Мавлуда Давлатмамадова 27 июни соли 1975 дар ВМКБ, Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Барсем чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2007 баъди хатми факултаи кимиёи ДМТ, фаъолияташро ба ҳайси ассистенти кафедраи кимиёи заршиносӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шурӯъ менамояд. То соли 2009 дар ин даргоҳи илму маърифат заҳмат кашида, ба Маркази илмии тадқиқотии дорусозӣ ба кор гузашта, то ҳол дар ин ҷо фаъолияташро идома медиҳад. Дар марказ сараввал ҳамчун мудири озмоишгоҳ корро оғоз карда, баъд аз он ба ҳайси ходими илмӣ ва котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ интихоб мегардад, ки то ҳол дар ин мақом ифои вазифа дорад. Мавлуда орзуи ихтироъ ё кашфиёти махсусеро ба сар мепарварид. Бо ин мақсад сар аз соли 2010 ба корҳои илмӣ шуғл варзид. Мавзӯи кори илмиаш «Омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии талки кони Мулвоҷ» мебошад, ки ихтирооташ низ дар ҳамин самт аст.
Хокаи кӯдаконаи «Талк»
Мавлуда дар аввал мехост аз хокаи бентаник, яъне сафедхоке, ки дар Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, хокаи кӯдакона кашф намояд. Аммо аз азмаш даст кашид, чаро ки дар ин иртибот олимони зиёде кашфиёт доштанд. Ва ӯ тасмим гирифт, то аз маводе истифода намояд, ки касе ба он рӯ наоварда бошад. Ҳамин тавр ҳам кард. Ӯ хокаи кӯдаконаи «Талк»-ро ихтироъ намуд.
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон иброз медоранд, корхонаҳои саноатӣ бояд марҳила ба марҳила ба истифодабарии ашёи хом гузаранд. Рӯҳбаланд аз ин дастури Сарвари давлат хокаи кӯдаконаро кашф кардам, ки технологияи коркарди он душвор набуда, аз маҳсулоте омода гардидааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ёфт мешаванд. Аз ҷумла, кислотаи хлорид, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон мавриди коркард аст. 99 дарсади талке (маводи хокамонанд), ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, барои хокаи кӯдакона қобили истифода мебошад. 80 фоизи дигари он дар соҳаи керамика, пластика ва коғазбарорӣ корбурд мешавад,-иброз медорад ихтироъкори тоҷик.
Ӯ вақте мебинад, ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо захираи калони табиӣ мавҷуд аст ва танҳо ниёз ба коркард дорад, назди худ мақсад мегузорад, ки аз ин неъмати фаровон истифода намояд. Аз ин кон он маҳсулотеро метавон истеҳсол кард, ки аз кишварҳои хориҷӣ бо нархи гарон вориди ҷумҳуриямон мегарданд. Инчунин, маҳсулоти дар кишварамон ихтироъшуда табиӣ буда, орӣ аз маводи кимиёвӣ аст. Тавре худи Мавлуда иброз медорад:
- 95 дарсади талки кони Мулвоҷ тоза аст, чун мо табиати худододӣ дорем. Талки кони Мулвоҷ ҷиҳати тозагӣ ҷойи якумро мегирад ва бо кислотаи 20 - фоиза коркарди онро ба роҳ мондаем. Хокаи кӯдаконаи ихтироъшуда дар таркибаш 3О2Мg (се оксиди магний), чор оксиди кремний ва молекулаи об дорад, ки ҳамчун панҷараи кресталионӣ хизмат мерасонад. Ин намуди панҷара сатҳи пӯстро нағз нигоҳ медорад, зеро зуд ҷабида намешавад,- мегӯяд Мавлудабону.
Истифодаи талки кони Мулвоҷ дар дигар соҳаҳо
Ба гуфтаи Мавлуда Давлатмамадова, аз 24 намуди маҳсулоте, ки дар онҳо хокаи талк истифода мешавад, агар коркард шавад, дигар навъи маҳсулот тавлид кардан мумкин. Барои омода намудани маҳсулоти керамикӣ, аз ҷумла маҳсулоти сохтмонии кафел, ки нархи гарон дорад, метавон аз хокаи талк истифода бурд. Дар сурати коркарди маҳсулоти керамикӣ дар Тоҷикистон ва содироти он ба дигар кишварҳо, даромади калон низ ба даст меояд. Соҳаи асосии истифодабарии хокаи талк ин соҳаи дорусозӣ мебошад, аммо дар чеҳраороӣ низ аз он фаровон истифода менамоянд. Дар таркиби тамоми намуди хокаву упо ва малҳамҳои занона хокаи талкро ҳамчун иловагиҳои биологӣ ворид намудаанд. Инчунин, дар соҳаи қаннодӣ низ хокаи талк илова карда мешавад. Зеро моддаи аз ҳама зиёд дар таркиби талк, ин калтсий мебошад, ки барои афзоишу мустаҳкамии устухонҳо нақши муҳим мебозад.
Мутахассисон муайян намудаанд, ки тавассути хокаи талк бемории радикулит (буғумдард) – ро метавон муолиҷа намуд. Зеро, горелкае, ки мо барои бемории радикулит (буғумдард) истифода мекунем, таркибаш аз хокаи талк ғанӣ мебошад. Яъне, талк гармиро то дер нигоҳ медорад ва аз ин рӯ, барои муолиҷаи ин намуди беморӣ истифода мешавад. Дар масолеҳи пластикӣ низ фаровон кор меояд. Тамоми дару тирезаҳое, ки пластикианд, аз талк таркиб ёфта, сафедиаш низ ба ин вобаста мебошад.
Мавлуда Давлатмамадова аз мушкилоти занҳои ихтироъкор низ ҳарф заду изҳори таассуф намуд, ки аз сабаби камбуди маблағ наметавонанд маҳсулоти ихтироъкардаашонро ба фурӯш гузоранд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, барои ба фурӯш баровардани маҳсулот, ҳадди ақал як корхонаи хурд, технологҳо ва муҳандисон лозиманд, вале бидуни маблағ наметавон ин ҳамаро ҳаллу фасл кард. Барои сарпараст пайдо намудан, ӯ дар чанде аз лоиҳаҳои инноватсионӣ ширкат варзида, ихтирооти худро пешниҳод намудааст, вале ҳанӯз бенатиҷа. Новобаста аз мушкилиҳо, ният дорад, то дар оянда ба ихтирооти дигар даст ёбад. Барои аз байн бурдани аллергия (ҳассосият) дар хокаи кӯдакон, як ихтирооти дигарро ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Дар баробари ин, мехоҳад соҳаи керамикаро дар Тоҷикистон рушд диҳад ва барои ин ихтирооти нави худро ба роҳ монад. Дар натиҷаи самараи хуб ба даст овардани тадқиқоташ, ихтирооти худ дар самти кафелро низ ба роҳ монданист.
- Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва ба фурӯш рафтани хокаи кӯдакона дар нақша аст, ки дар соҳаи косметология низ ихтирооти худро ҷорӣ намоям. Дар ин росто, мехоҳам аз гиёҳҳое, ки дар Тоҷикистон месабзанд, хушбӯйкунандаҳои табиӣ кашф намоям. Дар мадди аввал барои истеҳсолу ривоҷ додани соҳаи дорусозӣ дар кишвар кӯшиши худро ба харҷ медиҳам. Зеро аз ҷиҳати мутахассисон мо танқисӣ надорем ва мушкили аслӣ ин набудани маблағ аст. Соли оянда ният дорам, ки барои муаррифӣ намудани ихтироотам ба Ҷумҳурии Корея сафар намоям,- бо умед нақшаҳояшро иброз медорад ихтироъкори ҷавон.
Бунафша РАҲМОНОВА