Байти мазкур ифодагари нақши муассири китоб ва нуфузу мақоми он дар ҳаёти мардумони тамаддунофари мо арзёбӣ мегардад. Бад-ин сон шавқу таваҷҷуҳ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба китобу китобхонӣ буд, ки гузаштагони мо бо эҷоди асарҳои ҷаҳонгиру кашфиётҳои беназирашон дар риштаҳои гуногун илми Шарқро ба авҷи аъло расониданд.
Бунёди китобхонаҳои бузург дар шаҳрҳои маъмурии кишвар, аз иқдомҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолист, ки ба ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба китобхонӣ равона гардида, баҳри бедор сохтани ҳисси китобдӯстии насли наврас нақши муҳим мебозад. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани ин хазинаҳои пурмаъонӣ дар шаҳру марказҳои вилоятҳои мамлакат, ҳаминак, ба беҳбудии вазъи китобхонаҳои навоҳии дурдаст ва афзун намудани хазинаи онҳо бо адабиёти тозанашр таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Бинобар иттилои Раъно Ҳайдарова, директори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, афзоиши теъдоди хонандагон ба таъминоти саривақтии китобхонаҳои оммавӣ аз адабиёти тозанашр алоқамандӣ дорад. Бо назардошти талаботи хонандагон аз соли 2014 инҷониб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соле то 8 ҳазор сомонӣ барои дарёфти адабиётҳои нав ҷудо менамояд.
- Айни замон хазинаи умумии адабиётҳои бадеии китобхонаҳои ҳудуди ноҳия ба 177 ҳазору 71 адад мерасад, ки аз ин 55 ҳазору 663 нусха тоҷикӣ, 84ҳазор 320 нусха русӣ ва 37 ҳазору 188 нусхаи онро китобҳои бо дигар забонҳо нашршуда ташкил медиҳанд, - қайд мекунад Р.Ҳайдарова.
Мавлуда Шуҳратзода, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баъди ба нафақа баромадан вақти бештари худро дар толори хониши китобхонаҳои ноҳия мегузаронад.
- Солҳое, ки ман ҷавон будам ба шахсияти одамон ва мартабаи хонаводаҳо аз рӯи ҷевонҳои пуркитоби оила баҳо медоданд,- гузаштаро ба ёд меорад Мавлудабону, - мутаассифона, имрӯз меъёру арзишҳои зиндагӣ тағйир ёфтааст, дар дохил ҷевонҳои мо ҷойи китобро зарфҳои гуногуни шишагӣ гирифтааст. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи давлатдории миллии тоҷиконро идома бахшида, ба бунёди китобхонаҳои бузург ва рушди соҳаи китобдорӣ аҳаммияти зиёд медиҳанд. Табъу нашри садҳо номгӯи адабиётҳои таърихию осори пурғановати адибони классикии форсу тоҷик шаҳодат аз он медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ҷалби сокинон ба китобу китобхонӣ талош доранд.
- Таваҷҷуҳи беандозаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ба китобу китобхонӣ маҳз баъди ба истифода додани Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, зиёд гардидааст,- иброз дошт зимни суҳбат Тутиннисо Юсупова, директории китобхонаи мазкур.
Ба гуфти мавсуф хазинаи ин боргоҳи маърифат ба 100 ҳазор китоб мерасад, ки дар як соли охир беш аз беш аз 35 ҳазор хонандагон аз ин адабиёти пурғановат баҳравар гардидаанд. Ба хотири ҷалби бештари сокинони вилоят ба китобхонаи мазкур 12 номгӯи маҳфилу чорабиниҳои доимамалкунандаи фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН