09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАВЛАТИ ПИРӢ

 

Зеро, устоди забони ноби тоҷикияшон Сабоҳат Мухторова нафақат то ба ин дам раҳораҳ қадам ба қадам худро нав мекунад, ҳамчунон рӯҳу андешаву пиндори насли ҷавонро низ мехоҳад ва мекӯшад ҳамеша полоиш бидиҳад. Муаллима аз дарвозаи ин даргоҳ панҷ даҳсола мешавад, ки ҳар рӯз салом гуфтаву алейк шунида, рафтаву омадааст. Аслан, омӯзгор боястӣ, ки ҳамсони нур бошад, ҳамчунон, ки ин модар. Дар ин 50 соли фаъолият дар ҳалқаи шогирдон дигар қалби муаллима гулдони гулҳои ҳавас шудааст, ки давонда решаҳо дар пайкару сафои ботинаш. Ин ҳавасҳо дар баҳори талошҳо сабз шудаву шукуфову хушбӯ гашта. Чашмаи шеъру суруд ва панду ҳикмат эътироф шудааст барои шогирдони чун ҷон азизаш. Аз раванди зиндагии ҳар кадоме бохабар аст, аз дарди сӯзон, аз ишқи ниҳон, аз ранҷи фироқашон низ. Мехоҳад шогирдонаш решаи худ­ро устувор созанд, ҳамчун сарв қад кашанд. Сабур, матин, тавоно ва саодатманду ҳушманду дурбин муаррифӣ шаванд дар ҷомеа, ки мо низ мутмаинем чунин хоҳад шуд.

Агарчи имрӯзҳо муаллима дар гурӯҳи бонуфузи ҳунарии «Бибиҷонҳо», ки бо ҳузури занони то 70 - солаи дорои касбу кори гуногун ва ҳунардӯст, ки солҳои 2000-ум таъсис ёфта буд, дигар фаъолият надорад, аммо ҳанӯзам мардум он ягона «марди сабур, матин ва тавонои тоҷик» - ро, ки нақш ё тимсоли офаридаи Сабоҳат Мухторова буд, хеле рӯшан дар ёд доранд. Аз уҳдаи иҷрои рақси мардона ва пешниҳоди таронаҳои мардумӣ дар саҳначаҳо хеле хуб мебаромад дар ҳар диду водидҳо. Зеро, аз оғоз, аз офариниш зираку ҳушманду зиндадилу хушбину хушбаён бунёд шуда буд ҳастии пурмуҳтавояш.

Агар аз равзанаи хусусӣ таваҷҷуҳ ба сарнавишташ бинмоем, мебинем, ки афсонаи тақдир ӯро ҳамқисмат карда бо донишманди маъруфи баҳру бар, олими монда дар ёдҳо Шокир Мухтор. Дар фазои содаву озодаи беғубори зиндагӣ ин пайванди рӯҳониву ҷисмониву ҷонӣ, ӯро хуш омад. Дастагули анбарафшони шеъру қиссаву достони ёри меҳрубон равонашро пурнакҳат мекард. Пургул буд андешаҳояш, орзуҳояш, иқдомҳояш дар оғӯши зиндагии ҷадид. Сабзидан мехост дар ин хонадон ва сабзид. Бо ишқу имону армон 4 фарзанд: 3 гулдухтару 1 шоҳписарро шоиста тарбият дода, ки имрӯз бо пиндору гуфтору рафтор ифтихори модаранду номдори падари зиндаёд. Мусаллам аст ин, ки дар фироқи шавҳар ва дар ёди сарвари хонадонаш ҳар дам решаи ҷонаш месӯзад, аммо пеши фарзанду набераву абера ва шогирду ҳампешаву ҳамсоя лаби пурханда дорад ҳамеша.

Аз миёни саҳфаҳои китобҳои таълифкардаи олим Шокир Мухтор, ки адабиёти рӯимизиаш гаштаанд, пайваста гармии рафиқи шафиқро, шаҳомати ёри қадиму азалиро, ҳастии сутуни хонадонашро ҷустуҷӯ мекунад ва меёбад. Чун дарёфт, мешукуфад ва гомҳояш ба сӯи шогирдонаш устувортар мегардад. Аз ин ҷост, ки муаллима Сабоҳат Мухторова ҳеҷ гоҳ шикваро дӯст намедораду намеписандад ва давлати пирӣ ҳам ҳамин аст бо умри ҳафт даҳсола пушти сар шуда, олудаи меҳри оила, сармасти ҷоми нигоҳи гарми худиву бегона, сархуши бодаи ифтихормандӣ аз ёру диёру шогирдони муъҷизакор ва дар бағали роҳатафзои Ватани гулбасар, орӣ аз ҳама гуна доғу дардҳо бо фарзандону набераву абераҳо. Ҳалолаш бод.

СИМИН

 

:.  Фарҳанг 16.07.2018 08:40 1073

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz