09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ГУЗАРГОҲИ ҲУНАРМАНДОН»

 

 

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо суханронӣ намуда, ҳозиринро бо иди баҳор ва Наврӯз шодбош гуфтанд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳунармандон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъ омада буданд, ки маҳсули дасти хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки баҳри эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҷудо гардидани маблағҳои гранти Президентӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти соҳибкории занону бонувон, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят намудани ҷавонон шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Яке аз ҳунармандон ва гирандаи гранти Президентӣ Моҳшариф Шарипова, аз ноҳияи Восеъ аз ин иқдоми Сарвари давлат ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнуд шуда, гуфт:

- Тӯли 36 сол мешавад, ки ҳунари чакандӯзиро пешаи худ кардаам. Бо маблағи грантие, ки аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дода шуд, 30 дона куртаи чакан ва дигар намуди либосҳоро омода кардем, ки ҳамаашон ороиши миллӣ доранд. Чорабинии мазкур ба мо имкон дод, ки маҳсулоти хешро пешкаши тамошобинон гардонем. Баргузории чунин чорабиниҳо боиси пайдо шудани муди нав ва тарҳи замонавӣ мегардад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаҳои зиёдеро тасдиқ намудааст. Аз ҷумла, санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар «Кохи Борбад» низ чунин як намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумиро зери унвони «Гузаргоҳи ҳунармандон» баргузор менамояд.

- Дар арафаи иди Наврӯз бошад, чорабинии азимеро бо иштироки ҳунармандон ва маҳсули дасти онҳо ба роҳ мондани ҳастем. Дар баробари ин, дар моҳи май яъне, дар арафаи Иди Оила дар нақша аст, ки «Корвони ҳунармандон» доир гардад. Ин Корвон ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ сафар намуда, ҳунармандонро муаррифӣ менамоянд,-гуфт зимни суҳбат ба мо Сафармоҳ Абдуллоева корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон.

Бунафшаи Абдураҳим

 


 

:.  Фарҳанг 07.03.2018 04:49 2037

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz