Аз меҳрномаи рӯзноманигор ва корманди «Суғдсинамо» Осими Ориф - яке аз шогирдони мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илми филологӣ, дотсент Дилбар Самадова дар бораи устодаш.
Неруи меҳри сухан
Волидони Дилбар дар деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чун шахсони обрӯманд шинохта буданд. Онҳо се писарро аз даст дода, баъдан соҳиби се духтар шуданд. Аммо падарро надоштани писар баъзан азият медод ва андуҳгин мекард. Дар ин лаҳзаҳо духтари мобайнӣ Дилбар, ки аз хурдсолӣ ба омӯхтани илм шавқи зиёд дошту ҳанӯз солҳои дар синфҳои шашуму ҳафтум хонданаш хабару мақолаҳояш дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба табъ мерасиданд, падару модарро тасаллӣ дода мегуфт: «Ҳеҷ парво накунед. Ман писари шумо мешавам. Ҳеҷ гоҳ танҳоятон намемонам». Воқеан, Дилбар дар дами пирӣ чароғи волидон буд ва дуои муборакашонро гирифту ба хонадони охират гуселашон кард.
Дар синфи ҳаштум мехонду зимистон барфи зиёде борида, болои боми гиландуди хонаашон ғарам шуда буд. Сехоҳарон бо белҳои калони чӯбин бомро аз барф тоза мекарданд. Дилбар ба боми шиферпӯши хонаҳои ҳамсоя бо ҳавас менигарист, ки сокинонашон аз ин «ташвиш» озод буданд. Аз модараш пурсид: «Барои чӣ боми хонаи мо шиферпӯш нест?» Модар нодорамиро далел овард. Дилбар аз номи волидон аризае навишт ва ба идорае, ки дар ҷамоат масъули ин кор буд, равон шуд. Худро журналист муаррифӣ намуд ва гуфт, ки дар сурати рад шудани талаби онон ба рӯзнома менависад. Роҳбари идора табассуме кард, ба маънии он, ки «эй духтарак, ту кӣ ҳастӣ, ки…». Рӯзи дигар устоҳо ба хонаашон омаданд ва дар чанд рӯз бомашонро шиферпӯш карданд. Шодии волидон ва хоҳаронаш ҳадду канор надошт. Дилбар дар бораи дастгирии масъулин мақолае дар рӯзнома навишт.
Боре гулуяш сахт дард кард ва назди пизишкаш бурданд. Пизишки ҳозиқ ба дарди ӯ даво бахшид. Дар бораи он табиб лавҳае навишт ва таҳсини ҳаммактабону аҳли деҳа ва волидонро сазовор гашт. Тасмим гирифт, ки дар оянда хонда, пизишк мешавад. Вале меҳри сухан ин тасмими ӯро тағйир дод. Хусусан, вақте ӯ солҳои охири мактабхонияш дар университети мухбирони коргару деҳқони назди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» таҳсил мекард ва маҳсули қаламаш пайваста дар рӯзномаҳо ба табъ мерасиданд, дигар тасмимашро ба ин пеша ихтисос дод.
Азбаски дар вилоят танҳо як донишкада буд ва дар он шуъба ё факултаи рӯзноманигорӣ амал намекард, ягона роҳи идомаи таҳсил дар Душанбе буд. Вале волидони деҳотӣ намехостанд, ки духтарашон дур аз онҳо бошад. «Ман ҳеҷ вақт сари шуморо хам намекунам, мехонаму диплом мегирам ва нигоҳбонатон мешавам», - исрор мекард Дилбар ва ниҳоят модар ӯро ба Душанбе бурд… Панҷ соли таҳсил барқвор гузашт. Дилбар Самадоваро, ки садҳо мақола чоп карда, чун рӯзноманигор маъруф гашта буд ва дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳам комёбиҳо дошт, устоди равоншод Воҳид Асрорӣ ба сифати муҳаққиқи коромӯз пазируфт. Модарро, ки панҷ соли ҷудоӣ аз фарзанди дилбанд басанда менамуд, ин тасмим писанд нашуд. Ба пойтахт омад, то духтарашро ба деҳа барад, дар ноҳияву вилоят ҳам кор бисёр барои духтари боҳунари ӯ! Аммо суҳбати хосаи профессор Воҳид Асрорӣ модарро қаноат дод, ки духтараш маҳз дар ҳамин боргоҳи бузург соҳибобрӯ мешавад. Дилбар Самадова таҳти роҳбарии профессор Воҳид Асрорӣ ба пажӯҳиш машғул шуд ва ҳамзамон дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳои таҳлилиашро иштишор медод.
Бозгашт ба Хуҷанд
Солҳои 90-ум Дилбар ба Хуҷанд омад. Сараввал дар яке аз телевизионҳои хусусии вилоят, ки «Темурмалик» ном дошт, ба кори эҷодӣ пардохт ва як силсила намоишҳои махсуси телевизиониро дар бораи ҳаёти муҳоҷирони дохилӣ, ки аз ҷанубу маркази кишвар ба шимол омада буданд, роҳандозӣ кард. Сипас, фаъолияти журналистияшро дар телевизиони вилояти Суғд идома дод. Барномаҳои вижаи ӯ «Нури зиндагӣ», «Ризқофарин» писанди тамошобинони сершумор гардиданд. Соли 2000 телевизиони «СМ-1» ба кор даъваташ намуд.
Соли 2001 Дилбар Самадова дар кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият пардохт.
Фаъолияти Дилбар Самадова танҳо бо омӯзгорӣ маҳдуд намешуд. Пайваста ба пажӯҳиш машғул гашта, ниҳоят соли 2015 рисолаи номзадияшро таҳти роҳбарии доктори илми филология, профессор Раъно Бобоҷониён дар мавзӯи «Мавқеи жанрҳои иттилоотӣ дар матбуоти маҳаллӣ (дар мисоли нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд» ва «Вароруд») ҳимоя кард.
Соли 2013 мудирии кафедраи рӯзноманигорӣ ва тарҷумониро ба уҳдааш гузоштанду кор куллан дигар шуд. Аз ҳисоби дастпарварони шуъба чандин нафар ба кори омӯзгорӣ ҷалб гардиданд, робитаи кафедра бо васоити ахбори оммаи вилоят ва берун аз он густариш ёфт. Муаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Маликахон Саидхоҷаева дар бораи тағйироту таҳаввулот дар кафедра баъди сари вазифа омадани Дилбар Самадова чунин гуфт:
- Агар ба таърих назар афканем, давоми бист соли фаъолияти кафедра зиёда аз 15 нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Аз ин миқдор 5 нафар дар замони мудирии муаллима Дилбар Самадова ба ҳимояи рисолаи номзадӣ мушарраф гардид. Дар муддати бист сол чаҳор маҷмӯаи мақолоти устодони кафедраи журналистикаи донишгоҳ ба чоп расид, ки аз байни инҳо маҷмӯаҳои «Неруи сухан» ва «Асрори сухан» дар се-чор соли охир рӯйи чопро диданд. Нашри дастуру воситаҳои таълим имрӯз низ чун пештара ҷузъи кори кафедра ба шумор меравад.
Дар вилояти Суғд миқдори расонаҳои гуногун, алалхусус, радиову телевизион рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Бо мақсади таъмини онон бо кадрҳои ҳирфаӣ Дилбар Самадова оид ба таъсиси студияи таълимӣ борҳо ба мақомоти марбута пешниҳоду дархост ирсол кард. Ниҳоят, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати донишгоҳ дар назди кафедра студияи таълимии «Фурӯғ» таъсис ёфт. Донишҷӯён баробари таҳсил, дар ин студия барномаҳо таҳия намуда, ба шабакаҳои гуногуни телевизионӣ манзур менамоянд.
Дилбар Самадова муаллифи беш аз 100 мақолаи илмиву публитсистӣ, иштирокчии беш аз 30 конфронси байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ мебошад. Ба давлатҳои Амрико, Лаҳистон, Олмон, Сербия, Албания, Финляндия, Австрия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон сафарҳои кориву илмӣ дошт. Шогирдони ӯ имрӯз дар дохили кишвару берун аз он фаъолияти бомуваффақона доранд.
Орзуҳо, нақшаҳо
Дотсент Дилбар Самадова комёбиҳои кафедраро ҳадди ниҳоӣ намеҳисобад ва мегӯяд:
-Бо дарназардошти талаботи замони муосир, хусусан, раванди ҷаҳонишавӣ ва авҷ гирифтани набардҳои иттилоотӣ моро мебояд, то рӯзноманигоронеро тарбия кунем, ки манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро дар сатҳи баланди касбӣ ва сиёсӣ ҳимоя карда тавонанд. Аз ин рӯ, ният ва имконият дорем, ки ду ихтисоси навро ҷорӣ кунем: рӯзноманигории байналмилалӣ (бо фарогирии забонҳои русӣ ва англисӣ), инчунин журналистикаи телевизион ва радио. Бовар дорем, ки моро дастгирӣ мекунанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд