Аз баракати ин сол чун дигар бонувони кишвар занону духтарони ҳунарманди Нуробод низ майдони амал ёфтанд. Ба омӯзиши касбҳои қолинбофию адрасбофӣ, гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ, ҷуроббофию тоқидӯзӣ, пашмресиву намадрезӣ ва даҳҳо ҳунарҳои дигар шуғл варзида, ба буҷети хонавода даромади иловагӣ афзуданд.
Хоҳарон Фарзона ва Фароғат, ки яке аз ҳунармандони чирадасти ноҳия ба шумор мераванд, дар хона ба дӯзандагӣ машғуланду аз ин ҳисоб даромади хуб низ мегиранд. Гулдӯзиҳои ин чеварон вобаста ба хоҳиши мизоҷ бо сӯзан ё дарафш бисёр олӣ омода мешаванд. Дар намоишгоҳҳои сатҳи ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ дастранҷи хоҳарон доимо ҷило медиҳанду сазовори ҷоиза мегарданд.
- Курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва компютериро дар маркази касбомӯзии ноҳия хатм намудаам. Аз сабаби вазъи саломатӣ натавонистам дар мактаб ё идорае кор кунам. Дар хона ба чеварӣ машғулам. Дар баробари дӯзандагӣ моҳе ду-се шогирд тайёр мекунам. Барои омӯзиш пули бисёр намегирам. Дар ивази 300 сомонӣ ба шогирдон тӯли як моҳ нозукиҳои касб: пора намудану андоза гирифтан, дӯхтану ороиш кардан, попур задану гулдӯзӣ намуданро ёд медиҳам, - иқрор меояд Фарзона ва илова мекунад: - Дар як рӯз ҳар нафари мо ду куртаи занона медӯзад. Дӯхти куртаи одии бе ороиш аз 20 то 30 сомонӣ арзиш дорад. Вале, агар бо санг, попурӣ ва ё гулдӯзӣ оро дода шавад, нарх боло меравад. Дӯхтани гулдӯзии як ҷуфт болишт, болочодарӣ ё худ чодар бошад, аз як ҳафта то даҳ рӯз тӯл мекашад. Барои арӯсон дар баробари чодар ва болочодарӣ кӯрпаву кӯрпачаи қарама ва куртаи арӯсии гулдӯзӣ низ омода мекунем, - мегӯяд Фарзона.
Фароғат бошад дар баробари кор дар мақомоти маҳаллӣ, ки вазифаи мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияро ба уҳда дорад, ҳунарманди хуб низ ҳаст. Ӯ дар вақтҳои бекориву рӯзҳои истироҳат пурра ба хайётӣ машғул мешавад.
- Дар оила ҳашт нафар ва аз ин шумор шаш нафар духтарем. Ҳама ҳунари дӯхтану пухтанро аз модарамон омӯхтаем. Ӯ аз хурдсолӣ моро сари сурфаву дегу чакдон ва дӯхтудӯзаш кашола мекард, то ҳунарманду кабдону бошем. Замони донишҷӯӣ дар шаҳри Ҳисор дар хонаи хешамон мезистам. Баъзан вақт шаб то саҳар гулдӯзӣ мекардаму аз даромади он маблағи рӯзгузаронӣ ба даст меовардам, - мегӯяд Фароғат.
Дар ноҳия баҳри бо шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин маркази касбомӯзӣ фаъолият мекунад, ки дар он сехи дӯзандагӣ, адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳо амал мекунад.
- Айни замон дар коргоҳи дӯзандагии маркази касбомӯзӣ 8 нафар фаъолият дорад. Муддати яку ним соли фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ садҳо нафар аз тамоми деҳоти ноҳия ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои касби дӯзандагиро аз худ намудаанд. Имрӯз шогирдони мо худ аллакай мустақилона дар хона фаъолият доранд ва фармоишҳоро сари вақт иҷро мекунанд. Дар панҷ моҳи заҳмати худ мо 2970 ҷуфт сарулибоси мактабӣ дӯхта пешкаши харидорон намудем. Арзиши пероҳану доман ва либосҳои мактабии истеҳсолнамудаи мо нисбат ба бозор арзон ва сифаташ низ хубтар мебошад, - мегӯяд сарвари сехи дӯзандагӣ Насиба Мирзоева.
Сехи мазкур то қадри имкон эҳтиёҷоти сокинони ноҳияро ба либоси мактабӣ, куртаҳои арӯсӣ ва пероҳанҳои миллӣ бароварда месозад. Тавре Н. Мирзоева мегӯяд:
- Сарулибоси мактабӣ аз рӯи нусхаҳои тавсиявӣ омода мешаванд. Ҷуфти пероҳану шими мактабӣ барои духтарбачаҳо 50–60 сомонӣ, доман мувофиқ ба андоза аз 30 то 60 сомонӣ, либоси рӯ барои фасли тирамоҳ аз 70 то 85 сомонӣ арзиш доранд. Агар барои синфи як нархи либоси мактабӣ 60 сомонӣ бошад, барои синфҳои ёздаҳ арзиши он 85 сомониро ташкил медиҳад.
- Пештар мо дар хона дӯзандагӣ мекардем. Фармоиш низ танҳо рӯзҳои иду ҷашн ва тӯю маъракаҳо иттифоқ меуфтод. Ҳоло бошад, ҳар рӯз фармоиш ҳасту мувофиқи кори иҷрошуда музд мегирем. Дастпарварони коргоҳи мо барои ҳамшираҳову бародарони шафқат ва кормандони беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия 1060 ҷуфт сарулибоси тиббӣ бо арзиши аз 150 то 180 сомонӣ омода намуданд. Фармоиши дӯхти куртаҳои миллии занона аз 30 то 40 сомонӣ арзиш доранд, - мегӯяд шогирди коргоҳ Муаттара.
Маркази мазкур дорои толори кошонаи ҳусн мебошад. Дар он духтарон тарзи ороиши мӯю рӯй ва пардозгариро меомӯзанд. Қимати пардози рӯй ва ороиши мӯй дар ин ҷо 100 сомонӣ ва кирояи либоси арӯсӣ, ба тарзи миллӣ 50 сомонӣ муқаррар шудааст.
Тавре Абдуҳалим Сӯфизода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод, иттиллоъ дод, барои бо шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин ҳама чораҳо андешида мешаванд. Дар ноҳия филиали Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон фаъолият мекунад. Таи чор сол марказ 300 нафар занону духтарони хонашинро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст. Аз аввали сол то ин дам бошад 60 нафар занону духтарон ба курсҳои адрасу қолинбофӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, дар деҳаҳои дурдаст курсҳои сайёри дӯзандагӣ барои занони хонашин гузаронда мешаванд. Аз ҳисоби курсҳои муҳосибӣ ва компютерӣ тибқи роҳхати шуъба даҳҳо нафар духтарон дар мақомоти маҳаллӣ, шуъбаи маориф ва дигар ташкилотҳо бо кор таъмин карда шуданд.
Ҳунарманд Рухшона Булбулова солҳо боз хонашин буд, вале имрӯз ба занону духтарони Нуробод пешаи адрасбофӣ меомӯзонад.
- Ростӣ, пештар дар хона кам - кам чеварӣ мекардам. Бештар мизоҷон худи аъзои оила ва баъзан ҳамсояҳо буданд. Баъди дидани намоиш дар бораи КВД «Маркази таълимии омӯзиши модулӣ»-и шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо ба занону духтарон дар баробари дигар касбҳо ҳунари адрасбофиро низ меомӯзонданд, шавқе дар дилам ҷӯш зад. Ба он марказ рафта, дар назди устод Махфират Мирзоева шогирд истодам. Як моҳ ҳунари адрасбофиро омӯхта, ба ноҳия омадам, - мегӯяд бонуи адрасбоф.
Инак, як сол аст, ки ӯ ҳунари омӯхтаашро ба духтаракони маҳал меомӯзонад. Дар ин муддат зиёда аз чил нафар бонуи маҳаллиро аз ҳунари адрасбофӣ бархӯрдор намуд. Рухшона тарзи сохтани дастгоҳи бофандагиро низ хуб аз худ намудаасту бо табассум хешро «дуредгар - бофанда» меномад.
Бонувони чирадасти нурободӣ, мисли ҳампешаҳои дигари хеш барои ҳифз ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Ва дар ин ҷода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дастгиру ёвари косибону ҳунармандон аст. Аз ҷумла, бо амри раиси ноҳия озмун барои дарёфти беҳтарин ҳунарманду косиб ва кадбону дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия эълон гардида аст, ки дар зимн рӯйхати тамоми ҳунармандон ва косибон мураттаб ва ҳунармандони деҳоти Сафедчашма ва Комсомолобод намоишгоҳи хубе доир намуданд.
Д. Сайдамир,
ноҳияи Нуробод