Аввалин устод
Ӯ ҳунари дӯзандагиро аз модар омӯхт. Ҷамолбибии хурдсол мошинаи дарздӯзии модарро пинҳонӣ гирифта, думболи омода намудани ҷиҳози кӯдакона мешуд. Ҳанӯз дар синфи 3 таҳсил менамуд, ки аз боқимондаҳои матоъҳо барои дугонаҳояш пешдомани қуроқӣ медӯхт. Аввалин ҳунараш ин буд. Чун дид, ки рангорангии пораҳои матоъ ба ҳунараш боз зебоии дигар зам менамояд, рафт ба дунёи ҳунармандӣ. Ҳамин тарик, Ҷамолбибӣ аз модар ҳунари қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, кӯрпачадӯзиву сӯзанидӯзиро мерос гирифт. Бо мурури замон, тамоми ҳунарҳоеро, ки барои зани тоҷик муҳим буд, омӯхт ва имрӯз аз маҳсули дастонаш лаззат мебараду ифтихор дорад.
Панҷаҳои ҳунарманд
Ҷамолбибӣ аз уҳдаи дӯхтани тоқии чустӣ ҳам ба хубӣ мебарояд. Ин ҳунарро ӯ аз рӯйи завқи худ омӯхта, назди касе ҳамчун шогирд таълим нагирифтааст.
- Ҳар гоҳе тоқии чустиро дар сари ягон марди деҳа медидам, ба худ мегуфтам, чӣ гулҳои аҷиб ва рангорангии наҷибе. Афсонаи гулкории тоқии чустӣ маро ба дунёи ин ҳунар бурд ва дар ниҳоят ғолиб омадаму қаҳрамони ин афсона гардидам. Дигар бо дастони худам ба пораҳои махсуси матоъ нақш мекашидаму аз он тоқии чустӣ тайёр мекардам, - иброз медорад Ҷамолбибӣ Ҳомидова.
Барои ӯ омода намудани либосҳои қуроқӣ ва тоқии чустӣ дигар афсона набуд. Ҳамагон ӯро чун зани қуроқдӯз ва бонуи моҳир дар омода намудани тоқии чустӣ мешинохтанд. Ҳатто аз дигар ноҳияҳо меомаданду тоқии чустиро барояш фармоиш медоданд.
Ҳунари дигаре, ки ин бону ба хубӣ аз иҷрояш мебарояд, либосбофӣ мебошад. Аз риштаҳои рангоранг ва ресида бо завқи баландаш ҷемперу камзӯл, дастпӯшу сарпӯш, рӯймолу гарданбанд ва амсоли инро омода месозад. Ӯ ҳар либоси бофтаашро бо табъи баланд нақшофарӣ менамояд. Аз риштаҳои ранга дар ҷойҳои мувофиқи ҷемперу камзӯл ва бо тарзи замонавӣ гулкорӣ мекунад. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки маҳсули дастонаш аз дигарон фарқ дошта бошаду дархӯр ба завқи фармоишгарон ояд.
– Бофандагӣ низ дунёи худро дорад ва кор бо ҳар ришта нозукии махсусро тақозо менамояд,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҷамолбибӣ бо ҳунари омӯхтааш иктифо накарда, гулдӯзиву зардӯзӣ ва кашидадӯзиро низ ёд гирифт. Дар рӯи матоъ ё либос бо риштаи махсусе, ки аз нахи зари сафед - «нуқрагӣ» ё зард - «тиллоӣ» тайёр карда шудааст, нақш меофарад. Либосҳои домодӣ, арӯсӣ, ҷома барои хатнасури писарон, баъзе либосҳои кӯдаконаву занона, кулоҳҳо, девораҳо, чойникпӯшҳо ва дигар ашёи рӯзгорро зардӯзӣ менамояд. Инчунин, аз уҳдаи омода намудани зардеворӣ низ ба хубӣ мебарояд. Зардеворӣ рӯйпӯши девориест, ки дар гирди шифти хона бо ҳаҷми 1м 30см матоъ (бахмал, фаранг, суф, велюр ва ғайра) гулу нақшдӯзӣ карда мешавад. Одатан, аввал ба матоъ нақш мекашанд ва баъд онро бо риштаҳои ранга гулдӯзӣ ва ё зардӯзӣ менамоянд. Барои ороиши хонаи арӯс хос аст.
- Чунин тарзи дӯхт бо нафосату шукӯҳи бадеии худ фарқ мекунад. Ин навъи санъат асосан дар асри 19 дар шаҳри Бухоро равнақ ёфт. Чунин сарулибосро ба ғайри аҳли ҷоҳ дигар касе ҳақ надошт бипӯшад. Ҳамчунин, дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Самарқанду Ҳисор низ маҳаллаҳои алоҳидаи зардӯзон вуҷуд доштанд. Аслан дар ин ҳунар ду навъи нақшофарӣ – заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ маъмул аст. Дар заминдӯзӣ нақшҳо ба ҳам пайваст гардида, тамоми заминро яклахт фаро мегиранд ва дар матоъ ҷойи холӣ намемонад. Дар гулдӯзӣ бошад, танҳо нақш аз рӯи нусха анҷом дода мешавад. Зардӯзон нақшҳои аз картону коғази махсус кашидаи худ ва ё наққошони касбиро рӯи матоъ (асосан шоҳибахмал) гузошта, бо ресмон кӯк мезананд. Баъд риштаи зарро рӯи нусха монда аз ду тараф бахиякорӣ мекунанд, - иброз медорад Ҷамолбибӣ бо ёдоварӣ аз таърихи ин навъи ҳунар.
Ҷамолбибӣ Ҳомидова нозукиҳои ҳунари гузаштаро боз ҳам равнақу такмил дода, нақшҳои нави зебову пурмазмунро эҷод намудааст, ки «Офтоб», «Булбул», «Ғунча», «Садбарг», «Гулшан», «Навдаи маҷнунбед», «Қӯшбодом», «Буҷул», «Хишт», «Чашми булбул», «Хол», «Мавҷ» ва ғайра аз қабили беҳтарин нусхаҳо буда, ки банду басти ӯро ба таркиб доранд. Ӯ зардӯзиро шоҳи ҳунарҳо меномад.
Дар баробари ин, Ҷамолбибӣ парда барои хонаро ҳам ба тарзи наву замонавӣ омода менамояд. Аз ду- се навъи матоъ парда омода намуда, онро бо тариқи гулкорӣ оро медиҳад. Инчунин, барои духтарону занони деҳот куртаву поҷома дӯхта, пеши бари пероҳанҳоро бо риштаҳо гулкорӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки тамоми духтарони маҳалла барояш матоъ меоранд, то ӯ бо тарзи ба худ хос ва миллӣ куртаҳои онҳоро рангу бор диҳаду омода намояд. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ҳунаре нест, ки ӯ наомӯхта бошад, ҷуз бофтани ҷуроб. Аммо тайи 5–6 соли охир Ҷамолбибӣ нисбат ба дигар навъи ҳунарҳояш, бештари вақти худро ба касби қуроқдӯзӣ ихтисос медиҳад. Чун аз ҳамаи касбҳояш дида, қуроқдӯзӣ барояш дунёи дигар дорад. Ӯ меболаду ифтихор мекунад, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиду қуроқдӯзӣ, ки як замон қариб аз байн рафта буд, дубора эҳё шуд. Маҳз аз рӯйи ҳунари қуроқдӯзӣ Ҷамолбибӣ дар чандин озмунҳои шаҳрӣ ширкат варзида, ҷоизаву ифтихорномаҳо ба даст овардааст. Танҳо дар соли ҷорӣ соҳиби ду сипосномаи раиси шаҳри Турсунзода шуд. Дар баробари ин, дар озмуне ҳамчун ҳунарманди беҳтарин мақоми дуюмро ишғол намуд. Имрӯз ба кадом тӯю маъракае, ки наравад, ҳамчун туҳфа кӯрпаву рӯйпӯш ва ё чодари қуроқии маҳсули дастони худро мебарад. Инчунин, занони маҳалла барояш матоъ оварда, аз ӯ хоҳиш мекунанд, то барои арӯси хонадон ва духтаронашон аз қуроқ чодар, тахтпӯш, даврӣ ва дигар намуди либосҳо омода намояд. Ҷамолбибӣ ҳунарашро ба духтарони зиёде омӯзондааст, ки ба гуфтаи худи ӯ сарҳисоби шогирдонашро ҳатто намедонад. Чун дар биное, ки ӯ зиндагӣ менамояд, аз ҳар хонадон дастикам ду-се духтари оила наздаш омадаву ҳунарҳои ӯро омӯхтаанд, аммо ӯ шогирдони аввалинаш - 3 гулдухтари хешро медонад.
Қуроқдӯзиро дар куртаҳо низ ҷорӣ намудааст. Аз ҷумла, пероҳанеро дар намуди чакан гулкорӣ карда, нақшу нигорашро аз қуроқ омода намудааст. Ӯ ният дорад, ки қуроқдӯзиро ба муди нав омехта карда, дар либосҳои аврупоӣ низ ҷорӣ кунад. Гулҳои қуроқиро дар пеши бару пушти пиҷак ва дигар намуди либосҳои аврупоӣ ҷой доданист.
Ин бонуи ҳунарманд 6 фарзанд - 3 духтару 3 писарро ба камол расонд. Духтаронаш касби модарро фаро гирифтаанд. Писари калонӣ дар хориҷ аз кишвар қарор дошта, писари дувумӣ тоҷир ва савумӣ рӯзноманигор мебошанд. Келинҳояш низ таҳсилдида ва пайи кору пайкори хешанд.
Шаҳдрезаи РАҲМОН,
шаҳри Турсунзода