Туӣ дунёи вуҷудам, туӣ ҷон дар баданам,
Тоҷикистон, Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам!
Ошиқи сабзаву гулзори туам,
Ошиқи чашмаву куҳсори туам,
Саҷдагар пеши ҳаводори туам,
Ман вафодори вафодори туам.
Туӣ танҳо сабаби ин ҳама ошиқ шуданам,
Тоҷикистон, Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам!
Бе ту бечораи бечора шавам,
Бе ту овораи овора шавам,
Бе ту дилрешу ҷигарпора шавам,
Бе ту ман хор шавам, хора шавам.
Аз ҳама дил канаму аз ту вале дил наканам,
Тоҷикистон, Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам!
Ҳар куҷо меравам аз хотири ту,
Дар баду нек манам ҳозири ту,
Меҳри бесарҳаду беохири ту
Кард машҳури ҷаҳон шоири ту.
Туӣ сарбайти ҳама қиссаву шеъру суханам,
Тоҷикистон, Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам!
ЁДИ ВАТАН
Дур назар карданам, ёди Ватан кардан аст,
Шом саҳар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Ҳар дами умри шубоб, ҳар нафаси дар ҳисоб,
Сарфи ҳунар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Аз дили осудаам, аз фараҳолудаам,
Оҳ бадар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Модари дилсӯз рафт, меҳри шабу рӯз рафт,
Ёди падар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Хурда ғами решаро, мазраи андешаро
Пур зи самар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Аз чамани пур зи мушк, ҷониби саҳрои хушк,
Майли сафар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Гарчи дар он куҳнадеҳ, ҳоли касе нест беҳ,
Хонаву дар карданам, ёди Ватан кардан аст.
Дар ҳама кунҷи ҷаҳон, аз ғами як ғамраҳон
Доғ ҷигар карданам, ёди Ватан кардан аст.
ДЕВОНИ ҚИСМАТ
Ватан бӯе, ки дар ранг аст,
Ватан хоке, ки дар санг аст.
Ватан дар ҳарфҳои чашм,
Ватан дар сатри ожанг аст.
Ватан он достони меҳр
Ки ҳар байташ хушоҳанг аст.
Ватан – девони қисматҳо,
Ватан эҷоди фарҳанг аст.
Ватан – сарномаи ҳастӣ,
Ватан маҷмӯаи нанг аст.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон