08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХОНАПАРДОЗОН: КИСТАНД ОНҲО?

То чӣ андоза муҳим аст?

Қисми бештари вақти мо дохили биноҳо сипарӣ мешавад, аз ин рӯ, толори бо санъати воло ороёфта метавонад рӯҳро болида намуда, ҳосилнокии меҳнатро афзун созад. Манзура Муинова, ки фориғуттаҳсили факултаи сохт­мон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ мебошаду тайи чанд сол ба ороишу зебосозии тарҳи биноҳо машғул аст, бар он иқрор аст, ки имрӯзҳо вобаста ба рушди босуръати соҳаи сохтмон дар кишвар талабот ба хизматрасонии хонаороён зиёд аст.

- Одамон кайҳо дарк кардаанд, ки аз тасмимҳои шахсӣ метавон раҳ ба хато бурд, аз ин рӯ, таъмир ва ороиши кошонаҳоро ба хонапардози ҳирфаӣ бовар менамоянд, то банду басти он дурусту дақиқ ба роҳ монда шавад. Ба ин тариқ, буҷети хонавода сарфа мегардад, зеро мутахассис қаблан хурдтарин ҷузъиётро мадди назар гирифта, завқу хоҳиши мизоҷонро ба инобат мегирад ва маслиҳати муфид дода, баён месозад, ки дар баробари зебоӣ толор бояд баҳри иҷрои вазифаи хеш дуруст тарҳрезӣ ва тазйин шавад. Бояд муҳите сохт, ки кас дар он ҳузуру ҳаловат ва роҳати куллро эҳсос намояд. Ҳатто дар толори ниҳоят хурд ва ноқулай фароҳам овардани бароҳатӣ, зебоӣ ва бехатарӣ вазифаи аввалиндараҷаи хонапардозон аст,–иброз дошт М. Муинова.

Кадом услубҳо бештар маъмуланд?

Дар санъати хонаороӣ услуб­ҳои махсусе вуҷуд доранд, ки тибқи онҳо мутахассисон фаъолияти хешро ба роҳ мемонанд. Услубҳои классикӣ, хайтек, барокко, лофт ва неоклассика аз қабили онҳоянд.

- Дар кишвари мо услуби классикӣ бештар маъмул аст. Агарчи дигар ҳуҷраҳои хона бо усулҳои навин ороиш ёбанд, меҳмонхонаро мардуми мо ҳатман бо услуби классикӣ таҳия менамоянд. Вақтҳои охир услуби лофт низ зиёд ба кор бурда мешавад. Ин навъи санъати ороишии амрикоист, ки манзили зист ва ё муассисаҳои ҷамъиятӣ иборат аз як толори бузург аст, ки фазои он умумӣ буда, бо деворҳо тақсим нагаштааст,–иброз дошт М.Муинова. Ба иқрори ӯ, тамоюли ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ бештар ба роҳату қулайнокии зистгоҳҳо такя менамояд ва мӯд бошад, дар тағйир ёфтани рангу тобишҳои деворҳо, ҷиҳозҳои ороишӣ ва истифодаи маводи табиӣ инъикос мегардад.

Хизматрасонии хонаороён…

- Пардохти маблағи хиз­матрасонӣ аз ҳаҷми толор ва душвории кор, услуби интихобшуда ва ғайра вобастагӣ дорад. Иҷрои кор бо услуби классикӣ аз дигар навъҳои ороиш гаронтар аст, зеро ҷузъиёт дар он хеле зиёд буда, меҳнати дурударозро тақозо менамояд. Назорати муаллифӣ ном фаъолият вуҷуд дорад, ки мутахассис ҳамроҳ бо соҳибхона барои дастрас кардани маводи зарурии сохтмониву ороишӣ ба бозору мағозаҳо рӯ меорад ва на ҳар кас имконияти истифода бурдан аз хизмати хонаороёнро дорад,–иқрор омад М. Муинова.

Бино ба гуфтаи Ислом Ҳакимов, мутахассиси ин соҳа, арзиши хизматрасонии хонаороён барои 1 метри мураббаъ аз 30 то 200 сомониро ташкил медиҳад, яъне ороиши толорро хонапардоз аз сифр шурӯъ карда, то ба итмом расидани лоиҳа масъулиятро бар дӯш дорад.

- Шахсан ман бо арзиши камтарин хизмат менамоям ва ороиши ҳуҷраи 3х5-ро тахминан ба маблағи 400–500 сомонӣ тарҳрезӣ месозам. Агар имконияти хонавода маҳдуд бошад, ба маблағи пешниҳоднамудаи соҳибхона қаноат мебарам. Ба ороиши хонаҳо на ба хотири маблағ, балки баҳри оромиши рӯҳи зебопарастии худ мепардозам ва аз ин амали хеш неру мегирам. Гузашта аз ин, соҳиби манзил метавонад фардо ба дӯстону шиносони худ хидматгузории маро тавсия диҳад ва фаъолияти ман бобарору пурбаракат хоҳад гашт,–иброз дошт И. Ҳакимов.

Имконият то куҷост?

Дар баробари истифода аз хизмати хонаоро харидории масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳоз, пардохти ҳаққи заҳмати таъмиргарони манзил буҷети хонаводаро тиҳӣ мегардонад. Аз ин рӯ, аксарият аз хидматгузории хонапардозон даст мекашанд. Аммо, ба гуфтаи И. Ҳакимов, бархе агарчи бо хароҷоти зиёд мустақилона ба ороиши тарҳу намои толорҳо даст зананд ҳам, дар интиҳо аз натиҷаи кори хеш, аз номувофиқии рангу тобишҳо, ки шабеҳи сечароғи роҳ мегардад, дилсард мешаванд.

- Барои сарфа кардани маблағ истифода аз услуби «лофт» қулай мебошад, зеро тариқи ин усул бо хароҷоти андак метавон воқеан зебоӣ офарид. Хонапардозон ашёҳои куҳна ва дигар чизҳои мавҷудбударо самаранок истифода мебаранд–деворҳои хиштинро лок зада, мизу курсиҳои қадимаро аз нав ороиш медиҳанд ва рангу тобишҳои деворҳоро аз нав месозанд,–шарҳ дод И. Ҳакимов. Ба андешаи ӯ, баъзеҳо пешаи хонапардозиро барои дарёфти маблағи ҳангуфт интихоб менамоянд, ё ин ки бидуни масолеҳи гаронарзиш фармоишро қабул намекунанд.

- Хонапардозе, ки як навъи ороишотро дар як манзил истифода бурдаву минбаъд низ онро дар толорҳои дигар мавриди истифода қарор медиҳад, мутахассиси асил нест. Зеро вай ин услуби корбариро барои ҳар чи бештар ба даст овардани маблағ пеш мебарад,–иброз дошт Илҳом Ҳакимов.

Хонапардозонро аз куҷо метавон пайдо кард?

Имрӯзҳо хонапардозонро тариқи шабакаи интернет пайдо кардан мумкин аст. Вале, аслан бо усули маъмулии «аз даҳони мардум» онҳо таблиғ мегарданд.

- Баъди супурдани хонаи зинатёфта бештар дӯстону наздикони соҳибхона нишонии маро пайдо мекунанд, – иброз дошт М. Муинова.

Фаъолияти хонапардозон тан­ҳо ороиши дохили толорҳо набуда, зебу зинат додани намои беруниро низ фаро мегирад. Ороиши толорҳо маъмулан интерйер ва зебогардонии қисми берунии иморат экстерйер ном гирифтааст.

- Аксар пардозгарони касбӣ ба ҷуз ороиши дохили биноҳо дар зебову хуштарҳ намудани пойтахти кишварамон низ саҳми назаррас доранд. Ба амсоли пули роҳи оҳани назди фурудгоҳ, гулгашти маҷмаи муҷассамаи устод Айнӣ, чор бинои навсохт дар буриши кӯчаи А. Дониш ва хиёбони С. Айнӣ ва ғайраҳо. Аз он ифтихормандем, ки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи зебоиву ободонии пойтахти кишвар, шаҳри дилорои Душанбе, талош меварзанд ва зебосозони касбиро ба ин кор ҷалб менамоянд,–иброз дошт дар интиҳо Ислом Ҳакимов.

Ситора АШӮРОВА

:.  Фарҳанг 01.02.2019 08:58 909

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz