09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РЕГИНА ГАТАУЛИНА: «НАВРӮЗ МЕТАВОНАД ШИНОСНОМАИ ТОҶИКОН БОШАД»

 

- То ҷое, ки иттилоъ дорам, Шумо аз шаҳри Бишкек ба Душанбе омада, ин ҷо дар риштаи сайёҳӣ фаъолият доред. Луфтан бигуед, ки кишвари моро чӣ гуна дарёфтед?

- Ба ман урфу анъанаи мардуми тоҷик басо писанд аст, мардумонаш меҳмоннавозу хайрхоҳанд. Ин ҷо табиати басо нодир, таърихи қадимии пурғановат, мероси бузурги адабӣ, таомҳои лазиз, анъанаҳои қадимӣ дар рагу пайванди мардуми тоҷик ҷорист, касро мутаҳайир месозад. Сари ҳар қадам мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, археологӣ ва табиати зеборо метавон вохӯрд, ки онҳо мероси бузурги мардуми тоҷик буда, дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ бояд талабгорони худро пайдо намоянд.

- Пешвои миллат, президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ба андешаи Шумо, ин ташаббус то куҷо метавонад барои ҷалби сайёҳон мусоидат кунад?

- Воқеан ҳам, ин тадбири хирадмандона мебошад. Зарур аст, ки дар ин самт масъулини соҳаи сайёҳӣ баъзе нозукиҳоро мадди назар гиранд. Барои ҷалби бештари сайёҳон чораҳоеро мебояд ҷуст, ки воқеан ҳам натиҷа диҳанд. Барои мисол Қирғизистон бо «Бозиҳои кӯчманчиён»-и худ ба ин кор муваффақ шуд, ки ба ин чорабинӣ мардумони зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон ҷамъ меоянд. Ӯзбекистон соли гузашта бо оши палови калонтарин ҳамаро ба ҳайрат овард. Яъне, Тоҷикистонро низ мебояд, то як шиносномаи хосеро дошта бошад, ки таваҷҷуҳи аҳли башар ба он нигаронида шавад, ба монанди манораи Эйфели Фаронса.

- Яъне ташфиқоту таблиғотро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кунем?

- Бале, дар ин кор сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар дигар кишварҳо метавонанд кӯмак кунанд. Дастурҳои сайёҳӣ бо забонҳои гуногун нашр кунанду миёни ширкатҳои сайёҳии дунё ва одамони оддӣ паҳн созанд. Ғайр аз ин, барои ҷалби бештари сайёҳон дар Тоҷикистон пайваста фестивалҳои миллии гуногуне доир намоянд, ба мисли фестивали анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, фестивали харбуза, тарбуз, оши палов, фестивали нон, ангур, каду, сабзавот, ҳатто фестивали хурморо метавон пешниҳод кард. Дар донишгоҳҳо барномаҳои мубодилаи донишҷӯёнро метавон пиёда сохт, то донишҷӯёни дигар мамлакатҳо оид ба Тоҷикистон бештар иттилоъ пайдо намоянд.

- Соҳаи сайёҳии кишвар имрӯз бо кадом мушкил рӯбарӯст?

- Барои рушди сайёҳӣ мушкилоти ҷиддӣ – ин норасоии мутахассисони касбии соҳа аст, яъне системаи ягонаи таълими ҳайати кормандони соҳаи сайёҳӣ зарур аст, шурӯъ аз роҳбаладон, менеҷерони ширкатҳои сайёҳӣ то пешхизматону менеҷерони меҳмонхонаҳо. Ҳамчунин дар донишгоҳҳо кафедраҳои сайёҳиро метавон ба факултаҳо табдил дода, мураббиёни хориҷиро ба кор ҷалб ва аз назария дида ба амалия бештар таваҷҷуҳ кард. Ҳамчунин дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис додани сохтори ягонаи таълим ва аккредитатсияи кормандони соҳаи сайёҳӣ, ки ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд, бамаврид аст.

Ситора Ашӯрова

 

:.  Фарҳанг 02.03.2018 09:49 1424

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz