09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НОМҲОИ ТАЪРИХИИ МАВЗЕЪҲО БАРҚАРОР МЕШАВАНД?!

 

- Ин гуруҳи корӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон фиристода шуданд, то тамоми номҳои ҷуғрофиро ҷамъоварӣ намоянд. Дар рафти кори санҷиш зиёда аз 10 ҳазор номи ҷуғрофӣ ҷамъоварӣ шуд ва ба гурўҳи кории забоншиносоне, ки махсус ба номшиносӣ машғуланд, пешниҳод гардид. Ҳайати ин гуруҳ номҳоро таҳлил карда, мавриди баррасӣ қарор доданд ва аз байни 10 ҳазор номи ҷуғрофӣ маълум гардид, ки зиёда аз якуним ҳазор номи деҳаҳо ғайритоҷикӣ мебошанд, - иброз дошт Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи кор бо забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи ӯ сабаби зиёд будани чунин номҳои ғайритоҷикӣ гуногунанд. Як қисми онҳо вобаста ба сиёсати давр тағйир ёфта бошанд, қисми дигар рабт ба сокинон дорад, яъне мардум ба маънии номи макони зисташон сарфаҳм нарафта, номи деҳаҳоро ба фаҳмиши худ тағйир додаанд. Бо мақсади ислоҳи чунин камбудиҳо аз ҷониби ниҳоди мазкур ба тамоми мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо барои иваз намудан ва барқарор кардани номҳои таърихӣ мактубҳо ирсол гардидаанд.

 


- Тартиби иваз намудани номи деҳаҳо аслан ба ихтиёри худи мардум аст, ки ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод мекунанд ва баъд аз оне ки Қарори Маҷлиси вакилон муқаррар мегардад, онро ба мақомоти болоӣ пешниҳод менамоянд. Мо фақат тавсия додем ва қисми зиёди мақомот ин тавсияҳоро хуб пазируфтанд ва бо мардум роҷеъ ба ин масъала суҳбатҳо доир намуданд, - қайд кард ҳамсуҳбатам.

Баъди ба маънии луғавӣ ва асли таърихии номҳо сарфаҳм рафтан мардуми зиёд номҳои таърихии мавзеъҳои худро хуш истиқбол намуданд ва дарк сохтанд, ки воқеан ҳам ба номҳои бегона онҳо унс гирифта буданд. Ба гуфти С.Матробиён, ҳолатҳое буданд, ки ба маънии ном таваҷҷуҳ накарда, баъзе сокинон номи навро қабул накардаанд, ба амсоли деҳаи «Беғар»-и ноҳияи Варзоб. «Беғар» вожаи қадимии суғдӣ аст, вале дар замони имрӯз он миёни мардум ба маънии дурушту номақбул роиҷ аст. Мардуми ин деҳа пешниҳод карданд, ки ин ном иваз карда шавад, аммо аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот хоҳиши мардум рад карда шуд ва намояндагони ин ниҳод миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, собит сохтанд, ки «ғар» аслан ба маънои кӯҳ омадааст ва «би» ё «бе» ба маънии домана, яъне маънии пурраи он «Доманаи кӯҳ» аст ва ҳарду вожаи қадимии суғдӣ мебошанд.

Имрӯзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ба шаҳрҳову ноҳияҳо низ номҳои таърихии онҳо баргардонида шудаанд, ба амсоли Леваканд, Ҷайҳун, Кӯшониён, Лахш, Ҳулбук ва ғайраҳо.

С.Ашӯрова

 

:.  Фарҳанг 30.10.2018 11:00 1017

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz