Беҳтарин сурудҳои сароянда, амсоли «Дӯстонро гум макун», «Тори ман», «Гулдаста», «Навбаҳори кӯҳистон», «Муҳаббат», «Гулҳои Бадахшон», «Анбарафшон», «Дарё, ки калон шавад…», «Ошиқи рамида» имрӯзҳо ҳам байни мухлисони санъат шуҳрат дошта, аз радиоҳои Тоҷикистон ва вилоятӣ садо медиҳанду овозхонҳои ҷавон онҳоро месароянд.
Ҳунарманд бо суруду таронаҳои дилнавоз ва рақси зебояш маъракаорои мардум буд. Вале, чанд сол боз муштоқони садои сарояндаи маҳбуб варо пазмонанду ӯ бошад гӯшанишиниро ихтиёр кардааст. Гоҳ-гоҳе ба саҳни ҳавлии манзилашон - воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳр мебарояду бо ҳаққу ҳамсояҳо кӯтоҳ ҳамсуҳбат мешавад. Пешниҳоди таҳияи барномаи телевизионӣ оид ба фаъолияти эҷодиашро рад намуд ва намехоҳад, ки ӯро аксбардорӣ кунанд. Аз зиндагии иҷтимоиаш бошад, шикояте надорад, чун нафақаи имтиёзнок мегираду духтари ягонааш Дилшод модарро меҳрубону ғамхор ва дастгир асту барояш шароити хуби зиндагӣ фароҳам сохта.
Бинобар ин акси сарояндаи маҳбуби ҳазорон мухлисони санъатро аз бойгонӣ пайдо намудам ва кӯшиш кардам, ки пайроҳаи касбии ин санъаткори нотакрору соҳибистеъдодро аз хотираҳои ҳамкорон ва мухлисонаш ҷамъ оварам.
Меҳру муҳаббат ба сарояндагӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар дили кӯчаки Сафарбегим маскан гирифт. Ӯ гоҳ бо нағмасароии кабкону андалебони хушилҳон, гоҳ бо садои насими кӯҳсорон ва гоҳе ба мавҷҳои дарё ҳамовоз мешуду мусиқӣ ва суруди писандидаашро, ки аз радио мешунид, замзамакунон завқ мебурд.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бовар Хусравов соли 1952-ро ба ёд меорад, ки яке аз тарбиятгирандагони интернати шаҳри Хоруғ буду Хонумхола дар ошхона барояшон хӯрокҳои болаззат мепухт. Баъзан духтарчаи шӯх ва закӣ ба пеши модараш меомаду бо анҷоми кор яке аз тарбиятгирандагони интернат Исмат Зиннатшоев, ки баъдан ба симати котиби аввали ҳизбӣ дар ноҳияи Қумсангир ифои вазифа намуд, вакили Шӯрои Олӣ интихоб шуда, бинобар хеши Хонумхола будан, духтарчаро дар пушт гирифта, то ба манзилашон, ки дар маҳаллаи баланд қарор дошт, мебурд. Духтарчаи чорсола дар пушти бачаи калонсоли роҳравон худро роҳат чун дар саҳна ҳис мекарду бо овози ширини кӯдакона месароид, ба мусиқӣ тақлид мекард:
Дар байни кӯҳҳо, соҳили дарё,
Гардида воқеъ Хоруғи зебо.
Талалай, талалай, талалай,
Як тарафи он теппача дорад,
Аз паси теппа чашмача дорад,
Талалай, талалай, талалай.
Дар боғчаи бачагона «артист»-и хурдсол Сафарбегимро аллакай мешинохтанд, ӯ дар маҳфилҳои фарҳангӣ суруд мехонду барояш қарсак мезаданд ва офарин мехонданд.
Дар солҳои мактабхонӣ Сафарбегим узви фаъоли маҳфили худфаъолияти бадеии мактаб гардид. Таҳти сарпарастии роҳбари маҳфил Ҳофизи халқии Тоҷикистон Наврӯзшо Қурбонҳусейнов доимо дар талоши он буд, ки сурудҳои нав аз худ намояду бо сабки тоза иҷро кунад.
- Соли 1963. Толори консертии театри вилоятӣ пур аз мухлисони шеъру суруд буд. Дар ин ҷо азназаргузаронии истеъдодҳои халқии вилоят идома дошт. Дар ин байн дар саҳна духтараки мавзунқомати гандумгуне ҳувайдо гашта, рубоиёти халқӣ ва суруди «Кабутари сулҳ», шеъри Т. Пӯлодӣ бо оҳанги Н. Қурбонҳусейновро бо садои фораму дилкаш ба доварону мухлисон пешкаш намуда, баҳои баланд гирифт. Ин баромади бобарори Сафарбегим роҳхати ӯ ба саҳнаи касбии театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ гардид, - ёдовар мешаванд сокинони калонсоли Хоруғ.
Ҳайати эҷодии театр овозхони босалиқаро бо самимият ва меҳрубонӣ пазируфт. Сафарбегим бо сурудҳои нахустинаш «Рубоиёт»-и халқӣ бо оҳанги Қиматшо Ноёбшоев, «Кабутари сулҳ» бо оҳанги Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, «Кабутари сафеди ман» бо оҳанги Раҳматҳусейн Мародҳусейнов дар саҳнаи касбӣ ҳаводоронашро пайдо кард.
Дар ин коргоҳи ҳунар овозхони ҷавон пайваста бо сурудҳои дилошӯб баромад мекарду маҳорати овозхониашро сайқал медод. Муҳити эҷодии театр ба такомули истеъдоди санъатвариаш такон бахшид. Устодони касб Савсан Бандишоева ва Ғарибсултон Худоёрбекова, намояндагони насли аввали театр, ки яке бо садои дилангез ва дигаре рақси сеҳрангезаш дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик моҳи апрели соли 1941 дар Маскав санъати тоҷикро муаррифӣ намуданд, мураббии ӯ шуданд. Онҳо асрори иҷрои сурудҳои халқии «Даргилик», «Лалаик», «Дувдувик», «Рубоиёт», «Фалак», «Лолазоруме», «Ғарибӣ» ва дигар таронаҳои халқиро ба ӯ меомӯхтанд ва ёрии амалӣ мерасонданд. Ба иқрори санъатшиносон таҳти сарпарастии чунин устодони варзида тадриҷан Сафарбегим ба беҳтарин, дилписандтарин ва пурмаҳсултарин овозхони сурудҳои халқӣ-этнографӣ табдил ёфт.
Дар ҷараёни ҳамкории самарбахши эҷодии сарояндаи булбулсадо бо оҳангсозон Қ. Шоискандаров, М. Таваллоев, Р. Чақабоев сурудҳои дилписанду дилошӯби нав тавлид меёфтанд. Сафарбегим, ҳамчунин, оҳангҳои сурудсозони театр, офаридаҳои оҳангсозони касбии тоҷик Ё. Сабзанов, Ф. Солиев, Қ. Яҳёев, Д. Дӯстмуҳаммадовро ба барномаи худ дохил менамуду онро ғанӣ мегардонд.
Сурудҳои дилнишини Сафарбегим на танҳо дар Тоҷикистон мухлиси зиёд доштанд, балки дар ҷумҳуриҳои ба мо дӯст ва ҳамсояи Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон низ бо шавқу завқ онҳоро мешуниданду ба истеъдоди ҳунарманд қарсак қоил мешуданд.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бовар Хусравов ба ҳайси роҳбари гурӯҳи ҳунарӣ ва барандаи барномаи ҳунарӣ аз маҳбубияти ҳунарманд байни мухлисон дар сафари ҳунарӣ қисса мекунад:
- Дар Хонаи маданияти шаҳраки Нуратои Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон консерт баргузор гардид. Ҳунармандон яке паси дигаре дар саҳна баромад мекарданд. Ба барномаи ҳунарӣ бояд бо шаш суруд Сафарбегим ҳусни анҷом мебахшид. Дар поёни сурудҳо бо суханони шаб ба хайр ба ҳозирин хайрбод мекардам, ки дар толор ғалоғула бархост ва мухлисони сершумор талаб карданд, то маъракаро идома диҳем. Ҳамин тавр мухлисон гаштаву баргашта Сафарбегимро ба саҳна мехонданду ӯ боз ҳашт суруди халқиро бидуни фонограмма ва берун аз барнома ба ҳозирин пешкаш намуд.
Ба баҳои коршиносони театр баробари соҳиби овози намакину нотакрор доштан, Сафарбегим дар асарҳои драмавӣ нақшҳои зиёди ҷолиб офарид. Зебӣ, аз драмаи «Тӯй»-и Ғанӣ Абдулло, Раъно, аз «Нафси бад»-и М. Ҳоҷиқулов, Санавбар, аз «Бозгашт»-и А. Шукӯҳӣ, Гулбаҳор, аз «Фарҳод дар Норак»-и С. Саидмуродов, Хосият, аз «Ҷон модаракам»-и А. Қаҳҳор, Зоя, аз «Домоди якрӯза»-и Д. Коршиков, пионер Содиқ, аз «Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар, Модар, аз «Модарнома» -и Х. Бовар бо симои ин нақшофари соҳибистеъдод дар дили мухлисон ҷо гирифтанд.
Сурудҳои духтари кӯҳистон баландпарвозу вусъатобод шуданду дар саҳнаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик - Афғонистон, Ҳиндустон, Фаронса, Олмону Англия садо доданд. Овозхони булбулсадо аз он ифтихор менамуд, ки санъати баланди пуробу ранги Ватани азизашро ба оламиён тоҷикона муаррифӣ менамуд.
Шоири халқӣ Ширин Бунёд дар шеъри «Занҷири наслҳо» фаъолияти эҷодкорони театри мусиқӣ - мазҳакавии вилоятиро тайи 70 сол аз ибтидо то интиҳо чунин ба қалам додааст:
Ровиён гӯянд Қурбоншоҳи ҳофиз сабз кард,
Шохае дар боғи санъатзор бо хуни ҷигар.
Баъди ӯ Наврӯзшоҳ парвард шохи сабзро,
Гулбасар гардид он рӯзе, ки шуд пас борвар.
Савсанею Бегимею Сабзаҷону Майсара,
Нанғарибеву Сафарбегим чу мурғони саҳар.
Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева 35 сол бо дурахши истеъдод ва фаъолияти пурсамараш дар саҳнаи театр чун ситора рахшида, бовар дорад, ки санъатварони ҷавон анъанаи ҳунарии мардуми кӯҳистонро ба таври шоиста идома мебахшанд.
М. САИД,
ВМКБ