсолаш чун қаҳрамони Ваҳдат

Дар чашми мо намояд аз ғояи тифоқӣ

Кӯҳҳои сарбаландаш чун посбони Ваҳдат

Омӯву Сирдарё аз марз з-он гузаштанд,

Хонанд ҳар куҷое, то достони Ваҳдат.

Робия

:.  Фарҳанг 08.06.2019 09:17 975

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz