09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АСП ВА АФЗОРУ ОРОИШОТИ ОН

 

Воқеан, асп барои мардуми кӯҳистон ҳайвони хонагии бафайзу баракат, бахосият ва хизматгори беминнату вафодор маҳсуб мешавад. Онҳо ба асп на танҳо чун ба як шарики боэътимоди кору рӯзгори худ, балки чун ба як мавҷудоти азизу қарини хеш муносибат менамоянд.

Кӯҳистониён аз муҳаббати зиёдшон ба ин ҷонвари дастёру мададгор афзор омода менамоянд. Дар кӯҳистон ин афзору ороишот хеле маъмуланд ва талабгорони зиёде доранд. Толибони ин ороишот, ана ҳамон човандозону ҷавонмардони ҳақиқиянд, ки барои аспҳои худ ҳеҷ чизро дареғ намедоранд.

Ҳунармандоне, ки аз уҳдаи омода кардани ин афзору ороишот мебароянд, ангуштшуморанд. Зеро ин ҳунар бис­ёр нозук ва заҳматталаб аст. Онро касе медонад, ки худ ба асп хеле зиёд дилбастагӣ дорад ва аз хосияту фазилатҳои ин ҷонвар бохабар аст. Табиист, ки ин ҳунармандон миёни мардум аз эътибори зиёд бархӯрдоранд.

Дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кампири ҳунарманде бо номи Занҷирамоҳ зиндагӣ мекард. Ӯ як зани ҳунарманду заҳматпешае буд, ки ҳама шуғлу ҳунарҳо ва одату анъанаҳои халқиро медонист. Аз ҷумла, ҳунари дӯхтан ва тайёр кардани зину афзору ороишот барои аспро низ. Кампир он қадар дар ин пеша чира буд, ки кас гумон мекард, ҷону тан ва рӯҳи ӯро аз ҳунар сириштаанд.

Мегӯянд, ки ба дӯхтани афзори асп ин қадар мароқи калон доштани кампири Занҷирамоҳ ҳикмате дошт, ки ба ишқу муҳаббати беандозааш ба шавҳараш ихтисос мегирифт. Шавҳараш Назрӣ Ҳайдарро дар қаламрави Даштиҷум ҳама чун як човандози маъруф мешинохтанд…

Ин зани ҷавону зебо ва ҳунарманд ин пешаро ба хотири мардинааш пазируфта, барои аспи шавҳараш ҳама гуна афзорро омода месохт. Яъне, барои зинаш рӯизинӣ, барои ҷӯлаш рӯйпӯш, чиргин, ёлпӯш ва амсоли инҳоро медӯхт ва инчунин, сӯзанӣ мекард, гул меандохт ва рангу бор медод. Хӯрҷинро бошад, бо як маҳорати хосса мебофт. Ин гуна хӯрҷинҳоро дар кӯҳистон тарроқӣ мегӯянд ва онҳоро дар гузашта танҳо дар аспҳои ҳокимон меандохтанд.

Ҳайдари човандоз аз ҳунармандии Занҷирамоҳ ифтихор карда, аспашро он қадар ороиш медод, ки дар маъракаҳо ҳама бо завқ ба ҷонвараш менигаристанд. Дар ҳақиқат саманди бодпои ӯ дар сиккаю сурат аз «Рахш»-и Рус­там ва «Қир»-и Аваз ҳеҷ фарқе надошт. Шояд ин асп бо ҳама он ороишоте, ки дошт, аз он аспҳо зеботар буду камтар не. То ҷое, ки човандозон дар маъракаҳо ба зебу зинат ва ороиши аспи ӯ нигариста, ҳасад мебурданд. Вале ҳеҷ кас намедонист, ки ин ҳама ороишу ҷаззобию ҷолибии ҷонвар аз баракати завҷаи хушсалиқаи ӯст.

Назрӣ Ҳайдари човандоз чанд сол дар маъракаҳо гули сари сабад гашт ва аз ҳунари занаш ба касе лаб накушод. Аммо офтобро бо доман пӯшонда намешавад. Ҳар рози сарбамуҳре рӯзе фош хоҳад шуд. Ҳунари Занҷирамоҳ ҳам ошкор гардид. Мардум фаҳмиданд, ки ин ҳама зебоиҳо маҳсули дастони ӯянд.

Акнун ӯ дигар танҳо барои аспи шавҳараш не, балки барои аспҳои човандозҳои маҳал ва берун аз он афзор тайёр мекард. Овозаи ҳунармандии Занҷирамоҳ ба атрофу акноф паҳн гардид. Човандозон маҳсули ҳунари ӯро аз Даштиҷум то Дарвозу Ванҷ ва Муъминободу Кӯлобу Мир Сайид Алии Ҳамадонию Фархор бурданд. Ҳар човандозе, ки аспашро дӯст медошту зебу зинаташро мехост, албатта, аз маҳсули дастони Занҷирамоҳ баҳра мебурд.

Кампири Занҷирамоҳ на танҳо дар дӯхтани афзори асп, балки дар ҳама шуғлу ҳунарҳо ва одату анъанаҳои халқӣ чун устод бонувони маҳалро роҳнамоӣ намуд. Ӯ то дами вопасин ин ҳунари худро идома дод. Ҳамагӣ ду сол пеш аз олам даргузашт, аммо ин ҳунари зебою нозукро ба қавле бо худ набурд, балки онро ба фарзандону арӯсҳо ва наберагон ба ёдгор монду маҳбубияте аз худ дар қалбҳои ҳамдиёронаш боқӣ гузошт.

А. ЗАРИФӢ,
ноҳияи Ш. Шоҳин

 

:.  Фарҳанг 27.04.2018 03:16 1444

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz