Асрори коинот ва ҳашаматаш ӯро ба ҳаяҷону изтироб меорад ва миёни он худро зарраи хурдтарини реги биёбони бепоён меангорад. Ҳине, ки чашм ба дурбини расадхона мемонад, ҳаяҷон вуҷуди ӯро тарк мегӯяд. Ҳамакнун ҳашамати коинот аз мадди назар дур меафтад ва танҳо ҷисмҳои осмонӣ бо ҳаҷми азим пеши чашм падид меоянд. Дар умқи дил нишоти хурде шуъла мезанад. Нишот аз он, ки миёни ин ҷисмҳои осмонӣ сайёраи хурде насаби ӯро дорад. Сайёраи хурди «Қоҳирова», таҳти № 24533.
Ин сайёраи хурд барои хизматҳои шоёну бебаҳои бонуи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова дар соҳаи астрофизика номгузорӣ шудааст, ки туҳфаи арзандаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад. Моҳи июли соли 2014 дар ҳамоиши байналмилалии «Астероидҳо, кометаҳо ва шиҳобҳо», ки дар шаҳри Хелсинкии Финландия баргузор гардид, Г. Қоҳирова маърӯзаеро, ки ҳамроҳ бо роҳбараш академик Пӯлод Бобоҷонов таҳия намуда буд, ба хидмати иштирокчиён арза кард. Баъд аз ин, дар ҷаласаи Шӯрои олимон раиси Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ қарори ин созмонро оид ба номгузории нави сайёраҳо муаррифӣ сохт ва дар қатори исми 10 нафар олимони дунё насаби ӯро низ бар забон овард.
- Баробари шунидани ин навид лаҳзае лолу ҳайрон мондаму ҳаяҷони худро муддате чанд натавонистам фурӯ нишонам, - мегӯяд мавсуф. – Бароям ғайричашмдошт буд, фикр мекардам, ки шояд иштибоҳе сар задааст, вале баъди такроран садо додани номи ман ва ишораҳои ҳамкоронам ба худ омадаму аз ҷой бархоста, ба саҳна боло шудам. Гувоҳномаро, ки ба сайёраи хурд воқеан ҳам номи ман дода шудааст, ба дастам супурданд, - хоксорона иброз дошт Г. Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сайёраи хурди «Қоҳирова» ҳаштумин сайёраест, ки номи олими тоҷикро дорад. Қабл аз ин, дар аҳди Шӯравӣ барои хизматҳои шоён ба 7 олими тоҷики соҳаи астрофизика номи сайёраҳоро нисбат додаанд. Дар ин радиф, сайёраи № 2729 «Тоҷикистон» (Tadjikistan) ва сайёраи № 2746 ба шарафи расадхонаи Ҳисор (GisAO) номгузорӣ шудаанд.
Сайёраи хурди «Қоҳирова», гарчанде дар масофаи ниҳоят дур ҷойгир аст, назар ба дигар сайёраҳо ба Замин наздик мебошад ва ҳаҷман 10 км-ро дар бар мегирад. Ин сайёраро дар расадхонаи машҳури Ловелли ИМА кашф намудаанд. Заҳмати Г. Қоҳирова дар он аст, ки ҳангоми тадқиқоти ҷисмҳои хурди системаи офтобӣ, аз ҷумла ташкил кардани шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон, ки аввалин шабака дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ бо ҳайати корӣ зиёда аз 200 болидҳоро аксбардорӣ намудаанд. Болидҳо ҷисмҳои бузурги осмонии наздизаминӣ мебошанд, ки ба атмосфераи Замин ворид гардида, аз худ нақши нурбор мегузоранд. Ҳангоми таҳлили ин аксҳо Г. Қоҳирова ҳамроҳ бо ҳайати корӣ маълумоти пурраро ҳосил намуда, андоза, суръат ва мадори онҳоро ба ин тариқ муайян сохтаанд ва дар натиҷаи хулосабарорӣ макони баргузории ин ҳодисаҳои кайҳониро дақиқ нишон додаанд.
– Ин маълумот барои он лозиманд, то муайян созем, ки то чӣ андоза ин ё он ҷисмҳои осмонӣ барои Замин хатар эҷод месозанд. Ин ҷисмҳо, ки ҳамроҳ бо Замин дар атрофи Офтоб давр мезананд, аз санг, оҳан ва ё ях таркиб ёфтаанд ва вобаста ба таркиби худ, ҳангоме ки атмосфераи Заминро рахна намуда, вориди он мегарданд, агар он ҷисми калони сангин бошад, вақти бархӯрд бо Замин таркишро ба вуҷуд меорад. Чунин ҳодиса дар сад сол як маротиба ба вуқӯъ меояд ва ҳамеша таҳти назорати олимони дунё қарор дорад. Ҷисмҳои хурду бузурги яхин дар қабатҳои болоии атмосфера сӯхта, нобуд мегарданд, - мегӯяд ӯ.
Аз ин бармеояд, ки шабакаи болидии Тоҷикистон маҳз бо мақсади омӯзиши чунин падидаҳо таъсис ёфтааст, зеро ҷамъоварии маълумот оид ба хусусияти динамикӣ ва физикии ҷисмҳо барои таҳия кардани барномаҳои байналмилалӣ бо мақсади пешгирии хатари бархӯрди ҷисмҳои кайҳонӣ бо Замин зарур мебошанд. Ғайр аз ин, маълумот доир ба ҳаҷм, мадор ва мавқеи ҷойгиршавии ҷисмҳои осмонӣ барои ҳаракати бехатари киштиҳои кайҳонӣ дар фазо бениҳоят муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ин росто, саҳми кормандони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ бо сарварии Г. Қоҳирова назаррас аст, ки мушоҳидаҳои худро бештар дар расадхонаҳои Ҳисор ва Санглохи ноҳияи Данғара мегузаронанд.
Замоне Гулчеҳраи кӯчак чун ба шабонгоҳон ба фазои пурситора менигарист, ӯ чашмҳояшро аз сӯ-сӯи онҳо об медод, намедонист, ки бо мурури вақт ҳаёти худро билкулл ба илм ва омӯзиши кайҳону ситораҳо мебахшад. Падару модар ояндаи ин духтараки ширинрӯю закиро дар хилъати сафеди табиб медиданд. Тадриҷан лағзиши наззораҳо ҷӯши сафои ситораҳо дар ӯ мегирифту дар ниҳоди кӯчакаш чуну чароҳоро бармеангехт. Ин буд, ки айёми таҳсил дар мактаб омӯзгори фанни астрономия ба бисёр суолҳои ӯ ҷавоб гуфт ва шавқи ӯро ба ин илм бедор карду барои омӯзиши он таҳрик дод. Талошу кӯшишҳои Гулчеҳраро ба инобат гирифта, он омӯзгор барои иштирок дар дарсҳои нуҷумшиносии кафедраи астрофизикаи ДДТ, ки барои мактаббачагон ташкил намуда буданд, ба ӯ роҳхат дод ва ба ин тариқ, равзанаи илми астрофизика барои ҳамешагӣ ба рӯи ӯ боз шуд. Баъди хатми мактаб Г. Қоҳирова ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шомил шуд ва соли 1985 бо ихтисоси астрофизика онро бомуваффақият ба итмом расонд. Аз соли 1983 то кунун дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ корро ба сифати лаборанти калон шурӯъ карда, то ба симати директор расид. Дар ҷодаи омӯзиши илми астрофизика саҳми устод Пӯлод Бобоҷоновро бузург арзёбӣ мекунад, ки аз нозукиҳои ин фунун ӯро сабақ омӯзонда, дар ин ҷода то кунун мушовиру маслиҳатгари бебаҳо мебошад.
Гулчеҳра Қоҳирова соли 1999 рисолаи номзадии худро дар Академияи илмҳои Россия дар ш.Маскав ва соли 2012 рисолаи докториро дар ш.Санкт-Петербург дар соҳаи физикаю математика ҳифз намудааст. Аз соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ мебошад. Ду монографияро ҳамроҳ бо академик Пӯлод Бобоҷонов таҳия карда, зиёда аз 90 мақолаи илмиро дар самти астрофизика дар маҷаллаи академии кишвар интишор додааст, аз ҷумла зиёда аз 60 матлабро дар нашрияҳои соҳавии бонуфузи байналмилалии астрономӣ ва астрофизикии Аврупо ва Амрико чоп кардааст. («Astronomy & Astrophysics», «Meteoritics & Planetary Science», «Астрономический вестник» ва ғайраҳо).
– Дар ин маҷаллаҳо барои ҷой додани як саҳифаи мақола пардохт наздики сад доллари амрикоист, вале мо чунин имкониятро надорем ва ба таври хаттӣ аз сармуҳаррири он хоҳиш мекунем, ки навиштаҳои моро ройгон ҷой диҳанд. Баъд аз шиносоӣ бо мақолаҳо бо камоли майл хоҳиши мо ба ҷо оварда мешавад, - иброз дошт Г. Қоҳирова. - Ин далели он аст, ки илми тоҷик дар ҷаҳон хуш пазироӣ мегардад ва олимони дунё ба фаҳму заковати донишмандони мо эҳтиромро қоиланд, - афзуд ин бонуи матинирода, ки умри бебаҳои худро сарфи рушди илми тоҷик намудааст.
Ситора АШӮРОВА