08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ЗЕБОИҲОИ ТОҶИКИСТОН»

       musavvir1.jpgТаи ду ҳафта аст, ки дар меҳмонхонаи «Сирена» - и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи рассомии яке аз мусаввирони номвари эрону тоҷик Амирҳусейни Пироиш барои тамошобинон дарҳояшро боз намудааст, ки ҳамарӯза аз он даҳҳо сокинони кишвар, меҳмонону сайёҳон дидан мекунанд.

Амирҳусейни Пироиш узви Иттифоқи рассомон ва Академияи бунёди мусаввирони Тоҷикистон, аслан зодаи шаҳри Бирҷанди Хуросони Эрон мебошад. Тавре мавсуф иброз медорад аз айёми мактабхонӣ ба ҳунари рассомӣ алоқаманд буда, аз синни 6-солагӣ дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои таҷассумии Вазорати фарҳанги Эрон нозукиҳои касби рассомӣ, хушнависӣ ва тарроҳиро аз худ намудааст.

musavvir2

- Дар 6-солагӣ бо номи Тоҷикистони азиз ошноӣ пайдо кардам. Бори аввал аз родио садои ровӣ хонум Зевар Қандиловаро, ки мегуфт: «Ин ҷо Душанбе, радиои Тоҷикистон!»- ро шунидаму аз падарам пурсидам, ки Тоҷикистон куҷост? Яъне, аз ҳамон замон Тоҷикистонро нодида, бо як садо ошиқи ин ватан шудам. Бо садои Давлатманд Хол, Ҷурабек Мурод ва шодравон Муқаддасу Тоҷиддин Муҳиддин замони тифлию ҷавонӣ ошно будам. Ба ишқу орзуи кӯдакӣ расидам ва инак 22 сол аст дар Тоҷикистони азиз зисту зиндагӣ ихтиёр кардаам, - мегӯяд мусаввир.

musavvir3

Дар эҷотиёти устод Амирҳусейн бештар зебогиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Мусаввараҳояш дар жанри «реализм» (воқеъгароӣ) офарида шудаанд. Асари «НБО – Роғун» - аш бошад дар жанри «символизм» (рамз) эҷод шуда дар намоишгоҳ ҷойгоҳи хос дорад.

Офароидаҳояшро, ки худ достон номашон кардааст, рамзи эҳтирому муҳаббат ба Тоҷикистон, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозаш медонад.

Намоишгоҳи мазкур корро то охири моҳи апрел барои дӯстдорони санъати рассомӣ идома дода, барои хоҳишмандон даромад озод аст.

 

Д. САФАР

:.  Фарҳанг 12.04.2019 11:48 1005

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz