09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ ШАҲРИНАВ

 

Муяссара Холбобоева аз зумраи бонувонест, ки пас аз солҳои тӯлонии дур шудан аз дарздӯзӣ баргашт ба олами ҳунари аҷдодӣ. Агарчи замоне чун куртадӯз захми сӯзанро бо ангуштонаш озмуда, миёни маҳал номвар шуд, вале бо тақозои зиндагӣ муддате натавонист бари мошини дарздӯзӣ нишинаду ҳоҷати корафтодагонро барорад. Чаро ки, ба иқрори худи ӯ, кӯдакдор буду серташвиш аз кори рӯзғор.

- Солҳои мактабӣ муаллимаи фанни таълими меҳнат дӯхтани дастбандакро барои пешоҳангони мактаб ба ман «фармоиш» медод. Завқи риштаю сӯзан водор сохт, то аз кунҷи сандуқи модар матоъ вом гираму куртадӯзиро оғоз намоям. Чандин колоро пора кардаму дӯхтам ва аз ноомади кор онҳоро ба рӯди пушти хона андохтам. Билохира, модари чеварам аз «ҳунармандӣ»-и ман огаҳ шуда, дастамро «рост» кард. Аллакай дар наврасӣ пироҳанҳои арӯсии духтарони деҳро медӯхтам, вале замоне камбудиҳои зиндагӣ маҷбурам намуд, то дарзи мардумро камтар гирам ва манбаи дигаре пайдо намоям. Ин буд, ки қариб 30 сол дар баробари дарздӯзӣ дар беморхонаи марказии ноҳия фаррошӣ намудам, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.

Холаи Муяссара муддати на чандон тӯлоние, ки бознишаста буд, аз бекорӣ дилгир шуд. Тасмим гирифт, то гурӯҳеро сарҷамъ орад ва ба бонувони рус­тои Селбури Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки аксаран хонашин буданд, касб омӯзонад. Ҳадафаш барабас нарафт. Ба пешниҳоди пешоварӣ ҳамсоязанҳо розӣ шуданд, ки ҳар яке аз ҳунари доштааш ба ҳамдигар омӯзонад ва дастранҷи хешро манзури мизоҷону дӯстдорони ҳунари миллӣ намояд. Ин иқдоми холаи Муяссараро роҳбарияти бахши шуғли аҳолии ноҳия низ дастгирӣ кард ва омӯзиши курси қолинбофиро ба роҳ монд. Мавсуф чанде барои омӯхтани пеша шогирд шуд ва аз байни 22 нафар ҳунаромӯз қолинбофиро хубтар фаро гирифт. Устои касби хеш шуд.

- Дарздӯзӣ инсонро аз ҳолатҳои равонии нохуш нигоҳ медорад. Масалан, бештари одамон гирифтори афсурдаҳолианд, ки бо андаке нофаҳмӣ ё фишорашон баланд мешавад ё мубталои сактаи мағзи сару қалб мегарданд. Ҳамрози ман шогирдонам ва оромкунандаи рӯҳам маҳсули дастонам мебошанд, ки аз диданашон дилам шоду чашмонам рӯшан мешаванд, - иброз медорад ӯ.

Заҳри одамро одам мегирад

Рафиқа Мардаковаро шавқу рағбаташ бештар ба пешаи шерозбофӣ буд ва ин ҳунарро нахуст аз аммааш омӯхт. Марги модар ӯро бо аммааш қарин кард. Рафиқа ӯро дастгиру ҳамдам медонист. Аз он ки Рафиқа дар айёми шубоб буд, аммааш ба хотири омӯхтани таҷрибаи рӯзгор таъкид ба ҳунаромӯзиаш менамуд, то дар зиндагӣ ӯро ба кор ояд. Рӯзҳоро паси мошини дарздӯзӣ мегузаронду бехабар аз он ки овозаи ҳунармандиаш вирди забони деҳа гашта. Бонувони хонашини маҳал гирдаш ҷамъ омаданд. Ҳар кадом ҳунареро аз Рафиқа омӯхтан мехост. Сафи ҳунаромӯзон афзуд. Ӯ гурӯҳи бонувони кӯрпадӯзро ташкил кард, ки барои навхонадорон тахти арӯсӣ омода менамуданд.

- Ҳалқаи бонувони кӯрпадӯз беш аз ду сол аст, ки фаъолият менамояд. Мо аллакай мизоҷони худро аз шаҳру навоҳии атроф пайдо кардаем. Фармоиш зиёд аст, вале новобаста аз серкорӣ кӯшиш менамоем, то ягон мизоҷро ноумед насозем. Гоҳҳо шаб то саҳар яке абраю астар мекунад, дигаре пахта меандозад, сеюмӣ лаганда менамояд. Хуллас, ҳоҷати корафтодагонро мебарорем, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.

Занони ҳунарманд – Сокина Қаҳҳорова, Сарвиноз Давлатова, Турсуной Ёрова ва Зайнаб Шералиева ба ғайри кӯрпадӯзӣ аз ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва шерозбофӣ низ бархӯрдор буда, мизоҷони зиёде доранд.

- Заҳри одамро одам мегирад, гуфтаанд. Кори ҳамдастӣ бобаракат аст, чаро ки бо ҳамдигар суҳбаткунон якбора тахтро омода мекунем, ки баъзан худ бехабар мемонем. Аз меҳнати дастҷамъӣ хас­тагиро эҳсос намекунем, - мегӯяд ӯ.

Ҳунарвар кори дастиро мушкил гуфта, аз заҳмати сабрталаби он аз мисраи шеърии «Дилакам зардоб шуд, аз чақчақи бофандагӣ» ёдовар мешавад. Ӯ иқрор меояд, ки бо рушди техника ҷои дуконҳои бофандагиро мошинҳои пурқудрат гирифт, вале олоти кории ҳунарҳои миллиро афзори дигар наметавонад иваз намояд. Чаро ки захми даст ва эҳсоси баланди ҳунарварро танҳо ҳамон як сӯзани одӣ тавони таҷассум намудан дораду бас.

Рафиқа Мардакова иброз медорад, ки омода намудани рахти хоби арӯсӣ барои фарзандон туҳфаи беҳтарини волидон ба навхонадорон аст. Агарчи дар бозорҳо мебелҳои гуногуни истеҳсоли ватанию хориҷӣ фаровонанд, аммо зодмандон ҳатман барои фарзандонашон кӯрпаю кӯрпача ва болишт медӯзанд. Албатта, дар ҳаҷми меъёр ва риоя аз анъанаҳои бузургон бо шумори кам бошаду хуб бошад.

Аз ҳунаромӯзӣ то таҳаммулпазирӣ

Давлатой Бозорова мефахрад, ки авлоди гузаштааш луқмаи ҳалол аз баракати ҳунармандиашон хӯрда буданд ва имрӯз ӯ посдорандаю идомадиҳандаи пешаи аҷдодист. Холаи Давлатой замоне ба деҳаи Аҷами Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов арӯс шуда омад, ки ҳамагӣ ҳаждаҳ сол дошт, вале кордону дидадаро ва ҳунарвар буду ба қавле пухтаву рӯзгордида. Пешавариаш миёни аҳли деҳа дар солҳои аввали зиндагонӣ шинохтааш кард. Мӯйсафедон ҷомаю ҷелак фармоиш медоданд, бонувон бошанд, мехостанд, то куртаи буғакдору сарандозҳои гулдӯзиашонро Давлатой дӯзад. Ба бонувони фармоишгар омӯзиши ҳунарро талқин ва шавқу рағбати пешавариро ба дилашон ҷой намуд. Фармоишгаронаш барои шогирдӣ ба наздаш меомаданд, то тавонанд аз чашмаи ҳунари ин бонуи чевар нӯши ҷон кунанд.

- Ба бонувон дар баробари пеша омӯхтан панди рӯзгор мегӯям. Ҳунармандиро барояшон тарғиб мекунам. Аксарашон бо ҳунарпешагӣ зиндагиашонро пеш мебаранд. Дарздӯзӣ таҳаммулпазириро тақозо мекунад ва на ҳар кас метавонад чун ҳунарманд номвару муваффақ шавад. Чаро ки бештари бонувоне, ки бо нияти ҳунаромӯзӣ меоянд, аз мушкилии кор меҳаросанд. Исбот менамоям, ки барояшон аз суҳбат бо занони бекору беҳунар ҳунаромӯзӣ авлотар аст, - иброз медорад холаи Давлатой ва иқрор меояд, ки воқеан ҳам Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба зиндагии пешоварон баракату навгониҳои зиёд оварду сайёҳон аз тамоми гӯшаи ҷаҳон ба Тоҷикистони азиз ҷалб шуданд ва овозаи ҳунармандии бонуи тоҷик ба гӯши фалак расид.

Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО,
ноҳияи Шаҳринав

 

:.  Фарҳанг 27.12.2018 04:45 1054

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz