08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

 

Аз соли 2002 то соли 2006 мудири бахши кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Шаҳринав буд. Солҳои 2006–2015 директори мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав, 2015–2016 муовини директори мактаби президентии шаҳри Ҳисор, аз соли 2016 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав.

Дорандаи медали «Хизмати шоиста», нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон». Оиладор, соҳиби 5 фарзанд...

Бо амри тақдир Навраста, Раҷабалӣ ва Нозукойи хурдакак барвақт аз меҳри падару модар маҳрум монда, муқими мактаб–парваришгоҳи ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳринав гардиданд.

- Бародарам ҳашт, ман ҳафт ва хоҳаракам панҷ сол доштем, ки муқими интернат гаштем. Ёдам ҳаст, синфи шашум мехондам, ки Мушаррафа Шарифоваро директори интернат таъйин намуданд. Бо омадани муаллима ятимон барои худ модаре пайдо намуданд. Муаллима бо худ файзу баракат, меҳру муҳаббат ва гармиву тозагиро ба интернат овард,–ёдовар мешавад Навраста ва меафзояд, – сари мо, ятимонро сила карду аз дарди дили ҳар яки мо огаҳ шуд. Бо мо дар алоҳидагӣ суҳбат ороста, насиҳату дилбардорӣ менамуд. Ба ӯ меҳр бастему очаҷон мегуфтемаш. Ӯ моро ҳамчун фарзанди хеш донист. Ҳар мавсим ба мо сарупои нав ва зодрӯзҳоямонро бо хони идона таҷлил мекард. Пойтахт тамошо мерафтему ба сайру саёҳати табиат мебаромадем. Аз осорхонаву сирк, боғу майдонҳо, хиёбону гулгаштҳои шаҳр дидан мекардем. Ҳар як ҷашну ид зиёфат орос­та ба мо туҳфаҳо медоданд.

«Давраи тиллоии интернат», мегӯянд нуҳ соли роҳбарии Мушаррафа Шарифоваро тарбиятгирандагони ин даргоҳ. Дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо ташкилоту идораҳо, шахсони саховатпешаву соҳибкорон, барномаҳои давлативу ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Мушаррафа кӯшид то парваришгоҳ дорои шароитҳои хуб гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар замони муаллима биноҳои парваришгоҳ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои кӯдакон ҳаммоми замонавӣ сохта шуд.

- Муаллима шахсан худаш маро ба пойтахт бурд ва бо ёрии ӯ ман коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо хатм намудам. Бародарам Раҷабалӣ омӯзишгоҳи ҳарбии суворовчиён ва хоҳарам низ маҳз бо ёрии муаллима донишгоҳи иқтисодро хатм намуд. Вақти хонадоршавиям низ чиҳозҳои хонаамро муаллима оварданд. Ҳатто ҳини кӯдакдор шуданам аз Шаҳринав ба ноҳияи Восеъ, ки ман имрӯз он ҷо зиндагонӣ мекунам, гаҳвора оварданд. Ва гоҳе ҳамроҳи кӯдаконам, ки муаллимаро бибии шаҳринавӣ мегӯянд, ба аёдаташон равем, албатта, ба бозор бурда ба онҳо сарупо мехаранд,–қисса мекунад Навраста.

Зуҳро, Нилуфар, Нафиса, Миҷгона, Лада ва боз чанд нафари дигар тарбиятгирандагони интернат, ки ятими кулл буданд, муаллимаро модари худ медонанд. Бо ёрии муаллима соҳибмаълумот, хонадору бачадор шуданд.

- Дар баробари панҷ фарзанди худам шогирдонам Навраста Иброҳимзода, Миҷгона Ғаюрова ва Владлена Илченко ҳамроҳи кӯдаконашон рӯзҳои ҷашну маърака ва тӯй ба хона меоянд. Кӯдаконашон маро бибиҷони шаҳринавӣ меноманд,–мегӯяд бо қаноатмандӣ Мушаррафа.

Вақте ки Мушаррафа азми донишҷӯ шуданро намуд, кам духтарон баъди мактаб хонданро идома медоданд.

- Аз деҳаи мо қариб, ки духтарон барои идомаи таҳсил ба донишкадаҳо намерафтанд. Вақте ман тасмим гирифтам, падарам аз аввал розӣ нашуданд. Вале диданд, ки тасмимам ҷиддист, розигӣ доданд.

Мушаррафа аз хурдӣ меҳри китобу китобхониро дар дилу зеҳнаш ҷо намуда буд. Замони ба шавҳар баромаданаш, ҳамроҳи ҷиҳозҳои арӯсӣ ба хонаи домод як ҷомадони калон низ ворид гардид, ки ҳама дар интизори туҳфаҳои дохили он буданд. Вале чанд рӯз пас маълум гардид, ки ҷомадони арӯс пур аз китоб будаст. То ҳол дар оила инро нақл карда механданд.

Имрӯз Мушаррафа роҳбарии яке аз соҳаҳои муҳими ноҳияро ба дӯш дорад. Тавре муаллима иброз намуд, дар ноҳия 53 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 1 ҳазору 700 нафар омӯзгор ба 23 ҳазору 468 нафар хонанда таълим медиҳад. Имсол аз 1431хатмкунанда тавассути Маркази миллии тестӣ 978 нафар ба мактабҳои олии кишвар дохил шуд, ки ин нишондоди хуб аст. Инчунин, 19 нафар тибқи Квотаи президентӣ донишҷӯ шуд. Муҳассилини мактабҳои ноҳияи Шаҳринав аз фанҳои забони хориҷӣ ва физика байни мактаббачаҳои муассисаҳои таълимии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб гаштанд. Дар олимпиадаҳои фаннии минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ низ хонандагон дастовардҳои назаррас доранд. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ талабагони ноҳия 8 медал ба даст оварданд, ки ин дар минтақа аз ҳама беш аст.

Далери САФАР,
ноҳияи Шаҳринав

 

:.  Фарҳанг 01.02.2019 08:56 1079

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz